Сабаби марги ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон Аловуддин Абдуллоев маълум шуд

© Саҳифаи Аловуддин Абдуллоев дар ФейсбукАловуддин Абдуллоев, акс аз бойгонӣ
Аловуддин Абдуллоев, акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 17.02.2022
Обуна шудан
Хабари даргузашти ҳунарпеша ва ҳаҷвнигори маъруф тамоми Тоҷикистонро такон дод
ДУШАНБЕ, 17 фев — Sputnik. Дар Тоҷикистон ҳаҷвнигори маъруф, коргардони театр ва синамо Аловуддин Абдуллоев даргузашт.
Дӯстони ҳунарманд ба Sputnik Тоҷикистон сабаби марги Аловуддин Абдуллоевро сактаи қалбӣ унвон карданд.
Маросими дафни ҳунарманд ва маросими видоъ дар нимаи дувуми рӯзи 17 феврал дар шаҳри Бохтар баргузор мешавад.
Барои гусели ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон мардуми зиёд, аз ҷумла намояндагони мақомот ва фарҳангиён гирд омаданд.
Ҳунарпешаи театр ва синамо субҳи 17 феврал дар синни 56-солагӣ даргузашт.
Умер актер Аловуддин Абдуллозода - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 17.02.2022
Ҳақдодов: Даргузашти Аловуддин талафоти бузурги миллат аст
Абдуллоев дар даҳҳо филм, аз ҷумла: "Туҳмат", "Чоҳ", "Номи рост", "Шоҳид", "Интихоби ман" ширкат кардааст.
Дар ин миён ӯ дар чандин намоишномаҳои театрӣ, назири "Антигона", "Бозиҳои аҷиб", "Аршин Малалон", "Лаку Пак", "Давлати Сомониён" ва филмҳои маъруфи "Бародар", "Падари моҳтобӣ", "Туҳмат", "Қиёми рӯз" ва ғайра нақшофаринӣ кардааст.
Ӯ дар охири умраш ба ҳайси намояндаи доимии Тоҷикистон дар ҳайати доварони озмуни истеъдодҳои Осиёи Марказӣ маъруфияти нав пайдо кард.
Аловуддин Абдуллоев - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 17.02.2022
Ҳамдардии Вазорати фарҳанг ба хонаводаи Аловуддин Абдуллоев
Вазорати фарҳанги Тоҷикистон дар робита ба даргузашти Ҳунарманди халқии кишвар Аловуддин Абдуллоев ба хонавода ва наздикони ӯ изҳори ҳамдардӣ кардааст.
Аловуддин Абдуллоев моҳи январи соли 2019 сардори Раёсати фарҳанги вилояти Хатлон таъин шуд. Қабл аз ин ӯ солҳои зиёд раҳбарии театри мазҳакаи мусиқии ба номи Ато Муҳаммадҷонови вилояти Хатлон дар шаҳри Бохтарро бар уҳда дошт.
Ӯро ҳамчун коргардони филмҳои мустанад ва ҳунарпеша мешиносанд, аммо ба шарофати ҳаҷвҳояш дар байни мардум шуҳрати зиёд пайдо кардааст.
Намоиши "Шӯхиҳои Аловуддин" ба ҳунарманди тоҷик шӯҳрати бештар овард. Худи ҳаҷвнигори шуҷоъ саҳнаҳоро эҷод ва ба саҳна гузошта, тамоми персонажҳоро бозӣ мекард.
Лентаи хабарҳо
0