https://sputnik.tj/20220222/kohish-qurb-rubl-tojikiston-1046132881.html
Коҳиши рекордии қурби рубл дар Тоҷикистон: дар як рӯз то панҷ сомонӣ поин рафт
Коҳиши рекордии қурби рубл дар Тоҷикистон: дар як рӯз то панҷ сомонӣ поин рафт
Sputnik Тоҷикистон
Арзиши рубли русӣ дар як рӯз дар баробари асъори тоҷикӣ панҷ сомонӣ коҳиш ёфт ва ин аввалин поинравии якбораи рубл дар шабонарӯз давоми соли ҷорист
2022-02-22T09:00+0500
2022-02-22T09:00+0500
2022-02-22T12:47+0500
қурби асъор
рубл
доллар
евро
сомонӣ
дар тоҷикистон
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102963/00/1029630086_0:160:3073:1888_1920x0_80_0_0_1b63c9980e3d2881fc52434804529c4a.jpg
ДУШАНБЕ, 22 фев — Sputnik. Бонки миллии Тоҷикистон арзиши сомониро нисбат ба асъори хориҷӣ эълон кард.Тибқи нишондоди Бонки миллии Тоҷикистон, арзиши рубли русӣ дар бозори арзи кишвар шадидан коҳиш ёфта ва ҳоло 1000 рубл 144 сомонӣ арзиш дорад.Ин дар ҳолест, ки як рӯз қабл дар кишвар 1000 рубл 149 сомонӣ арзиш дошт.Қурби рубл охирин бор ба ҳадди ниҳоияш тирамоҳи соли 2021 расида буд, ки он замон 1000 рубл 159 сомонӣ арзиш дошт. Ин асъор сар аз соли ҷорӣ дар ҳоли ноустуворӣ қарор дорад.Арзиши асъори аврупоӣ бошад, пас аз болоравӣ дар оғози сол ахиран поин рафта, боз дар ҳолати шинокунанда қарор гирифт.Ҳоло дар бозори арзи кишвар бар ивази як евро 12.8266 сомонӣ медиҳанд, ки дар баробари рӯзи қаблӣ (12.8413) боз коҳиш ёфтааст.Охирин нишондиҳандаи баланди пули аврупоӣ рӯзи 14-уми январ сурат гирифт, ки 1 евро то 12.9577 сомонӣ боло рафта буд.Қурби пули амрикоӣ ҳамоно устувору бетағйир аст. Арзиши як доллар дар Тоҷикистон ҳоло ба 11,30 сомонӣ баробар аст.
https://sputnik.tj/20220202/raisi-bonki-milli-qurbi-somoni-dollar-mutadil-1045434287.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102963/00/1029630086_170:0:2901:2048_1920x0_80_0_0_dd819a7e26a1e69b7e3255148f50e495.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
коҳиш қурб рубл тоҷикистон
коҳиш қурб рубл тоҷикистон
Коҳиши рекордии қурби рубл дар Тоҷикистон: дар як рӯз то панҷ сомонӣ поин рафт
09:00 22.02.2022 (Навсозишуда: 12:47 22.02.2022) Арзиши рубли русӣ дар як рӯз дар баробари асъори тоҷикӣ панҷ сомонӣ коҳиш ёфт ва ин аввалин поинравии якбораи рубл дар соли ҷорист
ДУШАНБЕ, 22 фев — Sputnik. Бонки миллии Тоҷикистон арзиши сомониро нисбат ба асъори хориҷӣ эълон кард.
Тибқи нишондоди Бонки миллии Тоҷикистон, арзиши рубли русӣ дар бозори арзи кишвар шадидан коҳиш ёфта ва ҳоло 1000 рубл 144 сомонӣ арзиш дорад.
Ин дар ҳолест, ки як рӯз қабл дар кишвар 1000 рубл 149 сомонӣ арзиш дошт.
Қурби рубл охирин бор ба ҳадди ниҳоияш тирамоҳи соли 2021 расида буд, ки он замон 1000 рубл 159 сомонӣ арзиш дошт. Ин асъор сар аз соли ҷорӣ дар ҳоли ноустуворӣ қарор дорад.
Арзиши асъори аврупоӣ бошад, пас аз болоравӣ дар оғози сол ахиран поин рафта, боз дар ҳолати шинокунанда қарор гирифт.
Ҳоло дар бозори арзи кишвар бар ивази як евро 12.8266 сомонӣ медиҳанд, ки дар баробари рӯзи қаблӣ (12.8413) боз коҳиш ёфтааст.
Охирин нишондиҳандаи баланди пули аврупоӣ рӯзи 14-уми январ сурат гирифт, ки 1 евро то 12.9577 сомонӣ боло рафта буд.
Қурби пули амрикоӣ ҳамоно устувору бетағйир аст. Арзиши як доллар дар Тоҷикистон ҳоло ба 11,30 сомонӣ баробар аст.