https://sputnik.tj/20220202/raisi-bonki-milli-qurbi-somoni-dollar-mutadil-1045434287.html
Раиси Бонки миллӣ қурби сомониро нисбат ба доллар муътадил арзёбӣ кард
Раиси Бонки миллӣ қурби сомониро нисбат ба доллар муътадил арзёбӣ кард
Sputnik Тоҷикистон
Раиси Бонки миллии Тоҷикистон қурби расмии сомонӣ нисбат ба долларро муътадил арзёбӣ кард ва гуфт устувории пули миллӣ дар соли гузашта нигоҳ дошта шуд
2022-02-02T21:00+0500
2022-02-02T21:00+0500
2022-02-02T21:00+0500
дар тоҷикистон
бонки миллӣ
қурб
доллар
сомонӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/0a/16/1043035859_0:57:800:507_1920x0_80_0_0_f17034e4792c83eaad9c6d87b19c4e4e.jpg
ДУШАНБЕ, 2 фев — Sputnik. Ҳоким Холиқзода, раиси Бонки миллӣ зимни нишасти матбуотӣ гуфт, ки қурби расмии сомонӣ нисбат ба доллари амрикоӣ то 31 декабри соли гузашта муътадил арзёбӣ гардида, устувории пули миллӣ — сомонӣ нигоҳ дошта шуд.Вай афзуд, маҷмуи маҳсулоти дохилии кишвар (ММД) дар соли гузашта бо арзиши номиналӣ ба зиёда аз 98 миллиард сомонӣ баробар гардида, афзоиши воқеии он 9,2 фоизро ташкил дод, ки рушди воқеӣ нисбат ба соли қаблӣ 4,7 банди фоизӣ зиёд мебошад.Ҳамзамон Ҳоким Холиқзода қайд кард, ки сатҳи таваррум соли гузашта дар доираи нишондиҳандаи якрақама ҷамъбаст гардида, 8,0 фоизро ташкил намуд, ки ин дар доираи ҳадафи муқарраршудаи Бонки миллии Тоҷикистон қарор дорад ва асосан дар натиҷаи болоравии нархи хӯрокворӣ 7,3 фоиз, маҳсулоти ғайрихӯрокӣ 7,5 фоиз ва арзиши хидматрасониҳои пулӣ ба аҳолӣ 11,3 фоиз ба амал омад.Вай гуфт, ин нишондиҳанда нисбат ба соли 2020 ба андозаи 1,4 банди фоизӣ паст мебошад.Холиқзода афзуд, Бонки миллии Тоҷикистон бо мақсади нигоҳ доштани сатҳи муътадили нархҳо дар раванди танзими ҳаҷми пул сиёсати мутавозини пулию қарзиро тавассути механизми фишангҳои худ барои маҳдуд сохтани таъсири омилҳои монетарӣ ба нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ амалӣ намуда истодааст.
https://sputnik.tj/20220120/asori-amriko-imsol-1044991887.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/0a/16/1043035859_24:0:776:564_1920x0_80_0_0_718a70a37f46bd61c854a2ce04677d23.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, пули миллӣ, сомонӣ, доллар, муътадил, қурб, бонки миллӣ
тоҷикистон, пули миллӣ, сомонӣ, доллар, муътадил, қурб, бонки миллӣ
Раиси Бонки миллӣ қурби сомониро нисбат ба доллар муътадил арзёбӣ кард
Раиси Бонки миллии Тоҷикистон қурби расмии сомонӣ нисбат ба долларро муътадил арзёбӣ кард ва гуфт, устувории пули миллӣ дар соли гузашта ҳифз шудааст
ДУШАНБЕ, 2 фев — Sputnik. Ҳоким Холиқзода, раиси Бонки миллӣ зимни нишасти матбуотӣ гуфт, ки қурби расмии сомонӣ нисбат ба доллари амрикоӣ то 31 декабри соли гузашта муътадил арзёбӣ гардида, устувории пули миллӣ — сомонӣ нигоҳ дошта шуд.
“Беқурбшавӣ умуман ба назар нарасид”, - гуфт раиси Бонки миллӣ дар нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон.
Вай афзуд, маҷмуи маҳсулоти дохилии кишвар (ММД) дар соли гузашта бо арзиши номиналӣ ба зиёда аз 98 миллиард сомонӣ баробар гардида, афзоиши воқеии он 9,2 фоизро ташкил дод, ки рушди воқеӣ нисбат ба соли қаблӣ 4,7 банди фоизӣ зиёд мебошад.
“Афзоиши ММД аз ҳисоби истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ 22, кишоварзӣ 6,6, сохтмон 23,3, гардиши савдои чакана 12,7 ва хизматрасониҳои пулӣ 7,9 фоиз таъмин гардид”, - гуфт раиси БМТ.
Ҳамзамон Ҳоким Холиқзода қайд кард, ки сатҳи таваррум соли гузашта дар доираи нишондиҳандаи якрақама ҷамъбаст гардида, 8,0 фоизро ташкил намуд, ки ин дар доираи ҳадафи муқарраршудаи Бонки миллии Тоҷикистон қарор дорад ва асосан дар натиҷаи болоравии нархи хӯрокворӣ 7,3 фоиз, маҳсулоти ғайрихӯрокӣ 7,5 фоиз ва арзиши хидматрасониҳои пулӣ ба аҳолӣ 11,3 фоиз ба амал омад.
Вай гуфт, ин нишондиҳанда нисбат ба соли 2020 ба андозаи 1,4 банди фоизӣ паст мебошад.
Холиқзода афзуд, Бонки миллии Тоҷикистон бо мақсади нигоҳ доштани сатҳи муътадили нархҳо дар раванди танзими ҳаҷми пул сиёсати мутавозини пулию қарзиро тавассути механизми фишангҳои худ барои маҳдуд сохтани таъсири омилҳои монетарӣ ба нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ амалӣ намуда истодааст.