https://sputnik.tj/20220221/maqomot-halli-masalai-qarzdorii-muzdi-mehnat-1046102711.html
Мақомот ҳалли масъалаи қарздорӣ аз музди меҳнатро баррасӣ кард
Мақомот ҳалли масъалаи қарздорӣ аз музди меҳнатро баррасӣ кард
Sputnik Тоҷикистон
Дар шаҳри Хуҷанд ҷаласае баргузор шуд, ки дар он масъалаи ҳалли масъалаи қарздории музди меҳнати кормандони соҳаҳои иқтисоди ҷумҳурӣ баррасӣ шуд
2022-02-21T15:40+0500
2022-02-21T15:40+0500
2022-02-21T20:08+0500
дар тоҷикистон
музди меҳнат
маош
ситод
ширин амонзода
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/09/02/1031833302_0:156:3001:1844_1920x0_80_0_0_740e6ea0dee6e39e12083d67ad330ead.jpg
ДУШАНБЕ, 21 фев — Sputnik. Дар шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд таҳти раёсати Ширин Амонзода, вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон ҷаласаи сайёри Ситоди кории назди вазорат вобаста ба бартарафсозии қарздории музди меҳнат баргузор гардид.Вазир дар ин ҷаласа қайд кардааст, ки масъалаи сари вақт пардохт намудани музди меҳнати кормандони соҳаҳои иқтисоди ҷумҳурӣ таҳти назорати доимии Ҳукумати Тоҷикистон қарор дорад.Дар ҷаласаи мазкур сабабу омилҳои сари вақт пардохт намудани музди меҳнат дар ташкилотҳо мавриди баррасӣ қарор дода шуд.Аз ҷумла қайд карда шудааст, ки кори ситодҳои доимоамалкунандаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ дар робита ба пешгирӣ ва бартарафсозии қарздории музди меҳнат зери назорати қатъӣ гирифта мешаванд.“Аз ситодҳо талаб карда мешавад, ки ҳар се моҳ аз натиҷаи чораҳои андешидашуда ба Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба бартарафсозии қарздории музди меҳнати назди Вазорат маълумот пешниҳод намоянд”, - таъкид кардааст Ширин Амонзода.Ҳамчунин манбаъ илова кардааст, ки дар ҳолатҳои зарурӣ Ситоди кории назди вазорат бо ситодҳои доимоамалкунандаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо гузаронидани ҷаласаҳои муштаракро идома медиҳад.
https://sputnik.tj/20220122/tojikiston-muzdi-mehnat-ziyod-1045059513.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/09/02/1031833302_166:0:2833:2000_1920x0_80_0_0_cac56c67e1215f65e3c39c79e2869a45.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, хуҷанд, ҷаласа, ситод, музди маош, музди меҳнат, қарздорӣ
тоҷикистон, хуҷанд, ҷаласа, ситод, музди маош, музди меҳнат, қарздорӣ
Мақомот ҳалли масъалаи қарздорӣ аз музди меҳнатро баррасӣ кард
15:40 21.02.2022 (Навсозишуда: 20:08 21.02.2022) Дар шаҳри Хуҷанд ҷаласае баргузор шуд, ки дар он ҳалли масъалаи музди меҳнати кормандони соҳаҳои иқтисоди ҷумҳурӣ баррасӣ шуд
ДУШАНБЕ, 21 фев — Sputnik. Дар шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд таҳти раёсати Ширин Амонзода, вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон ҷаласаи сайёри Ситоди кории назди вазорат вобаста ба бартарафсозии қарздории музди меҳнат баргузор гардид.
Вазир дар ин ҷаласа қайд кардааст, ки масъалаи сари вақт пардохт намудани музди меҳнати кормандони соҳаҳои иқтисоди ҷумҳурӣ таҳти назорати доимии Ҳукумати Тоҷикистон қарор дорад.
Дар ҷаласаи мазкур сабабу омилҳои сари вақт пардохт намудани музди меҳнат дар ташкилотҳо мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
“Дар ин ҷаласа аз ҷониби Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон ба масъулин супоришҳои мушаххас дода шуд”, - таъкид кардааст манбаъ.
Аз ҷумла қайд карда шудааст, ки кори ситодҳои доимоамалкунандаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ дар робита ба пешгирӣ ва бартарафсозии қарздории музди меҳнат зери назорати қатъӣ гирифта мешаванд.
“Аз ситодҳо талаб карда мешавад, ки ҳар се моҳ аз натиҷаи чораҳои андешидашуда ба Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба бартарафсозии қарздории музди меҳнати назди Вазорат маълумот пешниҳод намоянд”, - таъкид кардааст Ширин Амонзода.
Ҳамчунин манбаъ илова кардааст, ки дар ҳолатҳои зарурӣ Ситоди кории назди вазорат бо ситодҳои доимоамалкунандаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо гузаронидани ҷаласаҳои муштаракро идома медиҳад.