Дар Тоҷикистон музди меҳнат зиёд мешавад: аз кӣ ва чӣ қадар

Обуна шудан
Ба хотири ҳифзи аҳолӣ аз оқибатҳои ҳамагирӣ дар соли 2022 мушди меҳнати кормандони аксари бахшҳои иҷтимоӣ зиёд мешавад
Яке аз аввалин фармонҳое, ки Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, дар соли 2022 тасвиб кардааст, санадест, ки бар асоси он маош ва нафақа боло бурда мешавад.
Бино ба иттилои хадамоти матбуотии президенти Тоҷикистон, музди меҳнати кормандони бахшҳои зер баланд карда мешавад: кормандони мақомоти қудратӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, кормандони соҳаи маориф, илм, фарҳанг, соҳаҳои иҷтимоӣ, муассиса ва ташкилотҳое, ки маоши онҳо ба музди хизматчиёни давлатӣ баробар аст.
Инчунин, аз 1 июли соли 2022 стипендия барои донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбӣ 20 фоиз зиёд мешавад.
Дастури Эмомалӣ Раҳмон ба вазирон барои пардохти саривақтии нафақа
Ва ҳадди ақали музди меҳнат аз 1 июли соли 2022 барои тамоми бахшҳои иқтисод ва соҳаи иҷтимоии кишвар 600 сомонӣ дар як моҳ муқаррар карда мешавад.
Маоши кормандони низомиён ва пулис аз аввали сол 25 дарсад афзоиш ёфта, пардохтҳо ба кӯдакони ятиму бепарастор низ афзоиш хоҳад ёфт. Барои ҳифзи иҷтимоии аҳолй аз буҷети давлатй беш аз 1,6 миллиард сомонӣ ҷудо карда мешавад.
Лентаи хабарҳо
0