Дар Донбасс чӣ мегузарад: вазъияти субҳи рӯзи якшанбе

© Пресс-служба МЧС РФ / Гузариш ба медиабонкБеженцы из ДНР и ЛНР в Ростовской области
Беженцы из ДНР и ЛНР в Ростовской области - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 20.02.2022
Обуна шудан
Вазъият дар вилояти Ростов чӣ гуна сурат аст, барои ҷойгир кардани шаҳрандони кӯчонидашуда чӣ чораҳо андешида мешавад ва дар рӯзҳои наздик чиро интизор бояд шуд, аз масоили матраҳ дар ин матлаби Sputnik мебошанд
ДУШАНБЕ, 20 фев– Sputnik. Вазъият дар ҶХД ва ҶХЛ шоми 18 феврал, пас аз таркиши мошини сардори милитсияи мардумии ҶХД Денис Синенков дар Донетск вахим шуд.
Сарони ҷумҳуриҳои мардумии худхондаи Донетск ва Луганск аз кӯч додани шаҳрвандон ба вилояти Ростов хабар доданд. Инчунин дар ҳар ду ҷумҳурӣ басичи умумӣ эълон шудааст.

Тирпаронӣ давом дорад

"Дар шабонарӯзи гузашта аз ҷониби Қувваҳои Мусаллаҳи Украина 49 ҳолати вайрон кардани режими оташбас, аз ҷумла бо истифода аз аслиҳаи вазнин ба қайд гирифта шудааст", - гуфта мешавад дар паёме, ки дар шабакаи "Telegramm"-и намояндагии ҶХЛ дар Русия ва Маркази муштараки назорат ва ҳамоҳангсозии оташбаси режим нашр шудааст.
Генеральный секретарь Организации Договора о коллективной безопасности Станислав Зась - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 20.02.2022
Дабири кулли СААД пешниҳод кард, ки ба Донбасс нерӯҳои посдори сулҳ фиристода шаванд
Бояд гуфт, 27 маҳаллаи аҳолинишини ин ҷумҳуриҳо дар зери оташи нерӯҳои амниятии Украина қарор гирифтааст. Дар навбати худ намояндагии ҶХД ва маркази мазкур хабар дод, ки аз аввали рӯз 11 маҳалли аҳолинишин ҳадаф қарор гирифта, дар қаламрави ҶХД 162 хумпора ва минаҳои калибрии 82—122-миллиметрии партоб шудааст.
Оператори мобилии Луганск "Лугаком" аз эҳтимоли қатъ шудани алоқа ва интернет дар тамоми қаламрави ҶХЛ дод.илии Украина ҳангоми сафар ба хатти ҷабҳа зери оташи миномёт қарор гирифта нд.
Оператори мобилии Луганск "Лугаком" аз эҳтимоли қатъ шудани алоқа ва интернет дар тамоми қаламрави ҶХЛ хабар дод.

Муҳоҷират ба Русия

Дар гузаргоҳи Успенкаи вилояти Ростов барои гурезагон аз ҶХД ва ҶХЛ урдӯгоҳ ташкил карда шудааст. Вазорати ҳолатҳои изтирории Русия ба гурезаҳои ҶХД ва ҶХЛ кумаки равонӣ мерасонад, дар вилояти Ростов беш аз 30 равоншинос ба кор ҷалб шудаанд.
Пограничная вышка наблюдения на на белорусско-украинской границе, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 19.02.2022
Партоби гулӯлаҳо ба Ростов аз қаламрави Украина: ФСБ таъйид кард
Дар давоми як шабонарӯз аз ҷониби равоншиносон дар 400 ҳолат ба паноҳандаҳо кумак расонида ва ба телефони боварӣ 138 занг ворид шуд.

Дар ҷустуҷӯи роҳҳал

Президенти Фаронса Эммануэл Макрон рӯзи якшанбе бояд ба президенти Русия Владимир Путин занг занад. Қаблан Владимир Зеленский, раисҷумҳури Украина гуфта буд, ки бо Макрон авҷ гирифтани авзоъ дар Донбасс ва роҳҳои коҳиши фаврии вазъро баррасӣ кардааст.
Иттиҳодияи Аврупо тирпаронӣ дар Донбассро маҳкум кард ва онро нақзи созишномаҳои Минск номид. Ҷо Байден, раисҷумҳури Амрико қасд дорад, рӯзи якшанбе бо Шӯрои амнияти миллӣ дар мавриди авзоъ дар Украина мулоқот кунад.
Лентаи хабарҳо
0