Дабири кулли СААД пешниҳод кард, ки ба Донбасс нерӯҳои посдори сулҳ фиристода шаванд

© Пресс-служба МИД РФ / Гузариш ба медиабонкГенеральный секретарь Организации Договора о коллективной безопасности Станислав Зась
Генеральный секретарь Организации Договора о коллективной безопасности Станислав Зась - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 20.02.2022
Обуна шудан
Станислав Зас қайд кард, ки имкони фиристодани нерӯҳои посдори сулҳи СААД ба Донбасс бо ризоияти Киев ва СММ имконпазир аст
ДУШАНБЕ, 20 фев– Sputnik. Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ метавонад дар шароити ташдиди вазъ нерӯҳои посдори сулҳро ба Донбасс бифиристад, гуфт дабири кулли СААД Станислав Зас хабар медиҳад РИА "Новости".

"Фарзан, инро бо иродаи нек аз ҷониби Украина тасаввур кардан мумкин аст, зеро ин қаламрави он аст, агар мандати Шӯрои амнияти СММ вуҷуд дошта бошад ва дар сурати зарурат ин тасмим аз ҷониби ҳама дастгирӣ хоҳад ёфт", - изҳор дошт Зас.

Ба гуфтаи Зас, роҳи ҳалли вазъро тавассути гуфтугӯ бояд ҷустуҷӯ кард.
"Бояд фаҳмиши зарурати сари миз нишастан ва барои ба мувофиқа расидани чизе вуҷуд дошта бошад. Ин як воқеияти нав аст", - гуфт дабири кул.
Вай афзуд, СААД ва аъзои он ҳамеша ҳар тасмими марбут ба истифодаи нерӯро бодиққат арзёбӣ мекунанд, дар сурати зарурат созмон метавонад ба зудӣ нерӯҳои посдори сулҳро эъзом кунад.
Пограничная вышка наблюдения на на белорусско-украинской границе, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 19.02.2022
Партоби гулӯлаҳо ба Ростов аз қаламрави Украина: ФСБ таъйид кард
"Бовар кунед, мо метавонем ба қадри лозим нерӯ фиристем. Агар ба мо 300 ҳазор лозим бошад, мефиристем, агар 17 ҳазор лозим бошад, мефиристем. Агар бештар лозим бошад, бештар мефиристем. Ба қадри лозим", - гуфт Зас.
Рӯзи панҷшанбе вазъ дар Донбасс муташанниҷ шуд, ҷумҳуриҳои худхондаи Донетск ва Луганск аз даҳҳо ҳамлаи нерӯҳои амниятии Украина хабар доданд.
Лентаи хабарҳо
0