https://sputnik.tj/20220219/aftodani-gululah-rostov-qalamravi-ukraine-1046058010.html
Партоби гулӯлаҳо ба Ростов аз қаламрави Украина: ФСБ таъйид кард
Партоби гулӯлаҳо ба Ростов аз қаламрави Украина: ФСБ таъйид кард
Sputnik Тоҷикистон
Мақомоти марзбонии Русия афтидани ду гулӯла ба ҳудуди вилояти Ростов аз қаламрави Украинаро таъйид кардаанд
2022-02-19T21:00+0500
2022-02-19T21:00+0500
2023-10-02T17:09+0500
дар русия
амният ва мудофиа
партоб
ростови лаби дон
парванда
украина
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/08/0a/1041577768_0:0:3006:1691_1920x0_80_0_0_4e65845a04ef61dad980e9cf9887d43c.jpg
ДУШАНБЕ, 19 фев– Sputnik. Ду гулӯла дар қаламрави ноҳияи Тарасови вилояти Ростов таркиданд, хабар дод РИА "Новости" бо такя ба манобеаш дар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ. Манбаъ афзуд, ки мақомоти марзбонии Хадамоти федералии амният дар Ростов низ партоби ду гулӯларо таъйид кардаанд. Манбаъ изҳор доштааст, ки таркиши аввали гулӯла ҳудуди соати 4:00 дар наздикии маҳаллаи Митякинский рух додааст. Таркиш дар фосилаи 300-метрӣ аз манзили истиқоматӣ ба вуқуъ пайвастааст. Таъкид мешавад, ки талафоте дар пай надоштааст. Дар ҳамин ҳол мақомоти тафтишотии Русия изҳор доштанд, ки аз рӯи ҳолати мазкур парвандаи ҷиноӣ оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад. Ин дар ҳолест, ки тайи ду рӯзи охир вазъ дар Донбасс шиддат гирифта истодааст. Мақомоти ҷумҳуриҳои худхондаи Луганск ва Донетск мегӯянд, мавзеъҳояшон ҳадафи нерӯҳои украинӣ қарор гирифтаанд. Мақомоти умури хориҷии бархе кишварҳои аврупоӣ дар пайи шиддат гирифтани вазъ дар Донбасс аз шаҳрвандонаш хостаанд, тарки Украина кунанд. Аз ҷумла Австрия ва Олмон қотеона тавсия додаанд, ки шаҳрвандонашон ба далоили амниятӣ аз Украина хориҷ шаванд. Худи мақомдорони ҷумҳуриҳои худхондаи Луганск ва Донетск рӯзи 18-уми феврал ба тахлияи аҳолии осоишта оғоз карда, аз нияти Киев барои оғози амалиёти низомӣ ҳушдор доданд.Роҳбарияти вилояти Ростови Русия ба далели зиёд будани гурезаҳо аз Донбасс дар қаламраваш вазъияти фавқулодда эълон карда, барои омадаҳо бошишгоҳҳои муваққатӣ сохтаанд.Вақтҳои охир Ғарб Маскавро дар омодагӣ ба "ҳуҷум" ба Украина айбдор мекунад. Русия ин иддаоро бепоя хонда, изҳор медорад, ки он ҳамчун баҳона барои таҳкими ҳузур дар Аврупои Ғарбӣ истифода мешавад.Мухолифатҳо дар шарқи Украина беш аз 7,5 соли охир идома доранд, ки ба иттилои СММ, зиёда аз 13 ҳазор нафар қурбонӣ бар ҷой гузоштаанд.Мақомоти Русия таъкид ба он мекунанд, ки Киев созишномаи Минскро риоя намекунад. Ин санад қатъи оташбас, қафо бурдани аслиҳаи вазнини ҷангӣ аз хатти баҳамоӣ ва гузарондани ислоҳоти конститутсиониро пешбинӣ мекунад.
https://sputnik.tj/20220219/shiddati-vaz-donbass-takhliyai-safarbarsozii-mardon-1046047950.html
ростови лаби дон
украина
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/08/0a/1041577768_296:0:2927:1973_1920x0_80_0_0_ea9611906774015c6ca214fd3322665c.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
афтидан, гулӯла, ростов, украина
афтидан, гулӯла, ростов, украина
Партоби гулӯлаҳо ба Ростов аз қаламрави Украина: ФСБ таъйид кард
21:00 19.02.2022 (Навсозишуда: 17:09 02.10.2023) Мақомоти марзбонии Русия афтидани ду гулӯла ба ҳудуди вилояти Ростов аз қаламрави Украинаро таъйид кардаанд
ДУШАНБЕ, 19 фев– Sputnik. Ду гулӯла дар қаламрави ноҳияи Тарасови вилояти Ростов таркиданд, хабар дод РИА "Новости" бо такя ба манобеаш дар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ.
Манбаъ афзуд, ки мақомоти марзбонии Хадамоти федералии амният дар Ростов низ партоби ду гулӯларо таъйид кардаанд.
Манбаъ изҳор доштааст, ки таркиши аввали гулӯла ҳудуди соати 4:00 дар наздикии маҳаллаи Митякинский рух додааст. Таркиш дар фосилаи 300-метрӣ аз манзили истиқоматӣ ба вуқуъ пайвастааст. Таъкид мешавад, ки талафоте дар пай надоштааст.
"Дар наздикии он боз як таркиши дигар рух дод. Ин "Град"-и солҳои шӯравӣ мебошад, ки қутраш 120-миллиметрист", - афзуд мусоҳиби хабаргузорӣ.
Дар ҳамин ҳол мақомоти тафтишотии Русия изҳор доштанд, ки аз рӯи ҳолати мазкур парвандаи ҷиноӣ оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.
Ин дар ҳолест, ки тайи ду рӯзи охир вазъ дар Донбасс шиддат гирифта истодааст. Мақомоти ҷумҳуриҳои худхондаи Луганск ва Донетск мегӯянд, мавзеъҳояшон ҳадафи нерӯҳои украинӣ қарор гирифтаанд.
Мақомоти умури хориҷии бархе кишварҳои аврупоӣ дар пайи шиддат гирифтани вазъ дар Донбасс аз шаҳрвандонаш хостаанд, тарки Украина кунанд. Аз ҷумла Австрия ва Олмон қотеона тавсия додаанд, ки шаҳрвандонашон ба далоили амниятӣ аз Украина хориҷ шаванд.
Худи мақомдорони ҷумҳуриҳои худхондаи Луганск ва Донетск рӯзи 18-уми феврал ба тахлияи аҳолии осоишта оғоз карда, аз нияти Киев барои оғози амалиёти низомӣ ҳушдор доданд.
Роҳбарияти вилояти Ростови Русия ба далели зиёд будани гурезаҳо аз Донбасс дар қаламраваш вазъияти фавқулодда эълон карда, барои омадаҳо бошишгоҳҳои муваққатӣ сохтаанд.
Вақтҳои охир Ғарб Маскавро дар омодагӣ ба "ҳуҷум" ба Украина айбдор мекунад. Русия ин иддаоро бепоя хонда, изҳор медорад, ки он ҳамчун баҳона барои таҳкими ҳузур дар Аврупои Ғарбӣ истифода мешавад.
Мухолифатҳо дар шарқи Украина беш аз 7,5 соли охир идома доранд, ки ба иттилои СММ, зиёда аз 13 ҳазор нафар қурбонӣ бар ҷой гузоштаанд.
Мақомоти Русия таъкид ба он мекунанд, ки Киев созишномаи Минскро риоя намекунад. Ин санад қатъи оташбас, қафо бурдани аслиҳаи вазнини ҷангӣ аз хатти баҳамоӣ ва гузарондани ислоҳоти конститутсиониро пешбинӣ мекунад.