https://sputnik.tj/20220219/bayden-rahmon-shariki-amniyat-adolat-covid-oyanda-1046051839.html
Байдену Раҳмон аз шарикӣ, амният, адолат, мубориза бо COVID-19 ва оянда гуфтанд
Байдену Раҳмон аз шарикӣ, амният, адолат, мубориза бо COVID-19 ва оянда гуфтанд
Sputnik Тоҷикистон
Президенти Тоҷикистон дар паёмаш ба раисҷумҳури ИМА аз вазъи феълии муносибот изҳори қаноатмандӣ карда, ояндаашонро нек арзёбӣ кардаст
2022-02-19T15:30+0500
2022-02-19T15:30+0500
2022-02-21T13:45+0500
дар тоҷикистон
има
сиёсат
эмомалӣ раҳмон
ҷо байден
паём
шодбош
дипломат
муносибот
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/01/14/1044997194_0:0:2048:1153_1920x0_80_0_0_10946726380dff47f116203a0bd40cfc.jpg
ДУШАНБЕ, 19 фев– Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон ва Ҷозеф Байден, президенти ИМА ҳамдигарро бо 30-юмин солгарди равобити дипломатии ду кишвар шодбош гуфтанд. Тибқи иттилои дафтари матбуотии раисҷумҳури Тоҷикистон, Раҳмон дар паёмаш ба Байден гуфт, ИМА-ро имрӯз шарики муҳими худ дар арсаи байналмилалӣ медонад.Ӯ аз муносиботи ду кишвар, аз ҷумла дар арсаҳои сиёсию иқтисодӣ, гуманитарию иҷтимоӣ ва амниятӣ изҳори қаноатмандӣ карда, ояндаи онҳоро нек арзёбӣ намудааст. "Омодаем, ки ҷиҳати густаришу тавсеаи бемайлони муносиботи гуногунҷанбаи ду кишвар ва бештар ғанӣ гардондани мазмуну муҳтавои онҳо бо ҷанбаҳои нави амалӣ минбаъд низ иқдомҳои муштаракро дар сатҳҳои мухталиф роҳандозӣ намоем", - омадааст дар паём. Дафтари матбуотии раисиҷумҳури Тоҷикистон инчунин паёми шодбошии Байден ба Эмомалӣ Раҳмон ва мардуми кишварро нашр намудааст. Президенти ИМА гуфтааст, дар тӯли ин 30 сол барои ҳалли мушкилоти минтақавӣ ва ҷаҳонӣ бо Тоҷикистон ҳамкорӣ намудаанд. Ӯ афзудааст, ки ҳамкориҳоро дар самти мубориза бо COVID-19, инчунин дар соҳаҳои рушди иқтисодӣ, тандурустӣ, маориф, тағйирёбии иқлим ва энергетика, волоияти қонун, амният ва робитаҳои байни одамон пеш хоҳанд бурд. Байден таъкид намудааст, ки Иёлоти Муттаҳидаи Амрико чун ҳарвақта ба мардуми Тоҷикистон, соҳибихтиёрӣ, истиқлол ва тамомияти арзии Тоҷикистон содиқ боқӣ мемонад.Маврид ба зикр аст, ки муносиботи дипломатии миёни Тоҷикистону ИМА 19-уми феврали соли 1992 роҳандозӣ шудаанд.
https://sputnik.tj/20220119/pentagon-charkhbolkho-tojikistonu-uzbekiston-tolibho-1044938629.html
има
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/01/14/1044997194_124:0:1937:1360_1920x0_80_0_0_b156398a37e6bfaed6d95d137c29d936.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
табоодул, паём, раҳмон, байден, амният, адолат
табоодул, паём, раҳмон, байден, амният, адолат
Байдену Раҳмон аз шарикӣ, амният, адолат, мубориза бо COVID-19 ва оянда гуфтанд
15:30 19.02.2022 (Навсозишуда: 13:45 21.02.2022) Президенти Тоҷикистон дар паёмаш ба раисҷумҳури ИМА аз вазъи феълии муносибот изҳори қаноатмандӣ карда, ояндаашонро нек арзёбӣ кардааст
ДУШАНБЕ, 19 фев– Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон ва Ҷозеф Байден, президенти ИМА ҳамдигарро бо 30-юмин солгарди равобити дипломатии ду кишвар шодбош гуфтанд.
Тибқи иттилои дафтари матбуотии раисҷумҳури Тоҷикистон, Раҳмон дар паёмаш ба Байден гуфт, ИМА-ро имрӯз шарики муҳими худ дар арсаи байналмилалӣ медонад.
Ӯ аз муносиботи ду кишвар, аз ҷумла дар арсаҳои сиёсию иқтисодӣ, гуманитарию иҷтимоӣ ва амниятӣ изҳори қаноатмандӣ карда, ояндаи онҳоро нек арзёбӣ намудааст.
"Омодаем, ки ҷиҳати густаришу тавсеаи бемайлони муносиботи гуногунҷанбаи ду кишвар ва бештар ғанӣ гардондани мазмуну муҳтавои онҳо бо ҷанбаҳои нави амалӣ минбаъд низ иқдомҳои муштаракро дар сатҳҳои мухталиф роҳандозӣ намоем", - омадааст дар паём.
Дафтари матбуотии раисиҷумҳури Тоҷикистон инчунин паёми шодбошии Байден ба Эмомалӣ Раҳмон ва мардуми кишварро нашр намудааст. Президенти ИМА гуфтааст, дар тӯли ин 30 сол барои ҳалли мушкилоти минтақавӣ ва ҷаҳонӣ бо Тоҷикистон ҳамкорӣ намудаанд.
Ӯ афзудааст, ки ҳамкориҳоро дар самти мубориза бо COVID-19, инчунин дар соҳаҳои рушди иқтисодӣ, тандурустӣ, маориф, тағйирёбии иқлим ва энергетика, волоияти қонун, амният ва робитаҳои байни одамон пеш хоҳанд бурд.
"Шарикии мо ба шукуфоии бештар, амният ва адолат барои ҷомеаҳои мо ва тамоми ҷаҳон мусоидат хоҳад кард", - омадааст дар паёми президенти ИМА.
Байден таъкид намудааст, ки Иёлоти Муттаҳидаи Амрико чун ҳарвақта ба мардуми Тоҷикистон, соҳибихтиёрӣ, истиқлол ва тамомияти арзии Тоҷикистон содиқ боқӣ мемонад.
Маврид ба зикр аст, ки муносиботи дипломатии миёни Тоҷикистону ИМА 19-уми феврали соли 1992 роҳандозӣ шудаанд.