https://sputnik.tj/20220119/pentagon-charkhbolkho-tojikistonu-uzbekiston-tolibho-1044938629.html
Пентагон гуфт, чаро чархболҳои монда дар Тоҷикистону Ӯзбекистон ба толибҳо дода намешаванд
Пентагон гуфт, чаро чархболҳои монда дар Тоҷикистону Ӯзбекистон ба толибҳо дода намешаванд
Sputnik Тоҷикистон
Сухангӯи вазорати дифои Амрико гуфтааст, ки чархболҳои артиши давлати пешини Афғонистон, ки ҳангоми тассаллути толибон ба кишварҳои Ӯзбекистон ва Тоҷикистон интиқол дода шудааст, дар ихтиёри ин гурӯҳ қарор дода нахоҳад шу
2022-01-19T14:00+0500
2022-01-19T14:00+0500
2022-01-19T18:36+0500
дар тоҷикистон
има
амрико
толибон
ӯзбекистон
чархболҳо
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/08/12/1041704956_0:129:3185:1921_1920x0_80_0_0_53d294993715f88b54abec29a0b9deb9.jpg
ДУШАНБЕ, 19 янв — Sputnik. Ҷон Кирби, сухангӯи Вазорати дифои ИМА дар як нишасти хабарӣ гуфт, ки Пентагон бар сари тасмиме дар бораи сарнавишти чархболҳои Афғонистон, ки берун аз он кишвар ҷойгиранд, кор мекунад, иттилоъ додааст Sputnik Афғонистон.“Метавон тасаввур кард, ки чархболҳо барои истифодаи толибон ба Афғонистон фиристода нахоҳад шуд”, - гуфт генерали амрикоӣ.Дар замони ҳукмронии толибон шуморе аз чархболҳо ва ҳавопаймоҳои артиши Афғонистон ба Тоҷикистону Ӯзбекистон интиқол дода шуда буданд.Муллоёқуб Муҷоҳид, сарпарасти Вазорати дифои толибон ҳафтае пеш дар нишасте дар шаҳри Кобул ба Тоҷикистону Ӯзбекистон ҳушдор дод, ки чархболҳо ва ҳавопаймоҳои низомии Афғонистонро баргардонанд.Вай гуфт, чархболҳову ҳавопаймоҳо моли мардуми Афғонистон ҳастанд ва толибон иҷоза намедиҳанд, ки аз онҳо истифода кунанд.Муллоёқуб хитоб ба ин кишварҳо гуфт, ки “сабр”-и толибонро насанҷанд ва ин гурӯҳро маҷбур насозанд, иқдом кунанд.Сухангӯи Пентагон ба хабарнигорон гуфт, рисолати он идомаи ҳифзи Иёлоти Муттаҳида, аз ҷумла аз ҳар гуна таҳдиди террористие, ки аз Афғонистон сар мезанад, мебошад."Мо ба он чӣ дар он ҷо мегузарад, нигоҳ мекунем. Мо дар мубориза бо терроризм масъулиятҳои ҷиддӣ ва муҳим дорем. Мо тавоноиҳои фаротар аз уфуқ дорем, ки метавонем аз онҳо истифода кунем ва ҳамчунин мехоҳем итминони ҳосил кунем, ки Афғонистон ба унвони паноҳгоҳи амн барои ҳамла ба меҳан нест”, -гуфт оқои Кирби.
https://sputnik.tj/20220118/amriko-charkhbolhoi-afghoniston-ukraina-1044889682.html
има
амрико
ӯзбекистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/08/12/1041704956_227:0:2958:2048_1920x0_80_0_0_ab1282af1054e680626a9b052f7cd1a2.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
амрико, има, чархболҳо, тоҷикистон, ӯзбекистон, толибҳо
амрико, има, чархболҳо, тоҷикистон, ӯзбекистон, толибҳо
Пентагон гуфт, чаро чархболҳои монда дар Тоҷикистону Ӯзбекистон ба толибҳо дода намешаванд
14:00 19.01.2022 (Навсозишуда: 18:36 19.01.2022) Сухангӯи Вазорати дифои Амрико гуфтааст, чархболҳои артиши давлати пешини Афғонистон, ки ҳангоми тасаллути толибон бар ин кишвар ба кишварҳои Ӯзбекистон ва Тоҷикистон интиқол дода шудаанд, дар ихтиёри ин гурӯҳ қарор дода нахоҳанд шуд
ДУШАНБЕ, 19 янв — Sputnik. Ҷон Кирби, сухангӯи Вазорати дифои ИМА дар як нишасти хабарӣ гуфт, ки Пентагон бар сари тасмиме дар бораи сарнавишти чархболҳои Афғонистон, ки берун аз он кишвар ҷойгиранд, кор мекунад, иттилоъ додааст Sputnik Афғонистон.
“Метавон тасаввур кард, ки чархболҳо барои истифодаи толибон ба Афғонистон фиристода нахоҳад шуд”, - гуфт генерали амрикоӣ.
Дар замони ҳукмронии толибон шуморе аз чархболҳо ва ҳавопаймоҳои артиши Афғонистон ба Тоҷикистону Ӯзбекистон интиқол дода шуда буданд.
Муллоёқуб Муҷоҳид, сарпарасти Вазорати дифои толибон ҳафтае пеш дар нишасте дар шаҳри Кобул ба Тоҷикистону Ӯзбекистон ҳушдор дод, ки чархболҳо ва ҳавопаймоҳои низомии Афғонистонро баргардонанд.
Вай гуфт, чархболҳову ҳавопаймоҳо моли мардуми Афғонистон ҳастанд ва толибон иҷоза намедиҳанд, ки аз онҳо истифода кунанд.
Муллоёқуб хитоб ба ин кишварҳо гуфт, ки “сабр”-и толибонро насанҷанд ва ин гурӯҳро маҷбур насозанд, иқдом кунанд.
Сухангӯи Пентагон ба хабарнигорон гуфт, рисолати он идомаи ҳифзи Иёлоти Муттаҳида, аз ҷумла аз ҳар гуна таҳдиди террористие, ки аз Афғонистон сар мезанад, мебошад.
"Мо ба он чӣ дар он ҷо мегузарад, нигоҳ мекунем. Мо дар мубориза бо терроризм масъулиятҳои ҷиддӣ ва муҳим дорем. Мо тавоноиҳои фаротар аз уфуқ дорем, ки метавонем аз онҳо истифода кунем ва ҳамчунин мехоҳем итминони ҳосил кунем, ки Афғонистон ба унвони паноҳгоҳи амн барои ҳамла ба меҳан нест”, -гуфт оқои Кирби.