Пограничник на смотровой вышке на границе Кыргызстана. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920
Вазъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон
Хабарҳои бештар аз танишу созишҳои марзӣ миёни Тоҷикистону Қирғизистон

Ҳукумати Қирғизистон замону макони музокироти марзӣ бо Тоҷикистонро гуфт

© Sputnik / Табылды КадырбековПограничник на смотровой вышке на границе Кыргызстана. Архивное фото
Пограничник на смотровой вышке на границе Кыргызстана. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.02.2022
Обуна шудан
Ҳукумати Қирғизистон эълон кард, ки бо Тоҷикистон дар мавриди замону макони музокироти навбатии марзӣ созоиш шудааст
ДУШАНБЕ, 7 фев — Sputnik. Гуфтушуниди навбатии гурӯҳҳои топографии Тоҷикистону Қирғизистон аз 10 то 15 феврал баргузор мегардад.
Ба иттилои Ҳукумати Қирғизистон, ҳайати ин кишварро фиристодаи вижаи кабинаи вазирон дар масоили марзии дастгоҳи президент Назирбек Борубоев роҳбарӣ мекунад. Таъкид шудааст, ки мулоқоти ҳайатҳо дар қаламрави Қирғизистон баргузор мешавад.
Ҳукумати Қирғизистон зикр намудааст, ки дар натиҷаи мулоқотҳои қаблии ҳайатҳои топографии ҷонибҳо аз 1 майи соли 2020 то ҳол ҳудуди 81 километри марзи муштарак муайян шудааст.
Манбаъ афзуд, ки дар муайянсозии марз санадҳои солҳои 1924-1927 ва 1989 истифода хоҳанд шуд.
КПП Равот на границе Таджикистана и Узбекистана в городе Канибадам, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 05.02.2022
Гуфтушунидии шашрӯзаи марзӣ миёни Тоҷикистон ва Ӯзбекистон - тафсилот
Маврид ба зикр аст, ки Ориф Хоҷазода, раиси Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Тоҷикистон низ ахиран аз натиҷаи 8 мулоқоти ҳайатҳо хабар дод.
"Аз 1 майи соли 2021 Тоҷикистон ва Қирғизистон 8 ҷаласаи комиссияи топографиро барои дақиқ кардани марз баргузор карда, 81 километри сарҳадро мушаххас кардаанд. Аз октябри соли 2021 кори комиссия бо баъзе сабабҳо мутаваққиф шуда буд, аммо ба зудӣ бояд кораш аз сар гирифта шавад",- гуфт ӯ.
Маврид ба зикр аст, ки Тоҷикистону Қирғизистон беш аз 980 километри марзи муштарак доранд, ки то ҳол ҳудуди 520 километри он аломатгузорӣ шудааст. Номуайянии қисматҳои боқимонда мунтазам боиси танишҳо миёни сокинони навоҳии наздимарзӣ мегардад.
Лентаи хабарҳо
0