https://sputnik.tj/20220214/vaznin-zhirinovskiy-malum-1045842895.html
Дар ҳолати вазнин: ташхиси ноумедкунандаи Жириновский маълум шуд
Дар ҳолати вазнин: ташхиси ноумедкунандаи Жириновский маълум шуд
Sputnik Тоҷикистон
Сиёсатмадор таҳти назорати табибон аст: дар бораи аз бемористон хориҷ шудани ӯ сухан гуфтан барвақт аст
2022-02-14T17:10+0500
2022-02-14T17:10+0500
2022-02-15T12:45+0500
коронавирус дар русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо
владимир жириновский
саломатӣ
тандурустӣ
коронавирус
омикрон
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/02/0e/1045839969_0:330:2950:1989_1920x0_80_0_0_915178f3e1df33d1c90a22ea2287f473.jpg
ДУШАНБЕ, 14 фев – Sputnik. Вазъи раҳбари Ҳизби либерал-демократии Русия Владимир Жириновский вазнин аст. Дар ин бора шабакаи телевизионии "112" хабар медиҳад. Саломатии сиёсатмадор бинобар равандҳои илтиҳобӣ дар мағзи сараш зери хатар аст. Жириновскийро ба дастгоҳи нафасдиҳии сунъӣ пайваст кардаанд ва ӯ дар бемористони марказии клиникии Маскав зери назорати табибон қарор дорад.Вазорати тандурустӣ дар бораи вазъи сиҳҳати сиёсатмадор гуфт. Ин ниҳод гуфтааст, ба Жириновский кӯмаки заруриро идома медиҳад ва ҳоло дар бораи мураххас шудани ӯ ҳарф задан барвақт аст.Сиёсатшинос ҷойгузини Жириновскийро гуфт: кӣ ҲЛДР-ро раҳбарӣ мекунад?Кремл аз бистарӣ шудани ин сиёсатмадор хабар дорад. Котиби матбуотии президенти Русия Дмитрий Песков ба ӯ ва ҳамчунин ба раҳбари Ҳизби коммунистии Русия Геннадий Зюганов, ки низ дар беморхона аст, саломатии бардавом таманно кард. Ёдовар мешавем, Жириновский рӯзи 2 феврал ба иллати гирифторӣ ба коронавирус ба бемористон интиқол ёфт.Он вақт расонаҳо хабар доданд, ки сиёсатмадор дар ҳолати вазнин қарор дорад.Қаблан дафтари марказии Ҳизби либерал-демократӣ даъват карда буд, ки ба овозаҳо дар бораи марги Жириновский бовар накунанд. Намояндагони ин созмони сиёсӣ аз афзоиши шумори қаллобоне, ки мехоҳанд, ин ҳизбро дар назди мардум бадном кунанд, хабар доданд. "Таҳлилгарон ба аъзои ҳизб занг зада, худро кормандони дафтари марказии Ҳизби либерал-демократӣ муаррифӣ мекунанд ва мегӯянд, ки Владимир Жириновский фавтидааст. "Мо расман эълон мекунем: ин дурӯғ аст!" — кайд карда мешавад дар хабар. Вакилони ҳизб ба далели интишори маълумоти бардурӯғ дар бораи марги Жириновский аллакай ба ниҳодҳои қудратӣ муроҷиат кардаанд.
https://sputnik.tj/20220213/hizbi-liberal-demokrati-rusiya-ovozahoi-marg-zhirinovskiy-1045814088.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/02/0e/1045839969_193:0:2922:2047_1920x0_80_0_0_0409cb275c230f1e90df3532abf934fd.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
жириновский, аҳвол, бад. русия, коронавирус
жириновский, аҳвол, бад. русия, коронавирус
Дар ҳолати вазнин: ташхиси ноумедкунандаи Жириновский маълум шуд
17:10 14.02.2022 (Навсозишуда: 12:45 15.02.2022) Сиёсатмадор таҳти назорати табибон аст: дар бораи аз бемористон мураххас шудани ӯ сухан гуфтан барвақт аст
ДУШАНБЕ, 14 фев – Sputnik. Вазъи раҳбари Ҳизби либерал-демократии Русия Владимир Жириновский вазнин аст.
Дар ин бора шабакаи телевизионии "112" хабар медиҳад.
Саломатии сиёсатмадор бинобар равандҳои илтиҳобӣ дар мағзи сараш зери хатар аст.
Жириновскийро ба дастгоҳи нафасдиҳии сунъӣ пайваст кардаанд ва ӯ дар бемористони марказии клиникии Маскав зери назорати табибон қарор дорад.
Вазорати тандурустӣ дар бораи вазъи сиҳҳати сиёсатмадор гуфт. Ин ниҳод гуфтааст, ба Жириновский кӯмаки заруриро идома медиҳад ва ҳоло дар бораи мураххас шудани ӯ ҳарф задан барвақт аст.
Кремл аз бистарӣ шудани ин сиёсатмадор хабар дорад. Котиби матбуотии президенти Русия Дмитрий Песков ба ӯ ва ҳамчунин ба раҳбари Ҳизби коммунистии Русия Геннадий Зюганов, ки низ дар беморхона аст, саломатии бардавом таманно кард.
Ёдовар мешавем, Жириновский рӯзи 2 феврал ба иллати гирифторӣ ба коронавирус ба бемористон интиқол ёфт.
Он вақт расонаҳо хабар доданд, ки сиёсатмадор дар ҳолати вазнин қарор дорад.
Қаблан дафтари марказии Ҳизби либерал-демократӣ даъват карда буд, ки ба овозаҳо дар бораи марги Жириновский бовар накунанд.
Намояндагони ин созмони сиёсӣ аз афзоиши шумори қаллобоне, ки мехоҳанд, ин ҳизбро дар назди мардум бадном кунанд, хабар доданд.
"Таҳлилгарон ба аъзои ҳизб занг зада, худро кормандони дафтари марказии Ҳизби либерал-демократӣ муаррифӣ мекунанд ва мегӯянд, ки Владимир Жириновский фавтидааст.
"Мо расман эълон мекунем: ин дурӯғ аст!" — кайд карда мешавад дар хабар.
Вакилони ҳизб ба далели интишори маълумоти бардурӯғ дар бораи марги Жириновский аллакай ба ниҳодҳои қудратӣ муроҷиат кардаанд.