https://sputnik.tj/20220215/reyd-kaluga-mahdudsozi-muhojiron-jarima-deport-1045856432.html
"Рейд" дар вилояти Калуга баъди маҳдудсозии кори муҳоҷирон: аз ҷарима то депорт
"Рейд" дар вилояти Калуга баъди маҳдудсозии кори муҳоҷирон: аз ҷарима то депорт
Sputnik Тоҷикистон
Дар пайи тағйири қоидаҳои минтақавии будубоши муҳоҷирони меҳнатӣ дар вилояти Калуга санҷишу "рейд"-ҳо баргузор гардиданд
2022-02-15T11:35+0500
2022-02-15T11:35+0500
2022-02-17T13:46+0500
дар русия
рейд
санҷиш
калуга
рӯйдод, ҷиноят ва ҳолатҳои фавқулода
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/101327/97/1013279796_0:0:3213:1808_1920x0_80_0_0_9d2f22afc3e26dd1191ec2cef51cdbc9.jpg
ДУШАНБЕ, 15 фев — Sputnik. Пулис дар минтақаҳои иқомати зичи шаҳрвандони хориҷӣ дар шаҳри Обнинск санҷиш гузаронд, хабар додааст дафтари матбуоти шаҳрдорӣ. Ба иттилои манбаъ, чорабиниии оперативӣ - профилактикӣ зери унвони "Тсунами" баргузор ва дар пайи он 60 нафар ба идораи пулис оварда шудаанд. Таъкид гардидааст, ки дар пайи омӯзиши аснод нисбати 5 нафар қарори депорт қабул гардид. "Санҷиш дар маконҳои иқомату таҷаммуи шаҳрвандони хориҷӣ - хобгоҳ ва бозори майдони Аксёнов, атрофи маҷмааи тиҷорию дилхушии "Триумф-Плаза" ва майдони назди истгоҳи роҳи оҳан гузаронда шуд", - таъкид намуданд мақомдорон. Дар пайи ин чорабиниҳо 37 санади маъмурӣ тартиб дода шуда, 32 қоидавайронкунии маъмурӣ сабт шуд. Инчунин 5 гузориш дар мавриди эҳтимоли қайди муҳоҷирати тақаллубӣ дода шуда, феълан ин иттилоъ санҷида мешавад. Маврид ба зикр аст, ки ахиран волии Калуга, Владислав Шапша аз маҳдудсозии кори муҳоҷирон дар ин вилоят хабар дод. Ӯ афзуд, соли гузашта теъдои муҳоҷирин дар вилоят бештар аз талабот буд, ки ниёз ба назорат дорад. Шапша изҳор дошт, ки кори шаҳрвандони хориҷӣ дар соҳаи хӯрокворӣ, нақлиёт ва савдои чакана маҳдуд карда мешавад.Маврид ба зикр аст, ки вилояти Калуга ба далели наздикияш ба Маскав мавриди таваҷҷуҳи зиёди муҳоҷирон қарор гирифта, бисёре ин вилоятро макони кору иқомати худ ихтиёр мекунанд.
https://sputnik.tj/20220214/duma-dast-kashidan-muhojiron-ghayriimkon-1045818224.html
калуга
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/101327/97/1013279796_396:0:3127:2048_1920x0_80_0_0_3b04f47ca87fd848ce40c32fdd6baee8.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
рейд, вилоят, калуга, муҳоҷирон, маҳдудият
рейд, вилоят, калуга, муҳоҷирон, маҳдудият
"Рейд" дар вилояти Калуга баъди маҳдудсозии кори муҳоҷирон: аз ҷарима то депорт
11:35 15.02.2022 (Навсозишуда: 13:46 17.02.2022) Дар пайи тағйири қоидаҳои минтақавии будубоши муҳоҷирони меҳнатӣ дар вилояти Калуга санҷишу "рейд"-ҳо баргузор гардиданд
ДУШАНБЕ, 15 фев — Sputnik. Пулис дар минтақаҳои иқомати зичи шаҳрвандони хориҷӣ дар шаҳри Обнинск санҷиш гузаронд, хабар додааст дафтари матбуоти шаҳрдорӣ.
Ба иттилои манбаъ, чорабиниии оперативӣ - профилактикӣ зери унвони "Тсунами" баргузор ва дар пайи он 60 нафар ба идораи пулис оварда шудаанд. Таъкид гардидааст, ки дар пайи омӯзиши аснод нисбати 5 нафар қарори депорт қабул гардид.
"Санҷиш дар маконҳои иқомату таҷаммуи шаҳрвандони хориҷӣ - хобгоҳ ва бозори майдони Аксёнов, атрофи маҷмааи тиҷорию дилхушии "Триумф-Плаза" ва майдони назди истгоҳи роҳи оҳан гузаронда шуд", - таъкид намуданд мақомдорон.
Дар пайи ин чорабиниҳо 37 санади маъмурӣ тартиб дода шуда, 32 қоидавайронкунии маъмурӣ сабт шуд. Инчунин 5 гузориш дар мавриди эҳтимоли қайди муҳоҷирати тақаллубӣ дода шуда, феълан ин иттилоъ санҷида мешавад.
Маврид ба зикр аст, ки ахиран волии Калуга, Владислав Шапша аз маҳдудсозии кори муҳоҷирон дар ин вилоят хабар дод.
"Мо маҳдудияти сартосарӣ ҷорӣ намекунем. Мо шумораи квотаҳоро танҳо ба дараҷае кам мекунем, ки он ҷойҳои холиеро, ки аз ҷониби сокинони маҳаллӣ пур карда нашудаанд, ба муҳоҷирон диҳем”, - гуфт роҳбари вилояти Калуга.
Ӯ афзуд, соли гузашта теъдои муҳоҷирин дар вилоят бештар аз талабот буд, ки ниёз ба назорат дорад. Шапша изҳор дошт, ки кори шаҳрвандони хориҷӣ дар соҳаи хӯрокворӣ, нақлиёт ва савдои чакана маҳдуд карда мешавад.
Маврид ба зикр аст, ки вилояти Калуга ба далели наздикияш ба Маскав мавриди таваҷҷуҳи зиёди муҳоҷирон қарор гирифта, бисёре ин вилоятро макони кору иқомати худ ихтиёр мекунанд.