https://sputnik.tj/20220214/duma-dast-kashidan-muhojiron-ghayriimkon-1045818224.html
Намояндаи Думаи давлатӣ даст кашидан аз хидмати муҳоҷиронро ғайриимкон хонд
Намояндаи Думаи давлатӣ даст кашидан аз хидмати муҳоҷиронро ғайриимкон хонд
Sputnik Тоҷикистон
Намояндаи Думаи давлатии Русия андешаҳояшро дар бораи пурра даст кашидан аз муҳоҷирон ва ба чӣ пайомадҳо овардани онро гуфт
2022-02-14T09:03+0500
2022-02-14T09:03+0500
2022-02-21T13:31+0500
муҳоҷират
дар русия
ом
иҷтимоъ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/0b/01/1043200130_0:0:3101:1745_1920x0_80_0_0_44741cfdccd6d1b58099cb00827caf9e.jpg
ДУШАНБЕ, 14 фев — Sputnik. Даст кашидан аз кори муҳоҷирон амалан ғайриимкон аст, зеро бисёре аз шаҳрвандони Русия намехоҳанд, корҳоеро анҷом диҳанд, ки онҳо мекунанд, гуфт Илдар Гилмутдинов, муовини аввали раиси Кумитаи миллатҳои Думаи давлатӣ. Сиёсатмадор дар мусоҳиба бо радиои "Говорит Москва" дар бораи бартариҳои шаҳрвандони хориҷӣ барои бозори меҳнат ибрози назар кард.Намояндаи Думаи давлатӣ афзуд, ки дар сурати чунин радкунӣ бисёр минтақаҳо зарар мебинанд, чун шаҳрвандон дар он ҷо барои рафтан ба кор шитоб намекунанд. Вай ба унвони мисол бахши манзилию коммуналиро зикр кард: коре, ки он саъю кӯшиши ҷиддии ҷисмониро дар бар мегирад ва аз корманд истодагарӣ талаб мекунад.Қаблан раҳбари Ассотсиатсияи миллии бинокорон (НОСТРОЙ) Антон Глушков камбуди нерӯи корӣ дар сохтмонро арзёбӣ карда буд. Глушков қайд кард, ки дар оянда дар Русия ҳаҷми тайёр кардани мутахассисони ватаниро мунтазам зиёд кардан ва ҷавононро ба истеҳсолот ҷалб кардан лозим аст, ки ин вақтро талаб мекунад. Аммо дар ояндаи наздик аз кори муҳоҷирон дар сохтмонҳо даст кашидан имкон надорад.
https://sputnik.tj/20220211/medvedev-nazorat-muhojiron-rusiya-1045767990.html
ом
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/0b/01/1043200130_0:0:2731:2048_1920x0_80_0_0_eb524c1b60c830ca6711e36af55b6a71.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
намоянда думаи муҳоҷирон кор
намоянда думаи муҳоҷирон кор
Намояндаи Думаи давлатӣ даст кашидан аз хидмати муҳоҷиронро ғайриимкон хонд
09:03 14.02.2022 (Навсозишуда: 13:31 21.02.2022) Намояндаи Думаи давлатии Русия андешаҳояшро дар бораи пурра даст кашидан аз хидмати муҳоҷирон ва ба чӣ пайомад овардани онро гуфт
ДУШАНБЕ, 14 фев — Sputnik. Даст кашидан аз кори муҳоҷирон амалан ғайриимкон аст, зеро бисёре аз шаҳрвандони Русия намехоҳанд, корҳоеро анҷом диҳанд, ки онҳо мекунанд, гуфт Илдар Гилмутдинов, муовини аввали раиси Кумитаи миллатҳои Думаи давлатӣ.
Сиёсатмадор дар мусоҳиба бо радиои "Говорит Москва" дар бораи бартариҳои шаҳрвандони хориҷӣ барои бозори меҳнат ибрози назар кард.
"Бисёр одамон мегӯянд, ки "биёед, аз ҳамаашон даст мекашем". Хуб, мо ин корро кардем. Пас он гоҳ корҳоеро, ки мо бо сабабҳои гуногун, аз қабили маоши кам, мушаххасоти кор анҷом дода наметавонем, кӣ мекунад?",- гуфт Гилмутдинов.
Намояндаи Думаи давлатӣ афзуд, ки дар сурати чунин радкунӣ бисёр минтақаҳо зарар мебинанд, чун шаҳрвандон дар он ҷо барои рафтан ба кор шитоб намекунанд.
Вай ба унвони мисол бахши манзилию коммуналиро зикр кард: коре, ки он саъю кӯшиши ҷиддии ҷисмониро дар бар мегирад ва аз корманд истодагарӣ талаб мекунад.
Қаблан раҳбари Ассотсиатсияи миллии бинокорон (НОСТРОЙ) Антон Глушков камбуди нерӯи корӣ дар сохтмонро арзёбӣ карда буд.
Глушков қайд кард, ки дар оянда дар Русия ҳаҷми тайёр кардани мутахассисони ватаниро мунтазам зиёд кардан ва ҷавононро ба истеҳсолот ҷалб кардан лозим аст, ки ин вақтро талаб мекунад.
Аммо дар ояндаи наздик аз кори муҳоҷирон дар сохтмонҳо даст кашидан имкон надорад.