https://sputnik.tj/20220215/hukumat-sabt-simkort-muhlat-1045890945.html
Қарори ҳукумат: муҳлати нави сабти номи симкортҳо эълон шуд
Қарори ҳукумат: муҳлати нави сабти номи симкортҳо эълон шуд
Sputnik Тоҷикистон
Ҳукумат муҳлати бақайдгирии симкортҳо бо шиносномаҳои намунаи соли 2014-ро, ки то 15 феврали соли 2022 муқаррар шуда буд, тамдид кардаст
2022-02-15T17:00+0500
2022-02-15T17:00+0500
2022-02-15T20:36+0500
дар тоҷикистон
алоқа
симкорт
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/04/14/1038804809_0:56:1920:1136_1920x0_80_0_0_6c9a26aaa7d4fb05d2aefae124d729d9.jpg
ДУШАНБЕ, 15 фев — Sputnik. Муҳлати бақайдгирии сикортҳо бо шиносномаҳои намунаи ҷадид то 15-уми феврали соли 2023 тамдид шуд. Илҳомҷон Атоев, муовини сардори Хадамоти алоқаи Тоҷикистон ба "Ховар" хабар додааст, ки қарори ҳукумат дар бораи тамдиди муҳлати бақайдгирии симкортҳо 12-уми феврали соли равон имзо гардида, феълан мавриди амал қарор гирифтааст. Муовини раиси Хадамоти алоқаи Тоҷикистон ахиран гуфт, зиёда аз 8 миллион симкорт дар дасти истифодабарандагон аст, ки ҳудуди 5,5 миллион ададаш фаъол мебошанд. Ӯ таъкид намуд, ҳанӯз дар кишвар 2,4 миллион симкорт бо шиносномаи намунаи соли 1996 дар қайд аст, ки аз ин 1,8 миллионаш фаъол мебошад. Ӯ таъкид намуд, ки ба номи як одам то ду симкортро ба қайд гирифтан мумкин аст.Ба гуфтаи Атоев, агар симкорт бо истифодаи шиносномаи нави намунаи соли 2014 ба қайд гирифта шавад, сабти IMEI-коди таҷҳизоти соҳиби симкорт автоматӣ сурат мегирад.Ноиби раиси Хадамоти алоқа гуфт, сабти номи симкортҳо марҳилаи якуми рушди технологияҳои иттилоотӣ мебошад. Вай тавзеҳ дод, ки баъди сабти симкорт, таҷҳизоти мобилӣ, аз ҷумла телефоне, ки ба истифодаи ин симкорт истифода мешавад, автоматӣ ба қайд гирифта мешавад, аз тариқи худкор IMEI-коди таҷҳизот мушаххас мешавад. Зарурат намеояд, ки шаҳрвандон барои сабти IMEI-кодҳо саргардон шаванд, илова намуд Атоев. Бар асоси қарори Ҳукумати Тоҷикистон, ки ҳанӯзи соли 2016 дар бораи тартиб ва талаботи пайвастшавӣ ба шабакаҳои алоқаи барқӣ қабул шуда буд, ҳамаи муштариёни алоқаи мобилӣ бояд симкортҳояшонро бо шиносномаҳои ID, намунаи cоли 2014 аз нав ба қайд гиранд, ки то ҳол пурра иҷро нашудааст.
https://sputnik.tj/20220131/atoev-mln-simkort-hanuz-az-qayd-1045343248.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/04/14/1038804809_213:0:1920:1280_1920x0_80_0_0_d156e590c2bc85650eeabb5f75ded4cc.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
муҳлат, қарор, сабт, симкорт, эълон
муҳлат, қарор, сабт, симкорт, эълон
Қарори ҳукумат: муҳлати нави сабти номи симкортҳо эълон шуд
17:00 15.02.2022 (Навсозишуда: 20:36 15.02.2022) Ҳукумат муҳлати бақайдгирии симкортҳо бо шиносномаҳои намунаи соли 2014-ро, ки то 15 феврали соли 2022 муқаррар шуда буд, тамдид кардааст
ДУШАНБЕ, 15 фев — Sputnik. Муҳлати бақайдгирии сикортҳо бо шиносномаҳои намунаи ҷадид то 15-уми феврали соли 2023 тамдид шуд.
Илҳомҷон Атоев, муовини сардори Хадамоти алоқаи Тоҷикистон ба "Ховар" хабар додааст, ки қарори ҳукумат дар бораи тамдиди муҳлати бақайдгирии симкортҳо 12-уми феврали соли равон имзо гардида, феълан мавриди амал қарор гирифтааст.
Муовини раиси Хадамоти алоқаи Тоҷикистон ахиран гуфт, зиёда аз 8 миллион симкорт дар дасти истифодабарандагон аст, ки ҳудуди 5,5 миллион ададаш фаъол мебошанд. Ӯ таъкид намуд, ҳанӯз дар кишвар 2,4 миллион симкорт бо шиносномаи намунаи соли 1996 дар қайд аст, ки аз ин 1,8 миллионаш фаъол мебошад. Ӯ таъкид намуд, ки ба номи як одам то ду симкортро ба қайд гирифтан мумкин аст.
Ба гуфтаи Атоев, агар симкорт бо истифодаи шиносномаи нави намунаи соли 2014 ба қайд гирифта шавад, сабти IMEI-коди таҷҳизоти соҳиби симкорт автоматӣ сурат мегирад.
Ноиби раиси Хадамоти алоқа гуфт, сабти номи симкортҳо марҳилаи якуми рушди технологияҳои иттилоотӣ мебошад.
Вай тавзеҳ дод, ки баъди сабти симкорт, таҷҳизоти мобилӣ, аз ҷумла телефоне, ки ба истифодаи ин симкорт истифода мешавад, автоматӣ ба қайд гирифта мешавад, аз тариқи худкор IMEI-коди таҷҳизот мушаххас мешавад. Зарурат намеояд, ки шаҳрвандон барои сабти IMEI-кодҳо саргардон шаванд, илова намуд Атоев.
Бар асоси қарори Ҳукумати Тоҷикистон, ки ҳанӯзи соли 2016 дар бораи тартиб ва талаботи пайвастшавӣ ба шабакаҳои алоқаи барқӣ қабул шуда буд, ҳамаи муштариёни алоқаи мобилӣ бояд симкортҳояшонро бо шиносномаҳои ID, намунаи cоли 2014 аз нав ба қайд гиранд, ки то ҳол пурра иҷро нашудааст.