Пеш аз пода чанг нахезонед: Атоев гуфт, беш аз 2 млн симкорт ҳанӯз аз қайд нагузаштаанд

© Sputnik Замена сим-карты, архивное фото
Замена сим-карты, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 31.01.2022
Обуна шудан
Хадамоти алоқаи Тоҷикистон мегӯяд, то ҳанӯз 2,4 миллион симкорт дар ҷумҳурӣ бо шиносномаи куҳнаи намунаи соли 1996 сабт шудаанд
ДУШАНБЕ, 31 янв — Sputnik. Шаҳрвандони Тоҷикистон то 15 феврали соли равон муҳлат доранд, ки симкортҳои худро бо шиносномаи намунаи соли 2014 ба қайд гиранд.
Илҳомҷон Атоев, муовини раиси Хадамоти алоқаи Тоҷикистон зимни нишасти матбуотӣ таъкид намуд, ки ин иқдом бар асоси қарори ҳукумат аз моҳи апрели соли 2016 амалӣ гардида, барои амният ва татбиқи лоиҳаҳои рақамӣ дар оянда муҳим мебошад.
Ба гуфтаи Атоев, феълан дар Тоҷикистон зиёда аз 8 миллион симкорт дар дасти истифодабарандагон аст, ки ҳудуди 5,5 миллион ададаш фаъол мебошанд. Ӯ таъкид намуд, ҳанӯз дар кишвар 2,4 миллион симкорт бо шиносномаи намунаи соли 1996 дар қайд аст, ки аз ин 1,8 миллионаш фаъол мебошад.
Мобильный телефон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 12.07.2021
Даъвати Атоев барои сабти дубораи симкортҳо дар Тоҷикистон: баъдан навбатпоӣ нашавад
Ноиби раиси Хадамоти алоқа дар мавриди он ки дар ҳоле то анҷоми муҳлати қонунӣ ҳудуди ду ҳафтаи дигар боқӣ мондасту шаҳрвандон барои сабти ин теъдод симкорт фурсат пайдо мекунанд, таъкид намуд, пеш аз пода набояд чанг бардошт, бигузор, ширкатҳо корашонро анҷом диҳанд.
Атоев бартарияти сабти симкортҳо бо шиносномаҳои навро дар он гуфт, ки мардумро дигар зимни татбиқи лоиҳаҳои гуногуни рақамӣ саргардон намекунанд. Аз ҷумлаи бартариятҳои ин иқдомро мақомдори Хадамоти алоқа дар он гуфт, ки таҷҳизоти дигарро ба қайд гирифтан зарур намеояд. Ӯ тавзеҳ дод, вақте аз тариқи симкортҳои сабтшуда таҷҳизоти гуногун ба шабакаи интернет пайваст мегарданд, ин таҷҳизот автоматӣ муайяну сабт мешаванд.
Дар нишаст таъкид шуд, ки тибқи қоида, дар номи як одам то ду симкортро ба қайд гирифтан мумкин аст.
Лентаи хабарҳо
0