https://sputnik.tj/20220215/furudgoh-khujand-tolor-intizoriro-basta-1045862612.html
Фурудгоҳи Хуҷанд сабаби роҳ надодани сокинон ба толори пазироиро шарҳ дод: мунтазир бошед
Фурудгоҳи Хуҷанд сабаби роҳ надодани сокинон ба толори пазироиро шарҳ дод: мунтазир бошед
Sputnik Тоҷикистон
Шахсони мунтазири парвоз дар фурудгоҳи байналмилалии маркази маъмурии вилояти Суғд муваққатан ба толори интизорӣ роҳ дода намешаванд 15.02.2022, Sputnik Тоҷикистон
2022-02-15T12:32+0500
2022-02-15T12:32+0500
2022-02-15T18:34+0500
дар тоҷикистон
суғд
фурудгоҳ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/01/13/1044942695_79:0:2022:1093_1920x0_80_0_0_eaa1d9f285c7d28647a9e95a601bf0a0.jpg
ДУШАНБЕ, 15 фев — Sputnik. Дар Фурудгоҳи байнулмилалии Хуҷанд толори интизориро бастанд, ки вуруди пешвозу гуселкунандагон муддати тӯлонӣ ба онро иҷозат намедиҳанд. Мардум дар шабакаҳои иҷтимоӣ менависанд, ки наметавонанд ба бинои фурудгоҳи байналмилалӣ ворид шаванд, то озодона хешу табор, меҳмононро гусел ва ё аз онҳо истиқбол кунанд. Роҳбарияти фурудгоҳ маҳдудиятҳои ҷоришударо шарҳ додааст. Ба гуфтаи Қурбон Алимардон, директори генералии фурудгоҳи Хуҷанд, ин маҳдудият дар пайи риояи чораҳои амниятӣ ва ҳамчунин бар асари пандемияи корона сурат гирифтааст. "Дар ҳеҷ як фурудгоҳи ҷаҳон то ҳол чораҳои эҳтиётӣ лағв нашудаанд",- гуфт ӯ.Гуфта мешавад, ки то ҳол роҳбарият наметавонанд толори интизорӣ барои шаҳрвандонро боз кунанд, зеро корҳои бозсозӣ ва сохтмони терминали нави фурудгоҳ идома дорад, менависад "Sugdnews". Қурбон Алимардон қайд кард, ки таҷдид ва сохтмони фурудгоҳи нав аз се марҳила иборат аст. То ҳол фақат марҳилаи якум ба охир расидааст. Ба гуфтаи ӯ, ҳамаи ин корҳои сохтмонӣ аз ҳисоби худи фурудгоҳ, “бе ягон қарз” анҷом дода мешавад ва толори интизорӣ танҳо пас аз анҷоми таъмир барои коруфтагон боз хоҳад шуд. Илова бар ин, директори генералӣ шарҳ дод, ки чаро терминали рақами 1, "Нур" чанд сол боз дар фурудгоҳ фаъолият намекунад. Ба гуфтаи ӯ, дар ҳоли ҳозир "он ба меъёрҳои байналмилалӣ ҷавобгӯ нест".Роҳ надодани сокинон ба толори пазироии бинои нави Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд дар ҳолест, ки он дар оғози моҳи октябри соли 2021 аз сӯйи президент Эмомалӣ Раҳмон расман мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуда буд.
https://sputnik.tj/20220119/havoi-sard-payvandoni-musofiron-tolor-furudgoh-khujand-roh-namedihand-1044943026.html
суғд
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/01/13/1044942695_322:0:1779:1093_1920x0_80_0_0_f8a61dc6835048c686898aab9e06f465.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
дар тоҷикистон, суғд, фурудгоҳ
дар тоҷикистон, суғд, фурудгоҳ
Фурудгоҳи Хуҷанд сабаби роҳ надодани сокинон ба толори пазироиро шарҳ дод: мунтазир бошед
12:32 15.02.2022 (Навсозишуда: 18:34 15.02.2022) Шахсони мунтазири парвоз дар фурудгоҳи байналмилалии маркази маъмурии вилояти Суғд муваққатан ба толори интизорӣ роҳ дода намешаванд
ДУШАНБЕ, 15 фев — Sputnik. Дар Фурудгоҳи байнулмилалии Хуҷанд толори интизориро бастанд, ки вуруди пешвозу гуселкунандагон муддати тӯлонӣ ба онро иҷозат намедиҳанд.
Мардум дар шабакаҳои иҷтимоӣ менависанд, ки наметавонанд ба бинои фурудгоҳи байналмилалӣ ворид шаванд, то озодона хешу табор, меҳмононро гусел ва ё аз онҳо истиқбол кунанд.
Роҳбарияти фурудгоҳ маҳдудиятҳои ҷоришударо шарҳ додааст.
Ба гуфтаи Қурбон Алимардон, директори генералии фурудгоҳи Хуҷанд, ин маҳдудият дар пайи риояи чораҳои амниятӣ ва ҳамчунин бар асари пандемияи корона сурат гирифтааст.
"Дар ҳеҷ як фурудгоҳи ҷаҳон то ҳол чораҳои эҳтиётӣ лағв нашудаанд",- гуфт ӯ.
Гуфта мешавад, ки то ҳол роҳбарият наметавонанд толори интизорӣ барои шаҳрвандонро боз кунанд, зеро корҳои бозсозӣ ва сохтмони терминали нави фурудгоҳ идома дорад, менависад "Sugdnews".
Қурбон Алимардон қайд кард, ки таҷдид ва сохтмони фурудгоҳи нав аз се марҳила иборат аст. То ҳол фақат марҳилаи якум ба охир расидааст.
"Ҳанӯз мо бояд ду марҳиларо анҷом диҳем. Вақте ҳама корро анҷом медиҳем, метавонем ҳамаро ба толори мунтазирии фурудгоҳ иҷозат диҳем", - афзуд сардор.
Ба гуфтаи ӯ, ҳамаи ин корҳои сохтмонӣ аз ҳисоби худи фурудгоҳ, “бе ягон қарз” анҷом дода мешавад ва толори интизорӣ танҳо пас аз анҷоми таъмир барои коруфтагон боз хоҳад шуд.
Илова бар ин, директори генералӣ шарҳ дод, ки чаро терминали рақами 1, "Нур" чанд сол боз дар фурудгоҳ фаъолият намекунад.
Ба гуфтаи ӯ, дар ҳоли ҳозир "он ба меъёрҳои байналмилалӣ ҷавобгӯ нест".
Роҳ надодани сокинон ба толори пазироии бинои нави Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд дар ҳолест, ки он дар оғози моҳи октябри соли 2021 аз сӯйи президент Эмомалӣ Раҳмон расман мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуда буд.