https://sputnik.tj/20220119/havoi-sard-payvandoni-musofiron-tolor-furudgoh-khujand-roh-namedihand-1044943026.html
Дар ҳавои сард чаро пайвандони мусофиронро ба толори фурудгоҳи Хуҷанд роҳ намедиҳанд?
Дар ҳавои сард чаро пайвандони мусофиронро ба толори фурудгоҳи Хуҷанд роҳ намедиҳанд?
Sputnik Тоҷикистон
Маъмурони Фурудгоҳи байналмиллалии Хуҷанд барои ворид шудани пайвандони мусофирони ҳавопаймо ба толори интизорӣ иҷоза намедиҳанд
2022-01-19T16:40+0500
2022-01-19T16:40+0500
2022-01-19T21:25+0500
дар тоҷикистон
хуҷанд
фурудгоҳ
мусофирон
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/01/13/1044942695_79:0:2022:1093_1920x0_80_0_0_eaa1d9f285c7d28647a9e95a601bf0a0.jpg
ДУШАНБЕ, 19 янв – Sputnik. Сокиноне, ки барои қабул ё гусели наздиконашон ба фурудгоҳи Хуҷанд омадаанд, дар бораи мушкили интизориҳо дар ҳавои сард шикоят карданд. Ба онҳо иҷоза намедиҳанд, ки то парвози ҳавопаймо ё берун шудани наздиконашон дар дохили толори пазироӣ боқӣ бимонанд.Басир Рамазонов, як сокини ноҳияи Деваштич мегӯяд, барои пешвози бародараш ҳамроҳ бо модаркалонаш соати ҳафти субҳ ба фурудгоҳи Хуҷанд рафтанд, вале ба онҳо иҷозаи вуруд ба толори пазироиро надоданд.Сокинони дигар ҳам, ки барои пешвоз ё гусели наздиконашон ба фурудгоҳ рафта буданд, дар бораи мушкили интизориҳо дар ҳавои сард шикоят намуданд.Комил, як сокини ҷамоати Понғози ноҳияи Ашт дар суҳбат ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, барои гусели падараш ба фурудгоҳи Хуҷанд рафта, аммо то замони парвози ҳавопаймо, беш аз ним соат дар саҳни фурудгоҳ будааст.Нигаронии пайвандони мусофирони ҳавопаймо дар ҳолест, ки бинои нави Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд дар оғози моҳи октябри соли 2021 аз сӯйи президент Эмомалӣ Раҳмон расман мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуда буд.Масъулони Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд дар замони мавриди баҳрабардорӣ қарор додани бинои он гуфта буданд, ки ин иқдом дар ҷиҳати баланд бардоштани сатҳу сифати хидматрасониҳо барои мусофирон, таъмини сатҳи баланди бехатарии авиатсионӣ, бехатарии парвозҳо ва мутобиқ намудани инфрасохтори фурудгоҳ ба талаботу стандартҳои байналмилалӣ бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар зимни лоиҳаи “Таҷдид ва муҷаҳҳазгардонии техникии бинои аэровокзали Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд” дар солҳои 2016-2021 амалӣ шудааст. "Марҳилаи аввал - толори хизматрасонии пешазпарвозӣ ва қабули мусофирони бинои нави аэровокзал бо арзиши лоиҳавии зиёда аз 220 миллион сомонӣ аз ҳисоби воситаҳои молиявии фурудгоҳ сохта ва муҷаҳҳаз карда шудааст", - иттилоъ дода буданд мақомоти ин фурудгоҳ.Аммо бо гузашти се моҳ аз бунёди бинои нави хидматрасонӣ масъулин сабаби ҷорӣ намудани маҳдудиятҳо барои ворид шудани пайвандони мусофирони ҳавопаймо ба толори интизории Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷандро расман шарҳ надодаанд.
https://sputnik.tj/20210920/maorif-khujand-bastan-maktab-fayz-1042377766.html
https://sputnik.tj/20210517/bandmoni-musofir--furudgoh-hujand-1039499681.html
хуҷанд
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/01/13/1044942695_322:0:1779:1093_1920x0_80_0_0_f8a61dc6835048c686898aab9e06f465.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
хуҷанд, тоҷикистон, фурудгоҳ, мусофирон, дохил, ҳавопаймо
хуҷанд, тоҷикистон, фурудгоҳ, мусофирон, дохил, ҳавопаймо
Дар ҳавои сард чаро пайвандони мусофиронро ба толори фурудгоҳи Хуҷанд роҳ намедиҳанд?
16:40 19.01.2022 (Навсозишуда: 21:25 19.01.2022) Маъмурони Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд барои ворид шудани пайвандони мусофирони ҳавопаймо ба толори интизорӣ иҷоза намедиҳанд
ДУШАНБЕ, 19 янв – Sputnik. Сокиноне, ки барои қабул ё гусели наздиконашон ба фурудгоҳи Хуҷанд омадаанд, дар бораи мушкили интизориҳо дар ҳавои сард шикоят карданд. Ба онҳо иҷоза намедиҳанд, ки то парвози ҳавопаймо ё берун шудани наздиконашон дар дохили толори пазироӣ боқӣ бимонанд.
Басир Рамазонов, як сокини ноҳияи Деваштич мегӯяд, барои пешвози бародараш ҳамроҳ бо модаркалонаш соати ҳафти субҳ ба фурудгоҳи Хуҷанд рафтанд, вале ба онҳо иҷозаи вуруд ба толори пазироиро надоданд.
“На ба мо ва на ба онҳое, ки мисли мо аз роҳҳои дур ба пешвози наздиконашон ба фурудгоҳи Хуҷанд омада буданд, иҷозаи дохил шудан ба толорро надоданд. Мо ним соат дар ҳавои сард, дар харакҳои атрофи фурудгоҳ нишастем”, - иброз намуд ин сокини Деваштич.
Сокинони дигар ҳам, ки барои пешвоз ё гусели наздиконашон ба фурудгоҳ рафта буданд, дар бораи мушкили интизориҳо дар ҳавои сард шикоят намуданд.
Комил, як сокини ҷамоати Понғози ноҳияи Ашт дар суҳбат ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, барои гусели падараш ба фурудгоҳи Хуҷанд рафта, аммо то замони парвози ҳавопаймо, беш аз ним соат дар саҳни фурудгоҳ будааст.
“Ба толори дохили фурудгоҳ роҳ намедиҳанд. Намедонам, ин ба кадом сабаб бошад. Худам ҳам чанд сол дар муҳоҷират будам, ягон фурудгоҳи байналмилалӣ ин тавр маҳдудият надошт ва барои пешвозгирандагону гуселкунандагони мусофирон толорҳои пазироӣ фаъол буданд”, - баён намуд сокини ноҳияи Ашт.
Нигаронии пайвандони мусофирони ҳавопаймо дар ҳолест, ки бинои нави Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд дар оғози моҳи октябри соли 2021 аз сӯйи президент Эмомалӣ Раҳмон расман мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуда буд.
Масъулони Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд дар замони мавриди баҳрабардорӣ қарор додани бинои он гуфта буданд, ки ин иқдом дар ҷиҳати баланд бардоштани сатҳу сифати хидматрасониҳо барои мусофирон, таъмини сатҳи баланди бехатарии авиатсионӣ, бехатарии парвозҳо ва мутобиқ намудани инфрасохтори фурудгоҳ ба талаботу стандартҳои байналмилалӣ бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар зимни лоиҳаи “Таҷдид ва муҷаҳҳазгардонии техникии бинои аэровокзали Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд” дар солҳои 2016-2021 амалӣ шудааст.
"Марҳилаи аввал - толори хизматрасонии пешазпарвозӣ ва қабули мусофирони бинои нави аэровокзал бо арзиши лоиҳавии зиёда аз 220 миллион сомонӣ аз ҳисоби воситаҳои молиявии фурудгоҳ сохта ва муҷаҳҳаз карда шудааст", - иттилоъ дода буданд мақомоти ин фурудгоҳ.
Аммо бо гузашти се моҳ аз бунёди бинои нави хидматрасонӣ масъулин сабаби ҷорӣ намудани маҳдудиятҳо барои ворид шудани пайвандони мусофирони ҳавопаймо ба толори интизории Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷандро расман шарҳ надодаанд.