https://sputnik.tj/20220214/voris-mansab-prezident-turkmaniston-1045835369.html
Вориси асосии мансаби президенти Туркманистон гуфта шуд: кист ӯ?
Вориси асосии мансаби президенти Туркманистон гуфта шуд: кист ӯ?
Sputnik Тоҷикистон
Дар Туркманистон маъракаи интихоботи президентӣ оғоз шуд, коршиносон аллакай довталабони эҳтимолии курсии раҳбари кишварро номбар мекунанд
2022-02-14T15:05+0500
2022-02-14T15:05+0500
2022-02-14T15:06+0500
туркманистон
қурбонқулӣ бердимуҳаммадов
сиёсат
осиёи марказӣ
интихоботи президентӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/02/0e/1045831332_0:0:1476:830_1920x0_80_0_0_94035bfe031a50a72ed1ae374c8e0b43.jpg
ДУШАНБЕ, 14 фев — Sputnik. Дар Туркманистон маъракаи пешазинтихоботии президентӣ оғоз шуда, марҳалаи аввали он пешбарии номзадҳо мебошад, хабар медиҳад РИА Новости. Интихоботи пеш аз мӯҳлати раёсатҷумҳурии Туркманистон 12 март баргузор мешавад. Сарвари кунунии кишвар Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов гуфтааст, ки "роҳи идораи давлат бояд ба раҳбарони ҷавон дода шавад." Ӯ ёдовар шуд, ки аллакай ба "синни паёмбарӣ" расида, дар бораи худ тасмими душвореро гирифтааст.Коршиноси рус, раҳбари Клуби таҳлилии Авруосиё Никита Мендкович пешгӯӣ кард, ки раисиҷумҳури Туркманистон ба эҳтимоли зиёд қудратро ба писараш Сардор Бердимуҳаммадов вогузор мекунад. Ӯ интихоботи таъиншудаи ғайринавбатии президентиро воқеан як ҳамапурсӣ барои интиқоли қудрат хонд. Қаблан раҳбари Туркманистон низ аз нияти "истифодаи таҷрубаи зиндагӣ ва сиёсии худ ба ҳайси раиси Халқ Маслахатӣ" хабар дода буд. Дар мавриди ягона писари 39-солаи Сардор Бердимуҳаммадов бошад, ӯ аз моҳи феврали соли 2021 муовини нахуствазир ва узви Шӯрои амнияти ин кишвар аст. Қобили зикр аст, ки тибқи қонунҳои кишвар, аҳзоби сиёсӣ ва гурӯҳҳои шаҳрвандон метавонанд номзади худро ба мақоми раҳбари давлат пешбарӣ кунанд. Дар Туркманистон интихоботи пеш аз муҳлати президентӣ баргузор мешавадВақте ки номзад ба мақоми раисиҷумҳури кишвар аз ҷониби гурӯҳҳои шаҳрвандон пешбарӣ мешавад, ӯ бояд на камтар аз 10 000 имзои интихобкунандагонро ҷамъоварӣ кунад.Сарвари давлат бо роҳи овоздиҳии мустақими умумихалқӣ ба мӯҳлати 7 сол интихоб мешавад. Президенти Туркманистон шахсе шуда метавонад, ки зодаи кишвар, синнашон аз 40 кам набошад, забони давлатиро донад, 15 соли охир дар давлат ба таври доимӣ кору зиндагӣ дорад.
https://sputnik.tj/20220212/berdimuhammadov-qudrat-rahbaron-javon-1045787808.html
туркманистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/02/0e/1045831332_66:0:1378:984_1920x0_80_0_0_c2beb2517ada27883f8cb34e489ffadb.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
ворис мансаб президент туркманистон
ворис мансаб президент туркманистон
Вориси асосии мансаби президенти Туркманистон гуфта шуд: кист ӯ?
15:05 14.02.2022 (Навсозишуда: 15:06 14.02.2022) Дар Туркманистон маъракаи интихоботи президентӣ оғоз шуд, коршиносон аллакай довталабони эҳтимолии курсии раҳбари кишварро номбар мекунанд
ДУШАНБЕ, 14 фев — Sputnik. Дар Туркманистон маъракаи пешазинтихоботии президентӣ оғоз шуда, марҳалаи аввали он пешбарии номзадҳо мебошад, хабар медиҳад РИА Новости.
Интихоботи пеш аз мӯҳлати раёсатҷумҳурии Туркманистон 12 март баргузор мешавад.
Сарвари кунунии кишвар Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов гуфтааст, ки "роҳи идораи давлат бояд ба раҳбарони ҷавон дода шавад."
Ӯ ёдовар шуд, ки аллакай ба "синни паёмбарӣ" расида, дар бораи худ тасмими душвореро гирифтааст.
Коршиноси рус, раҳбари Клуби таҳлилии Авруосиё Никита Мендкович пешгӯӣ кард, ки раисиҷумҳури Туркманистон ба эҳтимоли зиёд қудратро ба писараш Сардор Бердимуҳаммадов вогузор мекунад.
Ӯ интихоботи таъиншудаи ғайринавбатии президентиро воқеан як ҳамапурсӣ барои интиқоли қудрат хонд.
Қаблан раҳбари Туркманистон низ аз нияти "истифодаи таҷрубаи зиндагӣ ва сиёсии худ ба ҳайси раиси Халқ Маслахатӣ" хабар дода буд.
Дар мавриди ягона писари 39-солаи Сардор Бердимуҳаммадов бошад, ӯ аз моҳи феврали соли 2021 муовини нахуствазир ва узви Шӯрои амнияти ин кишвар аст.
Қобили зикр аст, ки тибқи қонунҳои кишвар, аҳзоби сиёсӣ ва гурӯҳҳои шаҳрвандон метавонанд номзади худро ба мақоми раҳбари давлат пешбарӣ кунанд.
Вақте ки номзад ба мақоми раисиҷумҳури кишвар аз ҷониби гурӯҳҳои шаҳрвандон пешбарӣ мешавад, ӯ бояд на камтар аз 10 000 имзои интихобкунандагонро ҷамъоварӣ кунад.
Сарвари давлат бо роҳи овоздиҳии мустақими умумихалқӣ ба мӯҳлати 7 сол интихоб мешавад.
Президенти Туркманистон шахсе шуда метавонад, ки зодаи кишвар, синнашон аз 40 кам набошад, забони давлатиро донад, 15 соли охир дар давлат ба таври доимӣ кору зиндагӣ дорад.