Бердимуҳаммадов аз додани қудрат ба ҷавонон гуфт: "Дар бораи худ тасмими душвор гирифтам"

© Пресс-служба президента Республики ТаджикистанПрезидент Туркменистана Гурбангулы Бердымухамедов
Президент Туркменистана Гурбангулы Бердымухамедов - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 12.02.2022
Обуна шудан
Сарвари Туркманистон гуфт, ки "дар бораи худ тасмими душвор" гирифтааст
ДУШАНБЕ, 12 фев — Sputnik. Раисҷумҳури Туркманистон Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов гуфт, ба ҳокимияти давлатӣ дар марҳалаи нави рушди кишвар бояд ба раҳбарони ҷавон роҳ дода шавад.
Дар ин бора сомонаи хабаргузории давлатии Туркманистон ТДХ хабар додааст.
"Ман тарафдори он ҳастам, ки роҳ ба идоракунии давлатӣ дар марҳалаи нави рушди кишварамон бояд ба роҳбарони ҷавон дода шавад, ки дар муҳити маънавӣ ва мутобиқ ба талаботи баланди замон тарбия ёфтаанд",- гуфт Бердимуҳаммадов.
Вай афзуд, ки ният дорад, минбаъд низ таҷрибаи зиндагӣ ва сиёсии худро ба ин самт равона кунад.
Бердимуҳаммадов ҳамчунин гуфт, ки "дар бораи худ як тасмими душвор" қабул кардааст.
"Сарвари давлат ба ҳамватанони худ итминон дод, ки минбаъд низ дар роҳи зиндагии обод ва сарнавишти бузурги ватани маҳбубам, мардуми шуҷоъ ва наслҳои худ қувваи худро дареғ намедорад", - менависад манбаъ.
Бино ба гузоришҳо, дар назар аст, ки моҳи март дар Туркманистон интихоботи пеш аз муҳлати раҳбари давлат баргузор шавад.
Сухани Бердимуҳаммадов "дар бораи худ як тасмими душво" гирифтаам" ба чӣ маъност, то ҳол норӯшан аст.
Бердимуҳаммадов гуфт, 2022 чӣ солест ва ба кӣ комёбӣ меорад
Парлумони Туркманистон ҷаласаи ғайринавбатии худро тавассути пайванди видеоӣ баргузор кард.
Палатаи болоии парлумон Барномаи миллии рушди иҷтимоию иқтисодии давлат барои солҳои 2022-2052-ро қабул кард.
Дар ин зимн Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии ин кишвар барои соли 2022-ро президент ба имзо расонида, дар нимаи дуюми ҷаласа Барномаи сисолаи рушди иҷтимоию иқтисодии ин кишварро қабул кард.
Лентаи хабарҳо
0