https://sputnik.tj/20220214/qurb-rubl-evro-tojikiston-poin-1045818435.html
Қурби рублу евро дар Тоҷикистон пас аз рӯзҳои истироҳатӣ поин рафт
Қурби рублу евро дар Тоҷикистон пас аз рӯзҳои истироҳатӣ поин рафт
Sputnik Тоҷикистон
Асъори аврупоӣ ва русӣ давоми рӯзҳои истироҳатӣ дар баробари сомонии тоҷикӣ коҳиш ёфтаанд
2022-02-14T08:00+0500
2022-02-14T08:00+0500
2022-02-14T21:09+0500
бонки миллӣ
қурби асъор
дар тоҷикистон
рубл
доллар
евро
сомонӣ
иқтисод
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/0b/19/1043752796_0:0:3485:1961_1920x0_80_0_0_7c88b82768ff27b47f96d87afe5b81ba.jpg
ДУШАНБЕ, 14 фев — Sputnik. Бонки миллии Тоҷикистон арзиши сомониро нисбат ба асъори хориҷӣ эълон кард, ки пули миллӣ устуворияшро дар баробари асъори хориҷӣ нигоҳ медорад.Тибқи нишондоди БМТ, арзиши рубли русӣ дар бозори арзи кишвар коҳиш ёфта ва ҳоло 1000 рубл 150 сомонӣ арзиш дорад.Ин асъор дар баробари сомонӣ давоми рӯзҳои истироҳатӣ як сомонӣ коҳиш ёфт.Тибқи нишондоди Бонки миллии Тоҷикистон, қурби як евро то 12.8809 сомонӣ арзиш дорад. Қабл аз рӯзҳои истироҳатӣ дар кишвар бар ивази як евро 12,9193 сомонӣ медоданд.Ин асъор ҳарчанд давоми ду ҳафтаи гузашта боло рафта буд, ҳамоно дар ҳоли шинокунандагӣ қарор дорад ва нишондиҳандаҳои чанд моҳи ахир бозгӯи онанд, ки он зуд-зуд мавқеашро тағйир медиҳад.Қурби пули амрикоӣ ҳамоно устувору бетағйир аст. Арзиши як доллар дар Тоҷикистон ҳоло ба 11,30 сомонӣ баробар шудааст, аммо ҳамзамон дар дигар бонкҳо ва ташкилотҳои қарзӣ ҳам ҳангоми харид ва ҳам ҳангоми фурӯш эҳтимол бештар аз ин бошад.Ҳамчунин қурби миёнаи фурӯши асъори хориҷии нақд дар муассиcаҳои қарзии Тоҷикистон чунин муқаррар шудааст:Бонки миллӣ ҳушдор медиҳад, ки амалиёти асъории берун аз филиалҳо, марказҳои хидматрасонии бонкҳо, инчунин банкоматҳо ва терминалҳо манъ аст.Риоя накардани ин талабот дар Тоҷикистон қонуншиканӣ ҳисобида мешавад, ки ҷавобгарии маъмурӣ ва ҷиноятӣ дар пай дорад.
https://sputnik.tj/20220202/raisi-bonki-milli-qurbi-somoni-dollar-mutadil-1045434287.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/0b/19/1043752796_176:0:2907:2048_1920x0_80_0_0_2738e1815e9a2a5cd5a873fee4e87226.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
қурб рубл евро тоҷикистон сомонӣ доллар
қурб рубл евро тоҷикистон сомонӣ доллар
Қурби рублу евро дар Тоҷикистон пас аз рӯзҳои истироҳатӣ поин рафт
08:00 14.02.2022 (Навсозишуда: 21:09 14.02.2022) Арзиши асъори аврупоӣ ва русӣ давоми рӯзҳои истироҳатӣ дар баробари сомонии тоҷикӣ коҳиш ёфтааст
ДУШАНБЕ, 14 фев — Sputnik. Бонки миллии Тоҷикистон арзиши сомониро нисбат ба асъори хориҷӣ эълон кард, ки пули миллӣ устуворияшро дар баробари асъори хориҷӣ нигоҳ медорад.
Тибқи нишондоди БМТ, арзиши рубли русӣ дар бозори арзи кишвар коҳиш ёфта ва ҳоло 1000 рубл 150 сомонӣ арзиш дорад.
Ин асъор дар баробари сомонӣ давоми рӯзҳои истироҳатӣ як сомонӣ коҳиш ёфт.
Тибқи нишондоди Бонки миллии Тоҷикистон, қурби як евро то 12.8809 сомонӣ арзиш дорад. Қабл аз рӯзҳои истироҳатӣ дар кишвар бар ивази як евро 12,9193 сомонӣ медоданд.
Ин асъор ҳарчанд давоми ду ҳафтаи гузашта боло рафта буд, ҳамоно дар ҳоли шинокунандагӣ қарор дорад ва нишондиҳандаҳои чанд моҳи ахир бозгӯи онанд, ки он зуд-зуд мавқеашро тағйир медиҳад.
Қурби пули амрикоӣ ҳамоно устувору бетағйир аст. Арзиши як доллар дар Тоҷикистон ҳоло ба 11,30 сомонӣ баробар шудааст, аммо ҳамзамон дар дигар бонкҳо ва ташкилотҳои қарзӣ ҳам ҳангоми харид ва ҳам ҳангоми фурӯш эҳтимол бештар аз ин бошад.
Ҳамчунин қурби миёнаи фурӯши асъори хориҷии нақд дар муассиcаҳои қарзии Тоҷикистон чунин муқаррар шудааст:
1 доллари ИМА аз 11.3000 то 11.3000 сомонӣ;
1 евро аз 12.8809 то 13.0300 сомонӣ;
1 рубли русӣ аз 0.1501 то 0.1525 сомонӣ.
Бонки миллӣ ҳушдор медиҳад, ки амалиёти асъории берун аз филиалҳо, марказҳои хидматрасонии бонкҳо, инчунин банкоматҳо ва терминалҳо манъ аст.
Риоя накардани ин талабот дар Тоҷикистон қонуншиканӣ ҳисобида мешавад, ки ҷавобгарии маъмурӣ ва ҷиноятӣ дар пай дорад.