https://sputnik.tj/20220212/turkmaniston-intikhobot-prezident-1045790166.html
Дар Туркманистон интихоботи пеш аз муҳлати президентӣ баргузор мешавад
Дар Туркманистон интихоботи пеш аз муҳлати президентӣ баргузор мешавад
Sputnik Тоҷикистон
Тибқи дастури раисиҷумҳури Туркманистон, Комиссияи марказии интихоботии кишвар омодагиҳоро ба интихоботи пеш аз муҳлати раёсати ҷумҳурӣ оғоз кард
2022-02-12T13:26+0500
2022-02-12T13:26+0500
2022-04-06T19:53+0500
туркманистон
сиёсат
интихобот
интихоботи президентӣ
осиёи марказӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102640/44/1026404433_0:320:3072:2048_1920x0_80_0_0_803c41d3be86a3ff010e68b76744cd90.jpg
ДУШАНБЕ, 12 фев — Sputnik. Рӯзи 12 март дар Туркманистон интихоботи пеш аз муҳлати раҳбари давлат баргузор мешавад. Дар ин бора РИА "Новости" бо такя ба Комиссияи марказии интихоботи ин кишвар хабар медиҳад. Гуфта мешавад, ки Комиссияи марказии интихоботӣ аллакай ба омодагӣ барои интихобот шуруъ кардааст. Дар ҷаласаи ғайринавбатии палатаи болоии порлумон, ки рӯзи 10 феврал баргузор шуд, Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов, раисҷумҳури Туркманистон гуфт, бояд ба раҳбарони ҷавон барои идораи давлат роҳ дода шавад. Бердимуҳамедов ҳамчунин афзуд, ки "дар бораи худ тасмими душвор" қабул кардааст. Ба гуфтаи ӯ, ният дорад, ки минбаъд низ таҷрибаи зиндагӣ ва сиёсии худро ба ин самт равона созад. Инчунин маълум шуд, ки парлумон Барномаи сисолаи тараққиёти иҷтимоӣ-иқтисодиро қабул кард. Лукашенко гуфт, ӯро тасодуфан президент интихоб карданд: дигар чунин намешавадҚурбонгулӣ Бердимуҳаммадов аз 14 феврали соли 2007 раисҷумҳури Туркманистон аст ва аз 21 декабри соли 2006 то замони ба қудрат расиданаш иҷрокунандаи вазифаи раҳбари давлат буд. Ҳамзамон ӯ раиси Девони Вазирон, фармондеҳи олии нерӯҳои мусаллаҳи ин кишвар бо рутбаи генерали артиш ва аз 14 апрели соли 2021 раиси палатаи болоии парлумони Туркманистон низ мебошад.
https://sputnik.tj/20220212/berdimuhammadov-qudrat-rahbaron-javon-1045787808.html
туркманистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102640/44/1026404433_341:0:3072:2048_1920x0_80_0_0_e860b11593da3fcadae7e2aaf14cdb35.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
интихоботи президентӣ, туркманистон, интихобот
интихоботи президентӣ, туркманистон, интихобот
Дар Туркманистон интихоботи пеш аз муҳлати президентӣ баргузор мешавад
13:26 12.02.2022 (Навсозишуда: 19:53 06.04.2022) Тибқи дастури раисиҷумҳури Туркманистон, Комиссияи марказии интихоботии ин кишвар омодагиҳоро ба интихоботи пеш аз муҳлати раёсатҷумҳурӣ оғоз кард
ДУШАНБЕ, 12 фев — Sputnik. Рӯзи 12 март дар Туркманистон интихоботи пеш аз муҳлати раҳбари давлат баргузор мешавад.
Дар ин бора РИА "Новости" бо такя ба Комиссияи марказии интихоботи ин кишвар хабар медиҳад.
Гуфта мешавад, ки Комиссияи марказии интихоботӣ аллакай ба омодагӣ барои интихобот шуруъ кардааст.
Дар ҷаласаи ғайринавбатии палатаи болоии порлумон, ки рӯзи 10 феврал баргузор шуд, Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов, раисҷумҳури Туркманистон гуфт, бояд ба раҳбарони ҷавон барои идораи давлат роҳ дода шавад.
Бердимуҳамедов ҳамчунин афзуд, ки "дар бораи худ тасмими душвор" қабул кардааст.
Ба гуфтаи ӯ, ният дорад, ки минбаъд низ таҷрибаи зиндагӣ ва сиёсии худро ба ин самт равона созад.
Инчунин маълум шуд, ки парлумон Барномаи сисолаи тараққиёти иҷтимоӣ-иқтисодиро қабул кард.
Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов аз 14 феврали соли 2007 раисҷумҳури Туркманистон аст ва аз 21 декабри соли 2006 то замони ба қудрат расиданаш иҷрокунандаи вазифаи раҳбари давлат буд.
Ҳамзамон ӯ раиси Девони Вазирон, фармондеҳи олии нерӯҳои мусаллаҳи ин кишвар бо рутбаи генерали артиш ва аз 14 апрели соли 2021 раиси палатаи болоии парлумони Туркманистон низ мебошад.