https://sputnik.tj/20220212/darguzasht-zinaida-kirienko-1045791016.html
Даргузашти ситораи филми шӯравии "Тихий Дон": сабаби маргаш маълум шуд
Даргузашти ситораи филми шӯравии "Тихий Дон": сабаби маргаш маълум шуд
Sputnik Тоҷикистон
Ҳунарпешаи маъруфи шӯравӣ, ки дар филмҳои "Тихий Дон" (Дони ором) ва "Судьба человека" (Тақдири одам) нақш бозидааст, дар синни 88-солагӣ даргузашт
2022-02-12T14:33+0500
2022-02-12T14:33+0500
2022-02-12T19:52+0500
даргузашт
фарҳанг
ҳунарманд
дар русия
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/02/0c/1045787631_0:187:2977:1861_1920x0_80_0_0_12e4b053a8140698744e74eb90e61abc.jpg
ДУШАНБЕ, 12 фев — Sputnik. Зинаида Кириенко, ҳунарманди маъруф дар синни 89-солагӣ бар асари сирояти коронавирус дар яке аз клиникаҳои Маскав даргузашт. Дар ин бора ТАСС бо истинод ба намояндаи Иттиҳоди кинематографистони Русия хабар медиҳад.Кириенкоро оммаи васеъ бо нақшҳояш дар филмҳои "Тихий Дон" (Дони ором) ва "Судьба человека" (Тақдири одам), ки аз рӯи асарҳои Михаил Шолохов иҷро кардааст, мешиносанд. Қаблан маълум шуд, ки Кириенко гирифтори коронавирус шудааст. Беморӣ хеле вазнин идома ёфт ва занро таҳти назорати табибон дар беморхона бистарӣ карданд. Аммо дере нагузашта вазъаш бадтар шуд ва 10 феврал ӯро ба шуъбаи эҳё интиқол доданд. Тибқи иттилои расонаҳо, ба Кириенко ташхиси "инсулт бар асари коронавирус" гузошта шудааст. Зинаида Кириенко 9 июли соли 1933 дар Махачқалъа таваллуд шудааст. Модараш мехост ба духтараш Аида ном гузорад, аммо падар ҳангоми сабти номи кӯдак ин номро содда кардааст. Аммо оила ҳамеша ӯро Ида меномид. Дар давраи эвакуатсия дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ оилаи ӯ дар Дарбанд қарор гирифта, сипас ба деҳаи кишвари Ставропол кӯчид. Дар он ҷо Ида синфи 7-уми мактабро хатм карда, баъд ба Маскав кӯчида, ба Техникуми роҳи охан дохил шуд. Соли 1958 ВГИК-ро хатм карда, ки дар он ҷо бо Людмила Гурченко ва Наталя Фатеева таҳсил кард. Ҳунарманд дар Театри драмавии Маскав ба номи A. С. Пушкин ва сипас дар театри "Малая Бронная" ба фаъолият пардохт. Соли 1961 вай театри "Киноактер" кӯчид ва дар он ҷо беш аз сӣ сол кор кард. Тамошобинони кино бо ҳунарпеша ба туфайли нақшҳои дурахшонаш дар филмҳои "Тихий Дон" (Дони ором) ва "Судьба человека" (Тақдири инсон) шинос шуданд. Кириенко баъди нақшофарӣ дар филми "Тихий Дон" маъруфият пайдо кард. Дар ибтидои солҳои 2000-ум ӯ дар сериалҳои телевизионӣ нақш бозидааст ва ҳамчун овозхон низ маъруф аст. Кириенко ду писар ва як набера дорад, шавҳараш соли 2004 даргузашт.
https://sputnik.tj/20220201/darguzasht-robert-uoll-1045374728.html
https://sputnik.tj/20220130/darguzashti-leonid-kuravlev-hunarpeshai-ittihodi-shuravi-1045333288.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/02/0c/1045787631_122:0:2853:2048_1920x0_80_0_0_aee1fa0d52e011aa7a88e7c6f3bdc3b1.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
даргузашт, зинаида кириенко,
даргузашт, зинаида кириенко,
Даргузашти ситораи филми шӯравии "Тихий Дон": сабаби маргаш маълум шуд
14:33 12.02.2022 (Навсозишуда: 19:52 12.02.2022) Ҳунарпешаи маъруфи шӯравӣ, ки дар филмҳои "Тихий Дон" (Дони ором) ва "Судьба человека" (Тақдири одам) нақш бозидааст, дар синни 88-солагӣ даргузашт
ДУШАНБЕ, 12 фев — Sputnik. Зинаида Кириенко, ҳунарманди маъруф дар синни 89-солагӣ бар асари сирояти коронавирус дар яке аз клиникаҳои Маскав даргузашт.
Дар ин бора ТАСС бо истинод ба намояндаи Иттиҳоди кинематографистони Русия хабар медиҳад.
"Зинаида имшаб аз олам гузашт", — омадааст дар хабар.
Кириенкоро оммаи васеъ бо нақшҳояш дар филмҳои "Тихий Дон" (Дони ором) ва "Судьба человека" (Тақдири одам), ки аз рӯи асарҳои Михаил Шолохов иҷро кардааст, мешиносанд.
Қаблан маълум шуд, ки Кириенко гирифтори коронавирус шудааст. Беморӣ хеле вазнин идома ёфт ва занро таҳти назорати табибон дар беморхона бистарӣ карданд.
Аммо дере нагузашта вазъаш бадтар шуд ва 10 феврал ӯро ба шуъбаи эҳё интиқол доданд.
Тибқи иттилои расонаҳо, ба Кириенко ташхиси "инсулт бар асари коронавирус" гузошта шудааст.
Зинаида Кириенко 9 июли соли 1933 дар Махачқалъа таваллуд шудааст. Модараш мехост ба духтараш Аида ном гузорад, аммо падар ҳангоми сабти номи кӯдак ин номро содда кардааст.
Аммо оила ҳамеша ӯро Ида меномид. Дар давраи эвакуатсия дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ оилаи ӯ дар Дарбанд қарор гирифта, сипас ба деҳаи кишвари Ставропол кӯчид.
Дар он ҷо Ида синфи 7-уми мактабро хатм карда, баъд ба Маскав кӯчида, ба Техникуми роҳи охан дохил шуд.
Соли 1958 ВГИК-ро хатм карда, ки дар он ҷо бо Людмила Гурченко ва Наталя Фатеева таҳсил кард.
Ҳунарманд дар Театри драмавии Маскав ба номи A. С. Пушкин ва сипас дар театри "Малая Бронная" ба фаъолият пардохт.
Соли 1961 вай театри "Киноактер" кӯчид ва дар он ҷо беш аз сӣ сол кор кард.
Тамошобинони кино бо ҳунарпеша ба туфайли нақшҳои дурахшонаш дар филмҳои "Тихий Дон" (Дони ором) ва "Судьба человека" (Тақдири инсон) шинос шуданд.
Кириенко баъди нақшофарӣ дар филми "Тихий Дон" маъруфият пайдо кард.
Дар ибтидои солҳои 2000-ум ӯ дар сериалҳои телевизионӣ нақш бозидааст ва ҳамчун овозхон низ маъруф аст. Кириенко ду писар ва як набера дорад, шавҳараш соли 2004 даргузашт.