Пограничник на смотровой вышке на границе Кыргызстана. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920
Вазъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон
Хабарҳои бештар аз танишу созишҳои марзӣ миёни Тоҷикистону Қирғизистон

ВКД Қирғизистон аз шаҳрвандонаш хост, дар марз бо Тоҷикистон иғвоангезӣ накунанд

© © Sputnik / Табылды КадырбековСотрудники МВД Кыргызстана, архивное фото
Сотрудники МВД Кыргызстана, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.02.2022
Обуна шудан
Қирғизистон барои таъмини амнияти мардум дар деҳаҳои наздимарзӣ посбон гузоштааст
ДУШАНБЕ, 7 фев— Sputnik. Вазорати корҳои дохилии Қирғизистон аз шаҳрвандонаш хост, дар марз бо Тоҷикистон иғвоангезӣ накунанд.
Дар ин бора Sputnik Қирғизистон бо истинод ба хадамоти матбуотии Вазорати корҳои дохилии ин кишвар хабар медиҳад.
ВКД афзуда, ки вазъият дар вилояти Бодканд муътадил буда, пулис дар реҷаи хоси фаъолияташ дар ин заминаро идома медиҳад.
Ба гуфтаи Вазорати умури дохилӣ, бар асари муноқишаи марзӣ дар вилояти Бодканд бархе аз шаҳрвандон ба хотири ноором кардани вазъ дар шабакаҳои иҷтимоӣ маълумоти бардурӯғ паҳн мекунанд.
Ин ниҳод ҳушдор медиҳад, ки барои қасдан паҳн кардани хабари бардурӯғ ҷазоҳое дар шакли корҳои ислоҳӣ ба муҳлати аз ду моҳ то як сол ё ба муҳлати аз 40 то 100 соат кори ҷамъиятӣ ва ё ба андозаи то 50 ҳазор сомонӣ ҷарима пешбинӣ шудааст.

"Шаҳрвандони муҳтарам, аз паҳн кардани иттилооти бардурӯғ худдорӣ намоед ва ба иғво дода нашавед", - омадааст дар хабар.

ВКДҚ даъват кардааст, ки дар бораи далелҳои паҳн кардани маълумоти беэътимоди иғвогарона ба пулис хабар диҳанд.
Саймумин Ятимов ва Қамчибек Тошиев - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 29.01.2022
Вазъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон
Суҳбати рӯ ба рӯи Тошиев ва Ятимов: тафсилоти музокироти дуюм
Бино ба иттилои ин ниҳод, ВКДҚ дар деҳоти Арка-1, Арка-2, Дӯстук, Ҷаштиқ, Мақсад, Сада, Кулунду, Лайлак ва ноҳияи Лайлак ба хотири таъмини амнияти ҷамъиятӣ патрулҳои муштарак ташкил кардааст.

Муноқишаи январӣ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон

Даргирии ахири миёни Тоҷикистону Қирғизистон 27 январ рух дод. Душанбею Бишкек ҳамдигарро дар ташаннуҷи вазъ ва оғози тирпаронӣ муттаҳам мекунанд.
Расман мақомоти Тоҷикистон то 28 январ теъдоди кушташудагони даргирии ахирро 2 нафари мулкӣ гуфта, афзуданд, ки 10 нафар, аз ҷумла 6 низомию 4 мулкӣ маҷруҳ гардидаанд. Бархе манобеи маҳаллӣ теъдоди маҷруҳон аз ҷониби Тоҷикистонро беш аз 20 нафар мегӯянд.
Тоҷикистон ва Қирғизистон 81 километр марзи дигарро мушаххас карданд
Ҷониби Қирғизистон шумори захмиёнашро 12 нафар гуфтааст, ки ҳамаашон низомӣ буда, талафоти ҷонӣ дар ин кишвар бар асари ин ҳаводис сабт нашудааст.
Тоҷикистону Қирғизистон беш аз 980 километр марзи муштарак доранд, ки феълан ҳудуди 519 километри он муайян шудааст. Номуайянии қисматҳои боқимондаи марз мунтазам боиси муноқиша дар сарҳад мешавад, ки баъзан ба хунрезӣ мепечад.
Лентаи хабарҳо
0