Қурби евро дар Тоҷикистон якбора боло рафт: бо рублу доллар чӣ шуд?

© Sputnik / Алексей Сухоруков / Гузариш ба медиабонкМонеты номиналом 1 евро на фоне банкнот номиналом 10 и 20 евро.
Монеты номиналом 1 евро на фоне банкнот номиналом 10 и 20 евро.  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.02.2022
Обуна шудан
Қурби пули аврупоӣ тайи рӯзҳои истироҳатӣ дар баробари сомонӣ дигарбора боло рафт
ДУШАНБЕ, 7 фев — Sputnik. Дар Тоҷикистон қурби евро дар баробари пули миллӣ афзоиш меёбад ва ба нишондиҳандаҳои аввали сол бармегардад.
Тибқи нишондоди Бонки миллии Тоҷикистон, қурби як евро то 12,93 сомонӣ боло рафтааст.
Қабл аз рӯзҳои истироҳатӣ барои як евро 12,75 сомонӣ медоданд.
Ин асъор ҳарчанд боло рафт, аммо ҳанӯз дар ҳоли шинокунанда қарор дорад, зеро нишондиҳандаҳои чанд моҳи ахир бозгӯи онанд, ки ин асъор зуд-зуд мавқеашро таъйир медиҳад.
Мавриди зикр аст, ки ин нишондиҳандаҳои баландтарин барои евро нестанд. Тирамоҳи соли 2021 қурби асъори аврупоӣ умуман аз 13 сомонӣ гузашта буд.
Охирин нишондиҳандаи баланди пули аврупоӣ дар соли ҷорӣ бошад, рӯзи 14-уми январ сурат гирифт, ки 1 евро то 12.9577 сомонӣ боло рафта буд.
Пстреча Председателя Национального банка Таджикистана Хокима Холикзода с новой Делегацией МВФ. в Таджикистан Селима Элекдага - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 02.02.2022
Раиси Бонки миллӣ қурби сомониро нисбат ба доллар муътадил арзёбӣ кард
Доллар аз аввали соли 2022 дар сатҳи 11,30 сомонӣ устувор қарор гирифтааст.
Тибқи нишондоди БМТ, арзиши рубли русӣ низ дар бозори арзи кишвар каме боло рафта, ҳоло 1000 рубл 148 сомонӣ арзиш дорад.
Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Холиқзода Ҳоким Ҳикматулло дар нишасти хабарияш гуфт, ки асъори миллӣ дар баробари дигар арзҳо аз ҷумла доллар устувориро нигоҳ медорад.
Ба гуфтаи ӯ, қурби расмии сомонӣ нисбат ба доллари ИМА ба санаи 31 декабри соли 2021 муътадил арзёбӣ гардида, устувории пули миллӣ – сомонӣ нигоҳ дошта шуд ва беқурбшавӣ умуман ба назар нарасид.
Лентаи хабарҳо
0