Сохтмони шаҳраки Сайҳун “ях” бастааст: масъулони ҳукумат сабабашро гуфтанд

© Скриншот из видеоГород Сайхун
Город Сайхун  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 06.02.2022
Обуна шудан
Дар соли 2017 санги асос барои бунёди як шаҳраки нав бо номи Сайҳун дар шимоли Тоҷикистон гузошта шуда буд
ДУШАНБЕ, 6 фев – Sputnik. Аммо панҷ сол аст, ки корҳои назаррасе дар он макон дида намешавад, балки сохтмонҳое, ки он замон оғоз шуданд, ҳамоно нотамом боқӣ мондаанд.
“Ях” бастани сохтмонҳо дар Сайҳун яке аз мавзуъҳое буд, ки дар нишасти матбуотӣ дар миён гузошта шуд.
Анвар Яъқубӣ, муовини раиси вилояти Суғд дар посух ба суоли рӯзноманигорон дар ин хусус гуфт, доман паҳн намудани пандемияи корона дар солҳои 2020-2021 боиси ба ин ҳол қарор гирифтани шаҳрак гардид.

“Дар замони хуруҷи бемории ҳамагир майли шарикони асосии рушди Тоҷикистон ба масъалаҳои сохтмони иморату иншоот дар шаҳраки Сайҳун то андозае коҳиш ёфт” - иброз намуд Яъқубӣ.

Муовини раиси вилояти Суғд зикр кард, ки соли ҷорӣ барои беҳтар намудани инфрасохтори шаҳраки Сайҳун маблағгузории чанд лоиҳаи нав ба нақша гирифта шудааст.
Ба гуфтаи вай, яке аз онҳо хатти оби пойгоҳи обкашии “Сайҳун 1” ва “Сайҳун 2” аст, ки имкони обёрии мунтазамро фароҳам хоҳад намуд.
Санги асоси шаҳраки Сайҳуни вилояти Суғд соли 2017 бо ширкати раисҷумҳур гузошта шуда буд.
Ҳадаф аз бунёди ин шаҳрак беҳтар намудани шароити сокинони шаҳру навоҳии шимоли кишвар гуфта мешавад.
Подписание договора, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 31.01.2022
"Обу лой" шудани қариб 8 млн сомонӣ дар Суғд: мақомот гуфтанд, пул куҷо рафт
Аз замони оғози сохтмони Сайҳун то имрӯз, тибқи қарорҳои ҳукумат, дар умум 12,5 ҳазор ҳектор замин, аз ҷумла 3928 ҳектар барои инфрасохтор ва 690 ҳектар барои бунёди боғҳои интенсивӣ дар ҳудуди шаҳрак пешбинӣ шудааст.
Бино ба иттилои дарёфтӣ, то имрӯз бо қарорҳои раисони шаҳру ноҳияҳо барои шаш ҳазор оила аз шаҳраки Сайҳун қитъаи замини наздиҳавлигӣ ҷудо карда шудааст. Аммо ба далели мавҷуд набудани инфрасохтор корҳои сохтмонӣ назаррас набуда, ҳамоно шаҳрак як биёбонеро мемонад.
Анвар Яъқубӣ, муовини раиси вилояти Суғд гуфт, ки дар соли ҷорӣ барои ҷараён гирифтани корҳои сохтмонӣ, аз ҷумла бунёди манзилҳои истиқоматӣ шарикони рушд, бахусус бонкҳо барои ҷудо намудани қарзҳои ипотекӣ муваззаф шудаанд.
Лентаи хабарҳо
0