https://sputnik.tj/20220131/obu-loy-8-mln-somoni-sughd-maqomot-pul-1045363563.html
"Обу лой" шудани қариб 8 млн сомонӣ дар Суғд: мақомот гуфтанд, пул куҷо рафт
"Обу лой" шудани қариб 8 млн сомонӣ дар Суғд: мақомот гуфтанд, пул куҷо рафт
Sputnik Тоҷикистон
Сарраёсати молияи вилояти Суғд истифодаи ғайримақсадноки қариб 8 миллион сомониро ошкор кардааст
2022-01-31T20:00+0500
2022-01-31T20:00+0500
2022-02-01T11:49+0500
дар тоҷикистон
иқтисод
фасод
суғд
вазорати молия
санҷиш
зиён
молия
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102405/94/1024059479_0:115:3001:1803_1920x0_80_0_0_5d4a0ec9a587c10ea68a6a9004bd7a73.jpg
ДУШАНБЕ, 31 янв — Sputnik. Мақомоти молияи Суғд хароҷоти пули буҷа дар 396 ташкилоту муассисаро санҷида, истифодаи ғайримақсадноки 7 млну 995 ҳазор сомониро ошкор кардаанд. Ба иттилои Сарраёсати молия, аз ин маблағ хароҷоти ғайриқонуниӣ ба андозаи 4 млну 75,2 ҳазор сомонӣ ошкор гардид. Камбуд ва тасарруфи воситаҳои пулию молӣ ба маблағи 1,19 млн сомонӣ ба қайд гирифта шудааст. Зарар аз фурӯш ва иҷораи амволи давлатӣ 88,7 ҳазор сомонӣ, изофанависӣ дар корҳои таъмиру сохтмон 93,6 ҳазор сомонӣ арзёбӣ шуд. "Талафи воситаҳои пулию молӣ аз бесарусомонӣ 1880,5 ҳазор сомонӣ ва маблағи кам ҳисобгардида ва рӯйпӯшнамудаи андозҳо 666,3 ҳазор сомониро ташкил медиҳад", - омадааст дар иттилоия. Мақомот таъкид намудаанд, ки аз зарари молии ошкоршуда 3 млну 941,2 ҳазор сомонӣ ё худ 49,3% барқарор шудааст. Пули барқароршуда 3 млну 553 ҳазор сомонӣ ба буҷа ва 388,2 ҳазор сомонӣ ба корхонаҳо рост меояд. Инчунин зикр гардид, ки зимни таҳлилҳо норасоиҳое, ки ба зарари молӣ дохил намешаванд, ба маблағи умумии 2 млну 915,2 ҳазор сомонӣ ошкор ва пурра барқарор карда шудаанд. Сарраёсати молияи Суғд илова намуд, ки 83 маводи аудиторӣ, ба маблағи 7,6 млн сомониро барои баррасӣ ва қабули қарор ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ пешниҳод намудааст.
https://sputnik.tj/20220131/mablaghguzori-maorif-tandurusti-sughd-kam-1045362072.html
суғд
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102405/94/1024059479_160:0:2829:2002_1920x0_80_0_0_ce009ad0abc0f141a9401ed093dc9db9.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
обулой, пул, миллион, сомонӣ, суғд, буҷа
обулой, пул, миллион, сомонӣ, суғд, буҷа
"Обу лой" шудани қариб 8 млн сомонӣ дар Суғд: мақомот гуфтанд, пул куҷо рафт
20:00 31.01.2022 (Навсозишуда: 11:49 01.02.2022) Сарраёсати молияи вилояти Суғд истифодаи ғайримақсадноки қариб 8 миллион сомониро ошкор кардааст
ДУШАНБЕ, 31 янв — Sputnik. Мақомоти молияи Суғд хароҷоти пули буҷа дар 396 ташкилоту муассисаро санҷида, истифодаи ғайримақсадноки 7 млну 995 ҳазор сомониро ошкор кардаанд.
Ба иттилои Сарраёсати молия, аз ин маблағ хароҷоти ғайриқонуниӣ ба андозаи 4 млну 75,2 ҳазор сомонӣ ошкор гардид.
Камбуд ва тасарруфи воситаҳои пулию молӣ ба маблағи 1,19 млн сомонӣ ба қайд гирифта шудааст.
Зарар аз фурӯш ва иҷораи амволи давлатӣ 88,7 ҳазор сомонӣ, изофанависӣ дар корҳои таъмиру сохтмон 93,6 ҳазор сомонӣ арзёбӣ шуд.
"Талафи воситаҳои пулию молӣ аз бесарусомонӣ 1880,5 ҳазор сомонӣ ва маблағи кам ҳисобгардида ва рӯйпӯшнамудаи андозҳо 666,3 ҳазор сомониро ташкил медиҳад", - омадааст дар иттилоия.
Мақомот таъкид намудаанд, ки аз зарари молии ошкоршуда 3 млну 941,2 ҳазор сомонӣ ё худ 49,3% барқарор шудааст. Пули барқароршуда 3 млну 553 ҳазор сомонӣ ба буҷа ва 388,2 ҳазор сомонӣ ба корхонаҳо рост меояд.
Инчунин зикр гардид, ки зимни таҳлилҳо норасоиҳое, ки ба зарари молӣ дохил намешаванд, ба маблағи умумии 2 млну 915,2 ҳазор сомонӣ ошкор ва пурра барқарор карда шудаанд.
Сарраёсати молияи Суғд илова намуд, ки 83 маводи аудиторӣ, ба маблағи 7,6 млн сомониро барои баррасӣ ва қабули қарор ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ пешниҳод намудааст.