https://sputnik.tj/20220202/chin-evakuator-vazir-khudrav-jarimagoh-1045432334.html
"Чин эвакуатор дод": вазир гуфт, қонуншиканӣ дар роҳҳои Душанбе кам мешавад
"Чин эвакуатор дод": вазир гуфт, қонуншиканӣ дар роҳҳои Душанбе кам мешавад
Sputnik Тоҷикистон
Вазири умури дохилии Тоҷикистон мегӯяд, таваққуфи нодуруст ва истгоҳҳо яке аз мушкилиҳои асосӣ дар шаҳри Душанбе мебошанд
2022-02-02T20:30+0500
2022-02-02T20:30+0500
2022-02-18T19:22+0500
дар тоҷикистон
нақлиёт
қонун
ҷарима
таваққуф
қонуншиканӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/i/logo/logo-social.png
ДУШАНБЕ, 2 фев — Sputnik. Рамазон Раҳимзода, вазири умури дохилии Тоҷикистон мегӯяд, бо дастрас шудани эвакуаторҳо аз Чин мушкили таваққуфи нодурусти мошинҳо дар Душанбе ҳал хоҳад шуд. Раҳимзода зимни нишасти матбуотӣ гуфт, бо имзои як фармон ниҳоди дахлдорро барои тахлияи мошинҳое, ки қонуншиканӣ мекунанд, муваззаф намуд. Ба гуфтаи вазир, то ҳол дар ин бахш мушкил ҷой дошт, вале бо мусоидати раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ аз Чин 15 адад эвакуатор дастрас шуд. Суҳбати Раҳимзода аз дастрас намудани техникаи чинӣ дар ҳолест, ки 1-уми феврал дар доираи созишномаи кумаки бебозгашт аз ҷониби Чин ба Душанбе 413 мошину техникаи гуногун оварда шуда, гуфта мешавад, 53 адади дигараш дар роҳанд. Ин феҳраст 155 автобуси мусофирбари гуногун, 52 мошини борбар, 48 автомашинаи махсуси партовкашӣ, 40 мошини обпошӣ, 22 худрави хурди боркашии дуқатора, 20 мошини сӯхторхомӯшкунӣ, 1 адад грейдер, 18 адад каток, 7 автокран, 15 эвакуаторро шомил мешавад.Дар баробари ин 1 адад маркази идораи техникаҳои сӯхторнишонӣ, 4 мошини ёрии таъҷилӣ ва 1 адад барои интиқоли гипохлориди натрий ба шаҳрдории Душанбе супорида шуданд.
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
вазир, қонуншиканӣ, роҳҳо, душанбе, кам, коҳиш
вазир, қонуншиканӣ, роҳҳо, душанбе, кам, коҳиш
"Чин эвакуатор дод": вазир гуфт, қонуншиканӣ дар роҳҳои Душанбе кам мешавад
20:30 02.02.2022 (Навсозишуда: 19:22 18.02.2022) Вазири умури дохилии Тоҷикистон мегӯяд, таваққуфи нодуруст, аз ҷумла дар истгоҳҳо яке аз мушкилиҳои асосӣ дар роҳҳои шаҳри Душанбе мебошад
ДУШАНБЕ, 2 фев — Sputnik. Рамазон Раҳимзода, вазири умури дохилии Тоҷикистон мегӯяд, бо дастрас шудани эвакуаторҳо аз Чин мушкили таваққуфи нодурусти мошинҳо дар Душанбе ҳал хоҳад шуд.
Раҳимзода зимни нишасти матбуотӣ гуфт, бо имзои як фармон ниҳоди дахлдорро барои тахлияи мошинҳое, ки қонуншиканӣ мекунанд, муваззаф намуд. Ба гуфтаи вазир, то ҳол дар ин бахш мушкил ҷой дошт, вале бо мусоидати раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ аз Чин 15 адад эвакуатор дастрас шуд.
"Минбаъд мошинҳоеро, ки дар ҷойҳои мамнуъ таваққуф мекунанд, ба ҷаримагоҳ интиқол медиҳанд. Фикр мекунам, ин агар пурра ҳам набошад, қисман мушкилро ҳал хоҳад кард", - таъкид намуд вазир.
Суҳбати Раҳимзода аз дастрас намудани техникаи чинӣ дар ҳолест, ки 1-уми феврал дар доираи созишномаи кумаки бебозгашт аз ҷониби Чин ба Душанбе 413 мошину техникаи гуногун оварда шуда, гуфта мешавад, 53 адади дигараш дар роҳанд.
Ин феҳраст 155 автобуси мусофирбари гуногун, 52 мошини борбар, 48 автомашинаи махсуси партовкашӣ, 40 мошини обпошӣ, 22 худрави хурди боркашии дуқатора, 20 мошини сӯхторхомӯшкунӣ, 1 адад грейдер, 18 адад каток, 7 автокран, 15 эвакуаторро шомил мешавад.
Дар баробари ин 1 адад маркази идораи техникаҳои сӯхторнишонӣ, 4 мошини ёрии таъҷилӣ ва 1 адад барои интиқоли гипохлориди натрий ба шаҳрдории Душанбе супорида шуданд.