https://sputnik.tj/20220202/jalasa-mushovara-vaziron-dokhili-russia-tajikistan-1045416255.html
Ҷаласаи мушовараи вазирони корҳои дохилии Русия ва Тоҷикистон дар Душанбе баргузор мешавад
Ҷаласаи мушовараи вазирони корҳои дохилии Русия ва Тоҷикистон дар Душанбе баргузор мешавад
Sputnik Тоҷикистон
Ҷаласаи мушовараи вазоратҳои умури дохилии Тоҷикистону Русия имсол дар шаҳри Душанбе баргузор мешавад
2022-02-02T15:15+0500
2022-02-02T15:15+0500
2022-02-02T15:43+0500
дар тоҷикистон
амният ва мудофиа
мубориза
пешгирии ҷиноят
терроризм
владимир колоколтсев
қарори мушовара
рамазон раҳимзода
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102947/51/1029475142_0:0:1001:563_1920x0_80_0_0_abefdb8938529cc679b3f5eb50b2a18d.jpg
ДУШАНБЕ, 2 фев — Sputnik. Рамазон Раҳимзода, вазири умури дохилии Тоҷикистон гуфт, ҷаласаи мушовара бо мақомоти умури дохилии Русия дар соли 2021 ба далели пандемияи коронавирус баргузор нашуд. Раҳимзода зимни нишасти матбуотӣ иттилоъ дод, ки бо Владимир Колоколтсев, вазири умури дохилии Русия телефонӣ суҳбат карду барои баргузории ҷаласаи мушовара дар соли равон созиш кардаанд. Макони мулоқоти вазирону мақомдорони баландпояи умури дохилӣ шаҳри Душанбе интихоб гардидааст. Вазир афзуд, дар ҷаласа мубориза бо ҷиноятҳои гуногун, аз ҷумла терроризм ва ҳамчунин ҳамкорӣ дар бахши ташхиси криминалистӣ баррасӣ мегарданд. Таъкиди Раҳимзода ба таҳкими мубориза бо терроризм дар ҳолест, ки ба иттилои расмӣ, соли гузашта ҳудуди 50 нафар аз аъзои ташкилотҳои тероористӣ, ки дар хориҷ аз кишвар буданд, дар якҷоягӣ бо сохторҳои мақомотҳои мухталиф дастгир гардида, ба Тоҷикистон оварда шудаанд. Дар маҷмуъ мақомоти тоҷик мегӯянд, дар соли 2021 аз тарафи мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон 579 нафар аз аъзои ташкилотҳои терррористию экстреместӣ боздошт шудаанд. Мақомоти умури дохилӣ мегӯянд, боздоштшудагон дар содир намудани 761 ҷиноят айбдор мешаванд.Аз ин шумор 339 нафар барои содир намудани 311 ҷиноят дастгир шудаанд. Инчунин дар кишвар 15 нафар барои маблағгузории терроризм низ айбдор мешаванд, афзуд вазир.
https://sputnik.tj/20220202/rahimzoda-tojikiston-qazoqiston-terroriston-ogahi-1045412269.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102947/51/1029475142_45:0:936:668_1920x0_80_0_0_138d8820bbbd8ff66e9b446dcbfc9705.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
созиш, ҷаласа, мушовара, вазири умури дохилӣ, русия, тоҷикистон
созиш, ҷаласа, мушовара, вазири умури дохилӣ, русия, тоҷикистон
Ҷаласаи мушовараи вазирони корҳои дохилии Русия ва Тоҷикистон дар Душанбе баргузор мешавад
15:15 02.02.2022 (Навсозишуда: 15:43 02.02.2022) Ҷаласаи мушовараи вазоратҳои умури дохилии Тоҷикистону Русия имсол дар шаҳри Душанбе баргузор мешавад
ДУШАНБЕ, 2 фев — Sputnik. Рамазон Раҳимзода, вазири умури дохилии Тоҷикистон гуфт, ҷаласаи мушовара бо мақомоти умури дохилии Русия дар соли 2021 ба далели пандемияи коронавирус баргузор нашуд.
Раҳимзода зимни нишасти матбуотӣ иттилоъ дод, ки бо Владимир Колоколтсев, вазири умури дохилии Русия телефонӣ суҳбат карду барои баргузории ҷаласаи мушовара дар соли равон созиш кардаанд. Макони мулоқоти вазирону мақомдорони баландпояи умури дохилӣ шаҳри Душанбе интихоб гардидааст.
Вазир афзуд, дар ҷаласа мубориза бо ҷиноятҳои гуногун, аз ҷумла терроризм ва ҳамчунин ҳамкорӣ дар бахши ташхиси криминалистӣ баррасӣ мегарданд.
Таъкиди Раҳимзода ба таҳкими мубориза бо терроризм дар ҳолест, ки ба иттилои расмӣ, соли гузашта ҳудуди 50 нафар аз аъзои ташкилотҳои тероористӣ, ки дар хориҷ аз кишвар буданд, дар якҷоягӣ бо сохторҳои мақомотҳои мухталиф дастгир гардида, ба Тоҷикистон оварда шудаанд.
Дар маҷмуъ мақомоти тоҷик мегӯянд, дар соли 2021 аз тарафи мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон 579 нафар аз аъзои ташкилотҳои терррористию экстреместӣ боздошт шудаанд. Мақомоти умури дохилӣ мегӯянд, боздоштшудагон дар содир намудани 761 ҷиноят айбдор мешаванд.
Аз ин шумор 339 нафар барои содир намудани 311 ҷиноят дастгир шудаанд. Инчунин дар кишвар 15 нафар барои маблағгузории терроризм низ айбдор мешаванд, афзуд вазир.