https://sputnik.tj/20220202/rahimzoda-tojikiston-qazoqiston-terroriston-ogahi-1045412269.html
Раҳимзода: Тоҷикистон Қазоқистонро дар бораи террористон огаҳ карда буд
Раҳимзода: Тоҷикистон Қазоқистонро дар бораи террористон огаҳ карда буд
Sputnik Тоҷикистон
Вазири дохилаи Тоҷиистон элон кард, ки кишвараш ба мақомоти Қазоқистон дар бораи аъзоёни гурӯҳҳои терррористӣ, ки дар Алмаато қарор доранд маълумот равон карда буд
2022-02-02T13:14+0500
2022-02-02T13:14+0500
2022-02-02T17:26+0500
дар тоҷикистон
вкд
қазоқистон
терроризм
рамазон раҳимзода
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/08/04/1041395797_0:0:1281:721_1920x0_80_0_0_4163149eb6935b1aece14e46bcf3a1ef.jpg
ДУШАНБЕ, 2 фев — Sputnik. Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон зимни нишасти матбуотӣ ба рӯзноманигорон гуфт, мақомоти кишвар махсусан ба Ҷумҳурии Қазоқистон дар бораи аъзои гурӯҳҳои террористӣ маълумот ирсол карда буд.Вай гуфт, Тоҷикистон дар бораи нафароне, ки аъзои гурӯҳҳои террористӣ буданд ва дар шаҳри Алмаато ба сар мебурданд, иттилоъ дода буд.Вай илова кард, ки гуфтаҳои раисҷумҳур дар ҷаласаи СААД дурустанд.“Бинед, ки дар дохили кишвари мо гурӯҳҳҳои экстремистӣ ва террористӣ ҳастанд. Чанд нафар аз аъзои ин гурӯҳҳоро аз кишварҳои ИДМ дастгир кардем. Панҷоҳ нафари онҳоро ба Тоҷикистон овардем. Раисҷумҳур ҳаминҳоро дар назар дошт”, - гуфт вазир.Раҳимзода ҳамчунин афзуд, мақомоти Тоҷикистон чандин нафари дигарро, ки дар гурӯҳҳои террористӣ ва экстреместӣ узв буданд ва дар дигар давлатҳо ба сар мебурданд, дастгир карда, ба ҷумҳурӣ оварданд.Инчунин вай афзуд, чандин нафари дигар дар дохили давлат боздошт шудаанд.Вазири дохила ҳамзамон маълумот дод, ки дар соли 2021 аз тарафи мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон 579 нафар аз аъзои ташкилотҳои терррористию экстремистӣ боздошт шудаанд, ки дар содир намудани 761 ҷиноят айбдор мешаванд.Аз ин шумор 339 нафар барои содир намудани 311 ҷиноят дастгир шудаанд.Инчунин дар кишвар 15 нафар барои маблағгузории терроризм низ айбдор мешаванд. 50 нафар аз аъзои ташкилотҳои террористӣ, ки дар хориҷ аз кишвар будаанд, дар ҳамкорӣ бо мақомоти мухталиф дастгир гардида, ба Тоҷикистон оварда шудаанд.
https://sputnik.tj/20220202/rahimzoda-amniyatiho-khorugh-1045408845.html
қазоқистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/08/04/1041395797_41:0:1178:853_1920x0_80_0_0_ec87ef0455612c04d984d6ddf7923323.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, рамазон раҳимзода, вкд, қазоқистон, терроризм
тоҷикистон, рамазон раҳимзода, вкд, қазоқистон, терроризм
Раҳимзода: Тоҷикистон Қазоқистонро дар бораи террористон огаҳ карда буд
13:14 02.02.2022 (Навсозишуда: 17:26 02.02.2022) Вазири умури дохилии Тоҷистон элон кард, кишвар ба мақомоти Қазоқистон дар бораи аъзои гурӯҳҳои террористӣ, ки дар Алмаато қарор доштанд, маълумот равон карда буд
ДУШАНБЕ, 2 фев — Sputnik. Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон зимни нишасти матбуотӣ ба рӯзноманигорон гуфт, мақомоти кишвар махсусан ба Ҷумҳурии Қазоқистон дар бораи аъзои гурӯҳҳои террористӣ маълумот ирсол карда буд.
Вай гуфт, Тоҷикистон дар бораи нафароне, ки аъзои гурӯҳҳои террористӣ буданд ва дар шаҳри Алмаато ба сар мебурданд, иттилоъ дода буд.
“Миёни ин нафарон ҳам шаҳрвандони Қазоқистон ва ҳам шаҳрвандони дигар кишварҳо низ буданд”, - гуфт ВКД.
Вай илова кард, ки гуфтаҳои раисҷумҳур дар ҷаласаи СААД дурустанд.
“Бинед, ки дар дохили кишвари мо гурӯҳҳҳои экстремистӣ ва террористӣ ҳастанд. Чанд нафар аз аъзои ин гурӯҳҳоро аз кишварҳои ИДМ дастгир кардем. Панҷоҳ нафари онҳоро ба Тоҷикистон овардем. Раисҷумҳур ҳаминҳоро дар назар дошт”, - гуфт вазир.
Раҳимзода ҳамчунин афзуд, мақомоти Тоҷикистон чандин нафари дигарро, ки дар гурӯҳҳои террористӣ ва экстреместӣ узв буданд ва дар дигар давлатҳо ба сар мебурданд, дастгир карда, ба ҷумҳурӣ оварданд.
Инчунин вай афзуд, чандин нафари дигар дар дохили давлат боздошт шудаанд.
“Ҳар нафареро, ки боздошт кардем ва ба Тоҷикистон овардем, нисбати ӯ ба он кишварҳо иттилоъ ирсол намуда будем. Ба ин кишварҳо маълумот додем, ки дар ҳудуди шумо чандин нафарони дигари гурӯҳҳои терррористӣ низ ҳастанд. Ин иттилоъро мо пешниҳод кардаем ба сохторҳои дахлдор”, - гуфт Раҳимзода.
Вазири дохила ҳамзамон маълумот дод, ки дар соли 2021 аз тарафи мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон 579 нафар аз аъзои ташкилотҳои терррористию экстремистӣ боздошт шудаанд, ки дар содир намудани 761 ҷиноят айбдор мешаванд.
Аз ин шумор 339 нафар барои содир намудани 311 ҷиноят дастгир шудаанд.
Инчунин дар кишвар 15 нафар барои маблағгузории терроризм низ айбдор мешаванд. 50 нафар аз аъзои ташкилотҳои террористӣ, ки дар хориҷ аз кишвар будаанд, дар ҳамкорӣ бо мақомоти мухталиф дастгир гардида, ба Тоҷикистон оварда шудаанд.