https://sputnik.tj/20220201/tojikiston-somoni-rubl-dollar-evro-1045369854.html
Тақвияти сомониву ноустувории рубл дар Тоҷикистон: бо доллару евро чӣ шуд?
Тақвияти сомониву ноустувории рубл дар Тоҷикистон: бо доллару евро чӣ шуд?
Sputnik Тоҷикистон
Дар бозори арзи Тоҷикистон пули миллӣ устуворияшро дар баробари асъори хориҷӣ нигоҳ медорад 01.02.2022, Sputnik Тоҷикистон
2022-02-01T09:42+0500
2022-02-01T09:42+0500
2022-02-18T18:52+0500
дар тоҷикистон
иқтисод
рубл
доллар
евро
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/09/09/1031868572_0:193:3072:1921_1920x0_80_0_0_783dc569f1579579df45e44d8fd88628.jpg
ДУШАНБЕ, 1 фев — Sputnik. Бонки миллии Тоҷикистон арзиши сомониро нисбат ба асъори хориҷӣ эълон кард.Тибқи нишондоди Бонки миллии Тоҷикистон, арзиши рубли русӣ дар бозори арзи кишвар коҳиш ёфта ва ҳоло 1000 рубл 145 сомонӣ арзиш дорад. Ин асъор сар аз соли нав дар ҳоли шинокунунда қарор дорад.Қурби рубл охирин маротиба ба ҳадди ниҳоияш тирамоҳи соли 2021 расида буд, ки он замон 1000 рубл 159 сомонӣ арзиш дошт.Арзиши асъори аврупоӣ бошад, каме боло рафта, дар бозори арзи кишвар ҳоло як евро 12.6040 сомонӣ қимат дорад.Охирин нишондиҳандаи баланди пули аврупоӣ рӯзи 14-уми январ сурат гирифт, ки 1 евро то 12.9577 сомонӣ боло рафта буд.Дар ин миён арзиши пули амрикоӣ дар бозори арзи Тоҷикистон устуворияшро нигоҳ медорад. Қурби 1 доллар ҳоло дар бозори арзи кишвар 11.3000 сомонӣ аст.Ҳамчунин қурби миёнаи фурӯши асъори хориҷии нақд дар муассиcаҳои қарзии Тоҷикистон чунин муқаррар шудааст:1 доллари ИМА аз 11.3000 то 11.3000 сомонӣ;1 евро аз 12.5848 то 12.9000 сомонӣ;1 рубли русӣ аз 0.1450 то 0.1480 сомонӣ.Бонки миллӣ ҳушдор медиҳад, ки амалиёти асъории берун аз филиалҳо, марказҳои хидматрасонии бонкҳо, инчунин банкоматҳо ва терминалҳо манъ аст.Риоя накардани ин талабот дар Тоҷикистон қонуншиканӣ ҳисобида мешавад, ки ҷавобгарии маъмурӣ ва ҷиноятӣ дар пай дорад.
https://sputnik.tj/20220113/peshbini-iqtisoddon-dollar-1044767437.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/09/09/1031868572_74:0:2805:2048_1920x0_80_0_0_97fe861b53e3df6d34b960196e66c900.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
рубл доллар евро тоҷикистон
рубл доллар евро тоҷикистон
Тақвияти сомониву ноустувории рубл дар Тоҷикистон: бо доллару евро чӣ шуд?
09:42 01.02.2022 (Навсозишуда: 18:52 18.02.2022) Дар бозори арзи Тоҷикистон пули миллӣ устуворияшро дар баробари асъори хориҷӣ нигоҳ медорад
ДУШАНБЕ, 1 фев — Sputnik. Бонки миллии Тоҷикистон арзиши сомониро нисбат ба асъори хориҷӣ эълон кард.
Тибқи нишондоди Бонки миллии Тоҷикистон, арзиши рубли русӣ дар бозори арзи кишвар коҳиш ёфта ва ҳоло 1000 рубл 145 сомонӣ арзиш дорад.
Ин асъор сар аз соли нав дар ҳоли шинокунунда қарор дорад.
Қурби рубл охирин маротиба ба ҳадди ниҳоияш тирамоҳи соли 2021 расида буд, ки он замон 1000 рубл 159 сомонӣ арзиш дошт.
Арзиши асъори аврупоӣ бошад, каме боло рафта, дар бозори арзи кишвар ҳоло як евро 12.6040 сомонӣ қимат дорад.
Охирин нишондиҳандаи баланди пули аврупоӣ рӯзи 14-уми январ сурат гирифт, ки 1 евро то 12.9577 сомонӣ боло рафта буд.
Дар ин миён арзиши пули амрикоӣ дар бозори арзи Тоҷикистон устуворияшро нигоҳ медорад. Қурби 1 доллар ҳоло дар бозори арзи кишвар 11.3000 сомонӣ аст.
Ҳамчунин қурби миёнаи фурӯши асъори хориҷии нақд дар муассиcаҳои қарзии Тоҷикистон чунин муқаррар шудааст:
1 доллари ИМА аз 11.3000 то 11.3000 сомонӣ;
1 евро аз 12.5848 то 12.9000 сомонӣ;
1 рубли русӣ аз 0.1450 то 0.1480 сомонӣ.
Бонки миллӣ ҳушдор медиҳад, ки амалиёти асъории берун аз филиалҳо, марказҳои хидматрасонии бонкҳо, инчунин банкоматҳо ва терминалҳо манъ аст.
Риоя накардани ин талабот дар Тоҷикистон қонуншиканӣ ҳисобида мешавад, ки ҷавобгарии маъмурӣ ва ҷиноятӣ дар пай дорад.