https://sputnik.tj/20220201/tavsif-tagho-manizha-az-jiyanash-1045399620.html
Тавсифи тағои Манижа аз ҷиянаш: "Ба бемории худ нигоҳ накарду маро ба по хезонд"
Тавсифи тағои Манижа аз ҷиянаш: "Ба бемории худ нигоҳ накарду маро ба по хезонд"
Sputnik Тоҷикистон
Тағои Манижа Сангин аз меҳрубонии ҷиянаш тавфис карда гуфтааст, ки ӯ ба маризии худ нигоҳ накарда, тағояшро табобат кард
2022-02-01T22:00+0500
2022-02-01T22:00+0500
2022-02-02T12:37+0500
коронавирус дар русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо
тандурустӣ
тавсиф
манижа сангин
коронавирус
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/03/1c/1033090974_0:150:768:582_1920x0_80_0_0_e271c5a3b491631cbb5412d8455f1406.jpg
ДУШАНБЕ,1 фев — Sputnik. Тағои Манижа Сангин - Акмал Усмонов барои бемордорӣ дар давраи гирифторӣ ба коронавирус ба ҷиянаш изҳори сипос кард.Акмал Усмонов дар саҳифааш дар Facebook хабар дод, ки аллакай аз коронавирус шифо ёфтааст ва ин ба ӯ ба кумаки духтаронаш, аз ҷумла Манижа Сангин даст додааст.Ӯ афзуд, ки Манижа бисёр духтари ҷасур аст ва дар замони беморияш лаҳзае ҳам ӯро танҳо нагузошт. Усмонов ҳамчунин ба дӯстони маҷозияш барои ҳамдардӣ ва таманнои шифои комил изҳори сипос кард.Ёдрас менамоем, ки чанде пеш сарояндаи машҳури тоҷики муқими Русия Манижа Сангин аз мубтало шудани худ ва аҳли гурӯҳу хонаводааш ба коронавирус хабар дод.Манижа гуфт, аз шунидани ин хабар хеле нороҳат аст ва ҳатто барои лағви консерташ, ки мебоист рӯзи 2 феврал дар Крокус Сити Ҳолл барпо шавад, гиря кардааст.Гуфта мешавад, бинобар ҳамагири COVID-19 барномаи ҳунарии ӯ дуюмин бор аст, ки ба таъхир меафтад ва аз ин рӯ Манижа тавзеҳ додааст, ки ин дафъа тамоми пули чиптаҳо баргардонида мешавад."Ман наметавонам ва намехоҳам касеро дар маърази хатар қарор диҳам", - гуфт ӯ.Ҳамзамон ҳунарманд то ҳол таърихи рӯзи дигари баргузории консертро мушаххас накардааст ва қайд кард, маълум нест, ки пандемия кай коҳиш меёбад.Аммо Манижа ба мухлисон ваъда дод, ки дар муддати интизорӣ ҳам суруд ва ҳам барномаи нав омода хоҳад кард.
https://sputnik.tj/20220128/manizha-giriftori-koronavirus-shud-1045294493.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/03/1c/1033090974_0:180:768:756_1920x0_80_0_0_ace227066644d049e7c367868ca6bc7d.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
табобат, коронавирус, шифо, манижа сангин
табобат, коронавирус, шифо, манижа сангин
Тавсифи тағои Манижа аз ҷиянаш: "Ба бемории худ нигоҳ накарду маро ба по хезонд"
22:00 01.02.2022 (Навсозишуда: 12:37 02.02.2022) Тағои Манижа Сангин аз меҳрубонии ҷиянаш тавфис карда гуфтааст, ки ӯ ба маризии худ нигоҳ накарда, тағояшро табобат кардааст
ДУШАНБЕ,1 фев — Sputnik. Тағои Манижа Сангин - Акмал Усмонов барои бемордорӣ дар давраи гирифторӣ ба коронавирус ба ҷиянаш изҳори сипос кард.
Акмал Усмонов дар саҳифааш дар
Facebook хабар дод, ки аллакай аз коронавирус шифо ёфтааст ва ин ба ӯ ба кумаки духтаронаш, аз ҷумла Манижа Сангин даст додааст.
"Манижа ба бемории худ нигоҳ накарда, пизишки ман шуд, ба ман бемордорӣ кард ва маро табобат намуд", - навиштааст Усмонов дар шарҳи аксе, ки манфӣ будани ташхис аз коронавирусро нишон медиҳад.
Ӯ афзуд, ки Манижа бисёр духтари ҷасур аст ва дар замони беморияш лаҳзае ҳам ӯро танҳо нагузошт. Усмонов ҳамчунин ба дӯстони маҷозияш барои ҳамдардӣ ва таманнои шифои комил изҳори сипос кард.
Ёдрас менамоем, ки чанде пеш сарояндаи машҳури тоҷики муқими Русия Манижа Сангин аз мубтало шудани худ ва аҳли гурӯҳу хонаводааш ба коронавирус хабар дод.
Манижа гуфт, аз шунидани ин хабар хеле нороҳат аст ва ҳатто барои лағви консерташ, ки мебоист рӯзи 2 феврал дар Крокус Сити Ҳолл барпо шавад, гиря кардааст.
Гуфта мешавад, бинобар ҳамагири COVID-19 барномаи ҳунарии ӯ дуюмин бор аст, ки ба таъхир меафтад ва аз ин рӯ Манижа тавзеҳ додааст, ки ин дафъа тамоми пули чиптаҳо баргардонида мешавад.
"Ман наметавонам ва намехоҳам касеро дар маърази хатар қарор диҳам", - гуфт ӯ.
Ҳамзамон ҳунарманд то ҳол таърихи рӯзи дигари баргузории консертро мушаххас накардааст ва қайд кард, маълум нест, ки пандемия кай коҳиш меёбад.
Аммо Манижа ба мухлисон ваъда дод, ки дар муддати интизорӣ ҳам суруд ва ҳам барномаи нав омода хоҳад кард.