Манижа гирифтори коронавирус шуд

© Sputnik / Екатерина ЧесноковаМанижа
Манижа - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 28.01.2022
Обуна шудан
Сароянда гуфт, гирифтори коронавирус шудааст ва бинобар ин барномаи қарибулвуқуи ҳунарияшро ба таъхир меандозад
ДУШАНБЕ, 28 янв — Sputnik. Овозхони маъруфи тоҷиктабори Русия Манижа Сангин эълон кард, ки консерташ дар Маскавро ба далели ғайричашмдошт ба таъхир мегузорад.
Дар "Instagram"-и худ ҳунарманд навишт, ки ӯ ва қариб тамоми оилааш ба коронавирус гирифтор шудаанд.
Ҳамчун далел вай ҳатто як аксро бо ҳуҷҷати санҷиши мусбӣ нашр кард.
Вай пинҳон накард, ки аз ин хабар хеле нороҳат аст ва ҳатто барои лағви консерташ, ки мебоист рӯзи 2 феврал дар Крокус Сити Холл доир шавад, гиря кардааст.
Маълум аст, ки бинобар эпидемияи COVID-19 барномаи ҳунарии ӯ дуюмин бор аст, ки ба таъхир меафтад ва аз ин рӯ Манижа тавзеҳ додааст, ки ин дафъа тамоми пули чиптаҳо баргардонида мешавад.
"Ман наметавонам ва намехоҳам касеро дар маърази хатар қарор диҳам",- гуфт ӯ.
Ҳамзамон ҳунарманд то ҳол таърихи рӯзи дигари баргузории консертро мушаххас накардааст ва қайд кард, маълум нест, ки пандемия кай коҳиш меёбад.
Аммо Манижа ба мухлисон ваъда дод, ки дар муддати интизорӣ ҳам маводи нав ва ҳам барномаи нав омода хоҳад кард.
Лентаи хабарҳо
0