Дар вилояти Новосибирск теъдоди муҳоҷирон даҳ баробар афзуд

© Sputnik / Максим Блинов / Гузариш ба медиабонкКурьер на электровелосипеде и работник коммунальной службы
Курьер на электровелосипеде и работник коммунальной службы  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 01.02.2022
Обуна шудан
Дар ҳоле ки дар бархе аз манотиқи Русия камбуди шадиди муҳоҷирон мушоҳида мешавад, дар вилояти Новосибирск тайи як сол вуруди шаҳрвандон аз Осиёи Марказӣ 10 баробар афзоиш ёфтааст
ДУШАНБЕ, 1 фев — Sputnik. Дар вилояти Новосибирск дар як соли охир афзоиши рекордии муҳоҷирон ба қайд гирифта шудааст, гузориш медиҳад, "Sibkray".

"Афзоиши теъдоди муҳоҷирон дар соли 2021 аз 967 нафар ба 9690 нафар расид”, - омадааст дар хабар.

Тақрибан 97% муҳоҷирон, ки барои кор меоянд, шаҳрвандони кишварҳои Осиёи Марказӣ мебошанд.
Агар қаблан бар асари пандемия шаҳрвандони хориҷӣ ба Ватани худ мерафтанд, ҳоло барои дарёфти пул ба минтақа сели муҳоҷирон ворид шудааст.
Ҳамин тариқ суръати афзоиши муҳоҷират дар моҳҳои январ-октябри соли 2021 ба ҳар 10 000 нафар аҳолӣ 41,8 нафарро ташкил дод.
Барои муқоиса дар соли 2020 ин рақам ба 10 ҳазор нафар 4,1 нафарро ташкил дод.
Рейд сотрудников ФМС по выявлению нелегальных мигрантов в Москве - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 29.01.2022
Барои кадом гурӯҳи шаҳрвандони Тоҷикистон вуруд ба Русия манъ аст: посухи вазорат
Гуфта мешавад, ки дар давоми 11 моҳи соли гузашта дар доираи барномаи давлатии кӯчонидани ҳамватанон аз хориҷи кишвар беш аз 4,8 ҳазор нафар ба вилояти Новосибирск омадаанд.
Аз соли 2009 инҷониб дар доираи ин барнома ба минтақа дар маҷмуъ 62 000 нафар омадаанд.
Муҳлати иқомат барои як гурӯҳи муҳоҷирон дар Русия тамдид шуд: кадом?
Ҳамин тариқ вилояти Новосибирск аз рӯи теъдоди ҳамватанони ба Русиякӯчида дар ҷои чорум қарор дорад.
Лентаи хабарҳо
0