Международный аэропорт Челябинск - Sputnik Тоҷикистон, 1920
Парвозҳои миёни Русия ва Тоҷикистон: хабарҳои охирин

Ду ҳавопаймои русии озими Хуҷанд ба Тоҷикистон нарасидаанд: сабаб

© Sputnik / Максим БлиновСамолет Боинг 737 авиакомпании "ЮТэйр"
Самолет Боинг 737 авиакомпании ЮТэйр  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 01.02.2022
Обуна шудан
Ду ҳавопаймое, ки аз Екатеринбург ва Маскав ба Хуҷанди Тоҷикистон парвоз карданд, масири худро тағйир дода, маҷбур ба фуруд дар фурудгоҳи Тошканд шуданд
ДУШАНБЕ,1 фев — Sputnik. Ду ҳавопаймое, ки аз Русия ба самти Тоҷикистон парвоз мекарданд, маҷбур шуданд, дар Ӯзбекистон фуруд оянд.
Ҳамин тариқ парвозҳои ширкати ҳавопаймоии "Ural Airlines" ва "S7 Airlines" аз Екатеринбург ва Маскав ба Хуҷанд ба фурудгоҳи Тошканд равона карда шуданд, хабар медиҳад РИА "Новости" бо истинод ба намояндаи ҶСК "Airlines Uzbekistan".
Сабаби тағйири масир меғи фурудгоҳи Хуҷанд будааст.
Гуфта мешавад, ҳавопаймои SVR-8955-и ширкати "Уралские авиалинии" бо масири Екатеринбург - Хуҷанд, инчунин СБИ-3241-и "Сибир", ки аз Маскав парвоз мекард, дар фурудгоҳи Тошканд фуруд омаданд.
Ҳавопаймоҳо мутаносибан соати 06:13 (04 ва 13 дақиқа ба вакти Маскав) ва 06:53 (04:53) фуруд омадаанд.
Международный аэропорт Волгограда в период пандемии коронавируса - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 05.01.2022
Ҳавопаймо аз Русия натавонист дар Хуҷанд фуруд ояд
Дар ҳавопаймои ширкати "Уралские авиалинии" 78 мусофир ва дар тайёраи S7 187 нафар парвоз кардаанд.
Қайд мешавад, ҳавопаймо дар сурати имкон додани шароити обуҳаво масирро идома медиҳад.
Ба гуфтаи манбаъ, ҳавопаймоҳо ба таври муқаррарӣ фуруд омадаанд, лайнерҳо баробари имкон додани шароити обуҳаво барои парвоз ба Хуҷанд омодагӣ мегиранд.
Қобили зикр аст, ки як рӯз пеш ҳавопаймои ширкати "Уралские авиалинии" аз Маскав ба Фарғона низ ба далели номусоидии обуҳаво маҷбур шуд, масири худро тағйир дода, дар фурудгоҳи Намангон ба замин нишинад.
Ҳамаи 227 нафар аз мусофирон бо нақлиёти заминӣ ба ҷои таъиншуда расонида шуданд.
Лентаи хабарҳо
0