Ҳавопаймо аз Русия натавонист дар Хуҷанд фуруд ояд

© Sputnik / Кирилл Брага / Гузариш ба медиабонкМеждународный аэропорт Волгограда в период пандемии коронавируса
Международный аэропорт Волгограда в период пандемии коронавируса - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 05.01.2022
Обуна шудан
Ҳавопаймои ширкати S7 бо мусофирони самти Тоҷикистон ночор дар фурудгоҳи эҳтиётӣ дар шаҳри Тошканд фуруд омадааст
ДУШАНБЕ, 5 янв — Sputnik. Ҳавопаймо аз Новгороди поён натавонист дар Хуҷанд нишинад ва ба фурудгоҳи Ӯзбекистон парвоз кардааст, хабар дод саҳифаи Tashkent_SkyNews дар шабакаи Telegram.
Ба иттилои манбаъ, ҳавопаймои хатсайри мусофирбарии S7 таҳти рақами 6431 ба фурудгоҳи байналмилалии ба номи Ислом Каримов ба Тошканд равона шуд. Парвозро ҳавопаймои Boeing 737-800 анҷом додаст.
Работа аэродромных служб в аэропорту  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 19.12.2021
Ҳавопаймое, ки аз Душанбе ба Челябинск парвоз дошт, дар Екатеринбург нишаст: Чаро?
Далели тағйири масири парвоз ҳавои номусоид дар шимоли Тоҷикистон арзёбӣ шудааст. Гуфта мешавад, ки феълан дар шаҳри Хуҷанд меғ фаромада, биниш хуб нест. Ба гуфтаи ҳавошиносон, чунин номусоидии ҳаво чанд соати дигар боқӣ хоҳад монд.
Феълан дақиқ нест, ки интизории мусофирони самти Тоҷикистон дар фурудгоҳи эҳтиётӣ дар Ӯзбекистон чӣ қадар тӯл мекашад.
Маврид ба зикр аст, ки қаблан ҳавопаймо, ки аз Тоҷикистон ба Челябинск парвоз дошт, ба далели номусоидии ҳаво дар фурудгоҳи дигар поин шуд. Ҳавопаймо, ки аз шаҳри Душанбе бояд дар фурудгоҳи Курчатов дар Челябинск менишаст, ба фурудгоҳи эҳтиётӣ дар Екатеринбург фиристода шуда буд.
Лентаи хабарҳо
0