Фаъол созанд, вагарна давлат мегирад: ҳушдори раиси Хуҷанд ба моликони корхонаҳо

© дафтари матбуоти ҳукумати ХуҷандФирдавс Шарифзода, шаҳрдори навтаъйини шаҳри Хуҷанд
Фирдавс Шарифзода, шаҳрдори навтаъйини шаҳри Хуҷанд  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 01.02.2022
Обуна шудан
Раиси шаҳри Хуҷанд муҳлат додааст, ки корхонаҳои хусусишуда мувофиқи мақсад истифода бурда шаванд
ДУШАНБЕ, 1 фев – Sputnik. Фирдавс Шарифзода, раиси Хуҷанд ба моликони корхонаҳое, ки фаъол нестанд, ҳушдор додааст, ки дар сурати ислоҳ накардани вазъ ин моликият ба тавозуни ҳукумат гузоронида мешавад.
Шарифзода зимни нишасти матбуотӣ дар Хуҷанд гуфт, масъулони ҳукумат аз дуруст истифода набурдани коргоҳҳои хусусигардонидашуда огаҳ буда, нисбати ҳар яки онҳо санад тартиб додаанд.
“Мо муҳлат додем, агар ҳар як корхонаи дар вақташ хусусигардонидашуда мувофиқи мақсад ба кор бурда нашавад, ба унвонии ҳукумати ҷумҳурӣ мактуб ироа менамоем, то он корхонаҳо дубора давлатӣ ва ё ба нафарони дигар гузаронида шаванд”, - гуфт ӯ.
Сотрудницы швейного цеха в одном из предприятий Таджикистана - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 21.12.2021
Эълони панҷсолаи рушди саноат дар Тоҷикистон
Мавзуи аз кор бозмондани корхонаҳои бузурги саноатӣ дар шимоли Тоҷикистон солҳост, ки дар нишастҳои матбуотӣ дар миён гузошта мешавад.
Шарифзода аз чанд корхонаи хусусигашта дар Хуҷанд мисол овард, ки аз фаъолият бозмонда, ҳич нақше дар иқтисод надоранд. Бино ба иттилои раиси Хуҷанд, ҳоло шумори корхонаҳои истеҳсолӣ дар ин шаҳр ба 174 адад расида, давоми соли 2021 ин шумор коргоҳҳо ҳамагӣ ба андозаи 1,27 млрд сомонӣ маҳсулот истеҳсол намудаанд.
Ин дар ҳолест, ки соли 2020 169 корхонаи хурду бузурги Хуҷанд бо вуҷуди таъсири омилҳои манфӣ ба андозаи 1,492 млрд сомонӣ маҳсулот истеҳсол карда буданд.
Лентаи хабарҳо
0