https://sputnik.tj/20211221/panjsola-rushd-sanoat-tojikiston-1044285342.html
Эълони панҷсолаи рушди саноат дар Тоҷикистон
Эълони панҷсолаи рушди саноат дар Тоҷикистон
Sputnik Тоҷикистон
Эмомалӣ Раҳмон дар Тоҷикистон панҷсолаи рушди саноатро эълон кард 21.12.2021, Sputnik Тоҷикистон
2021-12-21T11:07+0500
2021-12-21T11:07+0500
2021-12-21T12:13+0500
эмомалӣ раҳмон
саноат
паёми раисҷумҳур
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/0a/08/1032046350_0:22:3077:1752_1920x0_80_0_0_cffeffdf215596691f9bfdc793de8de5.jpg
ДУШАНБЕ, 21 дек — Sputnik. Президенти Тоҷикистон дар Паёми имсолааш ба парлумони Тоҷикистон, ки дар Кохи Сомони шаҳри Душанбе идома дорад, гуфт солҳои 2022-2026 дар кишвар панҷсолаи рушди саноат эълон карда шавад.Раисиҷумҳури кишвар ҳамзамон дастур дод, ки дан ин муддат беш аз 500 ҳазор ҷойи корӣ фароҳам созанд.Ҳамзамон ӯ гуфт, даромади аҳолӣ бояд дар ин давра то ду маротиба афзоиш ёбад ва ҳиссаи табақаи миёнаи аҳолӣ ба 45 дарсад расонида, дар натиҷа сатҳи камбизоатӣ то 15 фисад поин оварда шавад.Раисиыумщур гуфт, аҳолии кишвар дар соли 2026 ба 11 миллион нафра мерасад ва аз ин лиҳоз сохтмони корҳонаҳо низ бояд бештар гардад.Ёдовар мешавем, ки дар паёми солонаи худ сарвари давлати Тоҷикистон натоиҷи соли гузаштаро ҷамъбаст карда, самтҳои асосии сиёсати дохиливу хориҷии кишварро барои соли оянда баён мекунад.Имсол дар толори Кохи Сомон вакилони палатаи болоии парлумон, муовинон, сарвазир, аъзои дастгоҳи президент, роҳбарони вазорату идораҳо, раисони вилояту ноҳияҳо, сафирони Тоҷикистон ва меҳмонони хориҷӣ ҳузур доранд.Илова бар ин, аҳли илму фарҳанг ва намояндагони ҷомеа ба ин паём гӯш медиҳанд ва суханронии раисиҷумҳур аз тамоми шабакаҳои телевизиони давлатии Тоҷикистон пахш мешавад..
https://sputnik.tj/20211221/rahmon-afzoish-mmd-tojikiston-1044284160.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/0a/08/1032046350_150:0:2881:2048_1920x0_80_0_0_3557ab2c24fe22c00427bddd11c1ef28.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
эмомалӣ раҳмон, саноат, паёми раисҷумҳур
эмомалӣ раҳмон, саноат, паёми раисҷумҳур
Эълони панҷсолаи рушди саноат дар Тоҷикистон
11:07 21.12.2021 (Навсозишуда: 12:13 21.12.2021) Эмомалӣ Раҳмон дар Тоҷикистон панҷсолаи рушди саноатро эълон кард
ДУШАНБЕ, 21 дек — Sputnik. Президенти Тоҷикистон дар Паёми имсолааш ба парлумони Тоҷикистон, ки дар Кохи Сомони шаҳри Душанбе идома дорад, гуфт солҳои 2022-2026 дар кишвар панҷсолаи рушди саноат эълон карда шавад.
"То ҷашни 35-солагии истиқлолияти кишвар солҳои рушди саноат эълон карда шавад",- таъкид кард президенти Тоҷикистон.
Раисиҷумҳури кишвар ҳамзамон дастур дод, ки дан ин муддат беш аз 500 ҳазор ҷойи корӣ фароҳам созанд.
Ҳамзамон ӯ гуфт, даромади аҳолӣ бояд дар ин давра то ду маротиба афзоиш ёбад ва ҳиссаи табақаи миёнаи аҳолӣ ба 45 дарсад расонида, дар натиҷа сатҳи камбизоатӣ то 15 фисад поин оварда шавад.
Раисиыумщур гуфт, аҳолии кишвар дар соли 2026 ба 11 миллион нафра мерасад ва аз ин лиҳоз сохтмони корҳонаҳо низ бояд бештар гардад.
Ёдовар мешавем, ки дар паёми солонаи худ сарвари давлати Тоҷикистон натоиҷи соли гузаштаро ҷамъбаст карда, самтҳои асосии сиёсати дохиливу хориҷии кишварро барои соли оянда баён мекунад.
Имсол дар толори Кохи Сомон вакилони палатаи болоии парлумон, муовинон, сарвазир, аъзои дастгоҳи президент, роҳбарони вазорату идораҳо, раисони вилояту ноҳияҳо, сафирони Тоҷикистон ва меҳмонони хориҷӣ ҳузур доранд.
Илова бар ин, аҳли илму фарҳанг ва намояндагони ҷомеа ба ин паём гӯш медиҳанд ва суханронии раисиҷумҳур аз тамоми шабакаҳои телевизиони давлатии Тоҷикистон пахш мешавад..