Пограничник на смотровой вышке на границе Кыргызстана. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920
Вазъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон
Хабарҳои бештар аз танишу созишҳои марзӣ миёни Тоҷикистону Қирғизистон

Миёнравии Маскав, тиҷорат байни ҳамсояҳо ё бунёди роҳи нав – роҳҳалли қазияи марз куҷост?

© пресс-служба ГПС КРПограничники на кыргызско-таджикском участке государственной границы
Пограничники на кыргызско-таджикском участке государственной границы  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 31.01.2022
Обуна шудан
Коршиносони тоҷик ҳодисаи шаби 27 январро дар марз бо Қирғизистон натиҷаи тӯл кашидани муайянкунии ҳудудҳо дониста, бар онанд, ки бояд ба ин қазия ҷиддитар муносибат кард
ДУШАНБЕ, 31 янв – Sputnik, Фарида Бобоҷонова. Шоми 27 январ вазъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон боз печида шуд. Бино ба иттилои Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон, гурӯҳе аз шаҳрвандони Қирғизистон мошини як шаҳрванди Тоҷикистонро, ки ба сӯйи рустои Сомониёни ноҳияи Исфара рег мебурд, боздоштанд.
Пас аз он мардуми маҳаллӣ дар сарҳад ҷамъ шуданд. Дар байни шаҳрвандон задухӯрд ба вуқуъ пайваст, ки зуд ба сангпартоӣ аз ҳар ду ҷониб мубаддал гашт.
Марзбонон вориди даргирӣ ва тирпаронӣ оғоз шуд. Баъди чанд вақт техникам ҳарбӣ ба кор даромад. Тарафҳо дар мавриди истифода аз миномёт ва гранатомётҳо муттаҳам шуданд. Ҷонибҳо ҳамчунин дар мавриди истифодаи ҳавопаймоҳои бесарнишини ҳарбӣ низ иттиҳоми мутақобила карданд.
Пас аз муноқиша мақомоти ду кишвар ду мулоқот баргузор карданд. Нахуст тарафҳо барои оташбас ва аз сарҳад баровардани техникаи низомӣ тафовуқ карданд.
Дар натиҷаи ин даргирӣ шумораи ҷонбохтагон аз ҷониби Тоҷикистон ба 2 нафар ва осебдидагон ба 13 нафар, аз ҷумла 8 низомӣ расид. Ҷониби Қирғизистон бошад, эълом кард, ки талафони ҷонӣ надорад, танҳо 12 нафар маҷруҳ шудаанд.
Сотрудник пограничной службы КР на границе с Таджикистаном. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 31.01.2022
ВКД Қирғизистон: Вазъ дар марз бо Тоҷикистон ором аст
Рӯзи 29-уми январ раисони КДАМ-и ду кишвар Саймуъмин Ятимов ва Қамчибек Тошиев мулоқоти сесоата анҷом доданд. Хулосаи муҳими ин суҳбат барқарор кардани бархе хисороти таниш, иҷрои санадҳои пештар имзошуда ва баргаштан ба аломатгузориву муайянкунии ҳудудҳо буд.
Sputnik Тоҷикистон назари коршиносонро дар мавриди далелҳои дубора тезутунд шудани вазъу оқибатҳои он ва роҳҳи ҳалли масоили марзӣ пурсид.
Коршиносони тоҷик бар онанд, ки сабаби асосии ҳодисаҳои охир дар сарҳад равшан – тӯл кашидани масъалаи муайянкунии ҳудудҳо буда, ҷанг роҳи ҳалли масъала нест. Онҳо дар айни ҳол ба бенатиҷа мондани гуфтушунидҳову сари мизи маслиҳат нишастанҳо таъкид карда, мегӯянд, ки роҳи ҳалро бояд ҷуст.

Чашм ало кардаанд?

Неъматулло Мирсаидов, коршиноси тоҷик ва яке аз таҳлилгарони масоили марзӣ бар он аст, ки гирумони чанд соли ҷониби ҳамсоя як хулосаро пеши назар меорад: онҳо вақтро тӯл дода, масъаларо танҳо ба фоидаи хеш ҳал кардан мехоҳанд.
Председатель ГКНБ Камчыбек Ташиев. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 30.01.2022
Вазъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон
Ба фоидаи танҳо Тоҷикистон ё Қирғизистон намешавад: Тошиев роҳҳалли баҳси марзиро гуфт
Ба қавли Мирсаидов, кишвари ҳамсоя ба минтақаи обтақсимкунии “Головной”, манбаи оби канали "Торткӯл"-и Қирзистон, роҳи байни ноҳияи Лайлаку Бодканд, ки аз ҳудуди Тоҷикистон мегузараду онро ҷумҳурӣ ба 49 сол ба кишвари ҳамсоя ба иҷора додааст, чашм ало кардааст.
“Ҳатто дар ҳудуди Тоҷикистон, дар чанд ҷои роҳи Исфана - Ӯш, ки аз Чоркӯҳ низ мегузарад, низомиҳои қирғиз менишастанд”, - изҳори нигаронӣ мекунад вай.

Худро ба нодонӣ мезананд?

Ба қавли ӯ, ҳудуди 7 сол мешавад, ки масъалаҳои марзӣ байни ду кишвар ба кӯчаи сарбастаи мушкилот ворид шудааст. Иродаи ҷониби Қирғизистон дар ҷиҳати ҳалли ин масъала дида намешавад.
Коршинос мегӯяд, тарафҳо метавонистанд ҳудудҳоеро бо ҳам иваз кунанд, аммо ҷониби Бишкек пешниҳодҳое кард, ки умуман боиси қабул нестанд.
“Ҳоло аҷиб он аст, ки ин кишвар қарорҳоеро, ки дар асоси натиҷаи кори комиссияи байниҳукуматӣ қабул кардаанд, қабул надорад. Содир Ҷабборов пештар дар як изҳороташ ҳуҷҷати марзиро беэътибор ва хатои мақомдорони вақти эълон кард”, - мегӯяд Мирсаидов.
Ташиев просит не использовать дроны на границе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 29.01.2022
Тошиев: Ҳар ду тараф истифодаи паҳподҳоро дар марз бас кунед - видео
Таҳлилгар дар мавриди ҳудудҳои баҳсӣ ба инобат гирифтани харитаҳои даврони Иттиҳоди Шӯравиро муҳим мешуморад. Ӯ мегӯяд, дар ин ҷо Русия, ки меросхӯри Иттиҳоди Шӯравӣ аст, метавонад кӯмак кунад.

“Роҳи дигари ҳалли масъала, шояд ҷониби сеюм бошад. Бисёр ҳуҷҷатҳо дар бойгони Русия маҳфузанд. Онҳо бояд тасдиқ кунанд, ки заминҳо бо кадом сабаб ва кай аз Тоҷикистон ба Қирғизистон ва ё баръакс гузаштаанд”, - таъкид мекунад вай.

Маҳдӣ Собир, полковники собиқи Вазорати дифоъ ва дар гузашта корманди Маркази мутолеоти стратегии назди президенти Тоҷикистон, коршиноси масоили низомиву амниятӣ низ қисман ба гуфтаҳои Мирсаидов розист, аммо вай вуҷуди ин мушкилро танҳо ба як тараф рабт намедиҳад:
“Комиссияи байнидавлатие, ки оид ба ин масъала фаъолият мекунад, вобаста ба вазъе ки сар мезанад, мавқеашро иваз мекунад, роҳбари он аз ҷониби Тоҷикистон зуд-зуд иваз мешавад”.
Ба гуфтаи ин коршинос, дар “анклав шудан”-и Ворух то ҷое мақомоти тоҷик низ “айб” доранд.
“Чанд сол пеш, вақте ки яке аз мақомдорони тоҷик раиси комиссия таъйин шуд, ба кушодани роҳ байни шарқу ғарби Қирғизистон, ки аз Тоҷикистон мегузарад, ба воситаи деҳаи Оқсой ва Хоҷаи Аъло иҷозат дод. Вақте ин роҳро кушоданд, Ворух ба "анклав" табдил ёфт. Зимомдорон сари вақт ба ин ҷиҳати масъала аҳамият надоданд”, - бовар дорад вай.
Саймумин Ятимов ва Қамчибек Тошиев - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 29.01.2022
Вазъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон
Суҳбати рӯ ба рӯи Тошиев ва Ятимов: тафсилоти музокироти дуюм
Ӯ мегӯяд, ду кишвар, аз нигоҳи иқтидори низомӣ, ҳамвазн мебошанд, ин ҷо наметавонад масъалаи қувва баррасӣ шавад. Аммо ӯ низ бар он аст, ки бояд тарафҳо аз тарафи севум истифода кунанд.
“Тоҷикистон, ки зери нуфузи Русия аст, бояд ин кишвар дар ҳалли масъала нақш дошта бошад, масъаларо ҳал кунад”, - муътақид аст ӯ.

Дӯстона бояд зист

Полковники мустаъфӣ аз муносибатҳои ҳасанаи ду ҷумҳурӣ низ ёдовар мешавад.

“Замоне қирғизҳо хело кӯмаки бузург карда буданд. Вақте дигар роҳҳо баста буданд, ин кишвари ҳамсоя долонашро барои интиқоли равған, орду сӯзишворӣ ба рӯи Тоҷикистон боз кард. Мо ҳам намехоҳем ҳамсояи бад шавем, об ва роҳро метавон тақсим кард”, - мегӯяд ӯ.

Маҳдӣ Собир бар он аст, ки як роҳи дигаре низ ҳамсоя барои худ метавонад созад ва пеши ҷанҷолҳоро гирад.
Заседание Совета коллективной безопасности ОДКБ - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 20.01.2022
Дастури Ҷабборов ба Тошиев: Дипломҳои кормандони давлатиро тафтиш кун!
“Пешниҳодҳо буданд, ки барои аз вилояти Бодканд ба ноҳияи Лайлак гузаштан, аз ҷониби шарқи деҳаи Хоҷаи Аълои Ворух ба самти ғарбии деҳаи Оқсой, ки тахминан 4 километр роҳ аст, ду кӯҳро пайваст карда, пул созанд ва мошинҳои Қирғизистон бемонеа рафтуомад кунанд. Онҳо бошанд, кӯҳро аз ду ҷониб сӯрох карданд, ки дар натиҷа Ворух анклав шуд”, - мегӯяд вай.

Барои мо мушкили Афғонистон басанда аст

Раҷаб Мирзо, рӯзноманигор ва таҳлилгари тоҷик низ бар он аст, ки акнун бояд масъалаи марзии миёни ду кишварро ҷиддӣ гирифт.
“Бубинед, акнун истифодаи бесарнишинҳо сурат гирифт. Ин маъниеро дорад, ки ҳал нашудани аломатгузории сарҳад метавонад пайомадҳои номаълум, аммо хавфнокро дар пай дошта бошад. Барои минтақаи мо буҳрони Афғонистон бас аст”, - қайд мекунад вай.
Архивное фото Камчибека Ташиева - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 13.10.2021
Тошиев дар бораи аъзои мафияҳо: танҳо сар бардоранд, мо онҳоро пора-пора мекунем
Ба гуфтаи рӯзноманигор, ҳоло ҳар ду тараф ҳам масъалаи аслиро эҳсосӣ ва миллатгароёна баррасӣ мекунанд.
“Ҳар ду ҷониб мушкилоти анқариб якхелаи иҷтимоӣ - иқтисодӣ доранд. Бояд дуруст фаҳмид, ки аз ин гуна қазиясозӣ на Тоҷикистон манфиат мебинад, на Қирғизистон”, - таъкид мекунад вай.

Тошканд ё Кремл?

Раҷаб Мирзо ба кӯмаки кишвари сеюм дар ҳалли ин қазия на он қадар бовар дорад. Аммо мегӯяд, “шояд пешкории Ӯзбекистон ба манфиати кор бошад”.

“Дар мисоли марзӣ Тошканд, ки қазияи марзии худро бо Бишкек то ҷое ҳал кард, метавонад ба ҳалли қазия мусоидат кунад. Аз ҷониби дигар дар замони шӯравӣ асноди марзии минтақа дар Тошканд ҳифз мешуд. Ҳамчунин обрӯи феълии Мирзиеев барои ин шояд мусоид бошад”, - меафзояд ӯ.

Раҷаб Мирзо бар он аст, ки манфиатҳои молӣ одамонро наздиктар карда метавонанд. Марзнишинонро бояд ба муросо андохт.
“Ё бояд то ҳалли масоили аломатгузорӣ дар сатҳи ҳукуматҳо ба мардумони маскуни марзӣ имтиёзҳои вижаи муваққат дод. Роҳҳои дигарро низ пайдо кардан мумкин, албатта, агар хоҳиши ҷиддии ҳалли масъала дар ҷонибҳо бошад ва онҳо самимона кор кунанд, на ба нафъи бозингарони беруна”, - таъкид мекунад таҳлилгар.
Лентаи хабарҳо
0