https://sputnik.tj/20220130/foida-tojikiston-qirghiziston-toshiev-bahsi-marzi-1045329656.html
Ба фоидаи танҳо Тоҷикистон ё Қирғизистон намешавад: Тошиев роҳҳалли баҳси марзиро гуфт
Ба фоидаи танҳо Тоҷикистон ё Қирғизистон намешавад: Тошиев роҳҳалли баҳси марзиро гуфт
Sputnik Тоҷикистон
Сардори Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон роҳи ҳалли баҳси марзӣ бо Тоҷикистон ва замони марзкушоиро гуфт
2022-01-30T13:15+0500
2022-01-30T13:15+0500
2022-01-31T14:22+0500
қирғизистон
осиё
вазъ дар марзи тоҷикистону қирғизистон
дар тоҷикистон
кдам
баҳс
гуфтушунид
марз
замин
қамчибек тошиев
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/04/1d/1039147957_0:0:963:541_1920x0_80_0_0_4a6f0247464a06f35e0de2e0c9f78926.jpg
ДУШАНБЕ, 30 янв — Sputnik. Масъалаи тааллуқ доштани заминҳо танҳо ба фоидаи Тоҷикистон ё Қирғизистон ҳал намегардад, изҳор дошт Қамчибек Тошиев, раиси КДАМ-и ҶҚ. "Мо масъалаи марзро бо муросо ва гузашт барои ҳар ду ҷониб ҳал хоҳем кард", - овардааст хабаргузории "Кабар" аз қавли Тошиев. Вай дар идома аз маҳаллу минтақаҳое ном бурдааст, ки нисбатан мушкилзоянду бояд дар навбати аввал ҳал гарданд.Раиси КДАМ-и Қирғизистон таъкид намуд, то замоне масоили марзӣ танзим нашаванд, мардум азоб хоҳанд кашиду давлат зиён мебинад. Мардум бояд дар фазои амн зиндагӣ кунад, афзуд ӯ.Дар мавриди марзкушоӣ бо Тоҷикистон, ки аз моҳи майи соли гузашта то ҳол баста мебошад, Тошиев иттилоъ додаст, ки сарҳад баъди анҷоми аломатгузорӣ кушода мешавад. Тоҷикистону Қирғизистон беш аз 980 километр марзи муштарак доранд, ки то ҳол ҳудуди 520 километри он аломатгузорӣ шудааст. Номуайянии қисматҳои дигари марзӣ мунтазам боиси таниши ҷонибҳо мегардад, ки баъзан ба даргирии мусаллаҳона ва хунрезиҳо мепечад. Охирин даргирии марзӣ миёни Тоҷикистону Қирғизистон 27 январ рух дод. Дар пайи ин муноқиша ду сокини мулкӣ аз ҷониби Тоҷикистон ба ҳалокат расида, 10 нафар, аз ҷумла 6 низомию 4 мулкӣ ҷароҳат бардоштанд. Қирғизистон аз осеби 12 шаҳрвандаш хабар додааст, ки низомиён мебошанд. Бишкеку Душанбе чун дигар ҳолатҳои қаблии даргирӣ ин дафъа низ ҳамдигарро дар ташаннуҷи вазъ ва оғози тирпаронӣ муттаҳам мекунанд. Феълан вазъ дар марз муътадил буда, ҷонибҳо созиш кардаанд, ки барои таҳқиқи ҳодиса ва муайян намудани омилони он комиссияи махсус ташкил карда шавад.
https://sputnik.tj/20220129/toshiev-yatimov-salomi-nizomi-peshvoz-video-1045321794.html
қирғизистон
осиё
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/04/1d/1039147957_102:0:823:541_1920x0_80_0_0_ff304551444af9b6164ba4bee841d0a8.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тошиев, ҳал, баҳс, марз, амният
тошиев, ҳал, баҳс, марз, амният
Ба фоидаи танҳо Тоҷикистон ё Қирғизистон намешавад: Тошиев роҳҳалли баҳси марзиро гуфт
13:15 30.01.2022 (Навсозишуда: 14:22 31.01.2022) Сардори Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон дар мулоқот бо сокинони вилояти Бодканд роҳи ҳалли баҳси марзӣ бо Тоҷикистон ва замони марзкушоиро гуфт
ДУШАНБЕ, 30 янв — Sputnik. Масъалаи тааллуқ доштани заминҳо танҳо ба фоидаи Тоҷикистон ё Қирғизистон ҳал намегардад, изҳор дошт Қамчибек Тошиев, раиси КДАМ-и ҶҚ.
"Мо масъалаи марзро бо муросо ва гузашт барои ҳар ду ҷониб ҳал хоҳем кард", - овардааст хабаргузории "Кабар" аз қавли Тошиев.
Вай дар идома аз маҳаллу минтақаҳое ном бурдааст, ки нисбатан мушкилзоянду бояд дар навбати аввал ҳал гарданд.
"Суолҳои зиёде дар қисматҳои Кулунду, Мақсад, Арка, Интернатсионал, Борбордуқ ва ғайра мавҷуданд, ки баъди ҳаллашон ба масоили марзии Қоқ-Терек, Отрто, Боз, Таш, Тумшуқ ва Самонян бармегардем", - афзуд Тошиев.
Раиси КДАМ-и Қирғизистон таъкид намуд, то замоне масоили марзӣ танзим нашаванд, мардум азоб хоҳанд кашиду давлат зиён мебинад. Мардум бояд дар фазои амн зиндагӣ кунад, афзуд ӯ.
Дар мавриди марзкушоӣ бо Тоҷикистон, ки аз моҳи майи соли гузашта то ҳол баста мебошад, Тошиев иттилоъ додаст, ки сарҳад баъди анҷоми аломатгузорӣ кушода мешавад.
Тоҷикистону Қирғизистон беш аз 980 километр марзи муштарак доранд, ки то ҳол ҳудуди 520 километри он аломатгузорӣ шудааст. Номуайянии қисматҳои дигари марзӣ мунтазам боиси таниши ҷонибҳо мегардад, ки баъзан ба даргирии мусаллаҳона ва хунрезиҳо мепечад.
Охирин даргирии марзӣ миёни Тоҷикистону Қирғизистон 27 январ рух дод. Дар пайи ин муноқиша ду сокини мулкӣ аз ҷониби Тоҷикистон ба ҳалокат расида, 10 нафар, аз ҷумла 6 низомию 4 мулкӣ ҷароҳат бардоштанд. Қирғизистон аз осеби 12 шаҳрвандаш хабар додааст, ки низомиён мебошанд.
Бишкеку Душанбе чун дигар ҳолатҳои қаблии даргирӣ ин дафъа низ ҳамдигарро дар ташаннуҷи вазъ ва оғози тирпаронӣ муттаҳам мекунанд.
Феълан вазъ дар марз муътадил буда, ҷонибҳо созиш кардаанд, ки барои таҳқиқи ҳодиса ва муайян намудани омилони он комиссияи махсус ташкил карда шавад.