https://sputnik.tj/20220129/toshiev-istifodai-pahpodho-marz-bas-kuned---video-1045322634.html
Тошиев: Ҳар ду тараф истифодаи паҳподҳоро дар марз бас кунед - видео
Тошиев: Ҳар ду тараф истифодаи паҳподҳоро дар марз бас кунед - видео
Sputnik Тоҷикистон
Раиси КДАМ Қирғизистон аз низомиёёни худ ва Тоҷикистон хост истифодаи паҳподҳо ё дронҳоро дар марз бас кунанд
2022-01-29T17:00+0500
2022-01-29T17:00+0500
2022-01-29T17:30+0500
видео
дар тоҷикистон
қирғизистон
марз
паҳпод
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/01/1d/1045322526_0:0:1246:702_1920x0_80_0_0_38769412e473d1b613b9cb5f11c65c89.jpg
Субҳи 29 январ дар як гузаргоҳ дар марзи Исфараву Бодканд музокироти якбаяки раҳбарони Кумитаҳои давлатии амнияти миллии Тоҷикистону Қирғизистон Саймумин Ятимов ва Қамчибек Тошиев доир шудааст.Дар пайи ин мулоқот, ки тақрибан се соат давом кард ягон санад имзо нашудааст.Ин музокирот дар пайи муноқишаи мусаллаҳонаи шаби 27 январ байни марзбонҳои тоҷику қирғиз аст, ки дар ҷараёни он ду сокини Тоҷикистон кушта ва беш аз 20 нафари дигар аз ду тараф захмӣ шуданд.Дар пайи мулоқоташон Ятимов ва Тошиев ба хабарнигорон алоҳида изҳорот доданд.Баъди ин баёнияҳо Тошиев, ки ба суҳбаташ бо Ятимов идома медод, гуфт: “Аз ин ба баъд, аз имрӯз эътиборан ҳеҷ як бесарнишин, яъне дрон (дар марзи ду кишвар) парвоз намекунадЁдовар мешавем, ки муноқишаи мусаллаҳона дар марзи ду кишвар дар наздикии рустои Хоҷаи Аъло шоми 27 январ сар зад.Бино ба иттилоъи Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон, гурӯҳе аз шаҳрвандони Қирғизистон мошини як шаҳрванди Тоҷикистонро, ки ба сӯи рустои Сомониёни ноҳияи Исфара рег мебурд, боздоштанд.Пас аз он мардуми маҳаллӣ дар сарҳад ҷамъ шуданд. Дар байни шаҳрвандон задухӯрд ба вуқӯъ пайваст, ки зуд ба сангпартоӣ аз ҳарду ҷониб мубаддал гашт.Баъдан марзбонон вориди даргирӣ шуданд ва тирпарронӣ оғоз шуд. Баъди чанд вакт техникам ҳарбй ба кор даромад. Тарафҳо дар мавриди истифода аз миномёт ва гранатомётҳо муттаҳам шуданд.Деҳаи ҳамсоя зери оташ қарор гирифт. Баъзе хонаҳо дар Хоҷаи Аъло ба кӯҳи сангу тахтаҳои сӯхта табдил ёфтаанд.КДАМ Қирғизистон версияи худро дар бораи ҳодиса пеш гузошт. Ба гуфти ин вазорат, сабаби муноқиша бастани қитъаи шоҳроҳи Бодканд-Исфара будааст.Ҷонибҳо ҳамчунин дар мавриди истифодаи ҳавопаймоҳои бесарнишини ҳарбӣ низ иттиҳоми мутақобила карданд.СПАД ба вазъият дахолат кард. Дабири кулли созмон Станислав Зас бо намояндагони ҳарду ҷониб телефонӣ суҳбат карда, аз онҳо хост, тирпаррониро ҳарчӣ зудтар қатъ карда, низоъро тавассути музокироти дуҷониба ҳал кунанд.Тоҷикистон иддао кард, ки дар ҷараёни даргирӣ 10 нафар низомиён ва сокинони маҳаллӣ маҷрӯҳ ва 2 нафар кушта шудаанд.
қирғизистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/01/1d/1045322526_0:0:960:720_1920x0_80_0_0_0f64aade835d247f57757f8fc7a88d4c.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, қирғизистон, истифода, паҳпод, марз, қамчибек тошиев, кдам
тоҷикистон, қирғизистон, истифода, паҳпод, марз, қамчибек тошиев, кдам
Тошиев: Ҳар ду тараф истифодаи паҳподҳоро дар марз бас кунед - видео
17:00 29.01.2022 (Навсозишуда: 17:30 29.01.2022) Раиси КДАМ Қирғизистон аз низомиёёни худ ва Тоҷикистон хост истифодаи паҳподҳо ё дронҳоро дар марз бас кунанд
Субҳи 29 январ дар як гузаргоҳ дар марзи Исфараву Бодканд музокироти якбаяки раҳбарони Кумитаҳои давлатии амнияти миллии Тоҷикистону Қирғизистон Саймумин Ятимов ва Қамчибек Тошиев доир шудааст.
Дар пайи ин мулоқот, ки тақрибан се соат давом кард ягон санад имзо нашудааст.
Ин музокирот дар пайи муноқишаи мусаллаҳонаи шаби 27 январ байни марзбонҳои тоҷику қирғиз аст, ки дар ҷараёни он ду сокини Тоҷикистон кушта ва беш аз 20 нафари дигар аз ду тараф захмӣ шуданд.
Дар пайи мулоқоташон Ятимов ва Тошиев ба хабарнигорон алоҳида изҳорот доданд.
Баъди ин баёнияҳо Тошиев, ки ба суҳбаташ бо Ятимов идома медод, гуфт: “Аз ин ба баъд, аз имрӯз эътиборан ҳеҷ як бесарнишин, яъне дрон (дар марзи ду кишвар) парвоз намекунад
“Аз паҳподҳо истифода накунед. Бас аст ин корҳо, ҳам аз ин тараф, ҳам аз он тараф!”, - гуфт Тошиев
Ёдовар мешавем, ки муноқишаи мусаллаҳона дар марзи ду кишвар дар наздикии рустои Хоҷаи Аъло шоми 27 январ сар зад.
Бино ба иттилоъи Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон, гурӯҳе аз шаҳрвандони Қирғизистон мошини як шаҳрванди Тоҷикистонро, ки ба сӯи рустои Сомониёни ноҳияи Исфара рег мебурд, боздоштанд.
Пас аз он мардуми маҳаллӣ дар сарҳад ҷамъ шуданд. Дар байни шаҳрвандон задухӯрд ба вуқӯъ пайваст, ки зуд ба сангпартоӣ аз ҳарду ҷониб мубаддал гашт.
Баъдан марзбонон вориди даргирӣ шуданд ва тирпарронӣ оғоз шуд. Баъди чанд вакт техникам ҳарбй ба кор даромад. Тарафҳо дар мавриди истифода аз миномёт ва гранатомётҳо муттаҳам шуданд.
Деҳаи ҳамсоя зери оташ қарор гирифт. Баъзе хонаҳо
дар Хоҷаи Аъло ба кӯҳи сангу тахтаҳои сӯхта табдил ёфтаанд.
КДАМ Қирғизистон версияи худро дар бораи ҳодиса пеш гузошт. Ба гуфти ин вазорат, сабаби муноқиша бастани қитъаи шоҳроҳи Бодканд-Исфара будааст.
Ҷонибҳо ҳамчунин дар мавриди истифодаи ҳавопаймоҳои бесарнишини ҳарбӣ низ иттиҳоми мутақобила карданд.
СПАД ба вазъият дахолат кард. Дабири кулли созмон Станислав Зас бо намояндагони ҳарду ҷониб телефонӣ суҳбат карда, аз онҳо хост, тирпаррониро ҳарчӣ зудтар қатъ карда, низоъро тавассути музокироти дуҷониба ҳал кунанд.
Тоҷикистон иддао кард, ки дар ҷараёни даргирӣ 10 нафар низомиён ва сокинони маҳаллӣ маҷрӯҳ ва 2 нафар кушта шудаанд.