Тошиев Ятимовро бо саломи низомӣ пешвоз гирифт – видео

Обуна шудан
Дидору мулоқоти раиси Кумитаи амнияти миллии Тоҷикистон бо ҳамтои қирғизаш баъд аз муноқишаи марзӣ, ки боиси кушта шудани ду нафару захм бардоштани даҳҳо нафари дигар шуд, сурат гирифт
Рӯзи 29 январ мулоқоти раҳбарони Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистону Қирғизистон баргузор шуд.
Ин нахустин дидори Саймумин Ятимов, роҳбари КДАМ Тоҷикистон ва ҳамои қирғизаш Қамчибек Тошиев баъд аз муноқишаи ахир дар марз буд.
Дар мулоқоти нахустин дар музокирот тарафи Тоҷикистонро муовини раиси КДАМ Тоҷикистон ва роҳбари қӯшунҳои сарҳадии кишвар муаррифӣ мекард.
Дар навор дида мешавад, ки Қамчибек Тошиев ҳамтои тоҷикашро шахсан мегирад ва замоне ки Саймумин Ятимов аз мошин пиёда мешавад, Тошиев ӯро бо саломи низомӣ пешвоз мегирад.
Сипас Тошиев ба Ятимов тамоми ҳамроҳонашро муаррифӣ мекунад.
Музокираи ҷонибҳо қариб се соат идома кард.
Ёдовар мешавем, ки муноқишаи мусаллаҳона дар марзи ду кишвар дар наздикии рустои Хоҷаи Аъло шоми 27 январ сар зад.
Бино ба иттилои Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон, гурӯҳе аз шаҳрвандони Қирғизистон мошини як шаҳрванди Тоҷикистонро, ки ба сӯйи рустои Сомониёни ноҳияи Исфара рег мебурд, боздоштанд.
Пас аз он мардуми маҳаллӣ дар сарҳад ҷамъ шуданд. Дар байни шаҳрвандон задухӯрд ба вуқӯъ пайваст, ки зуд ба сангпартоӣ аз ҳарду ҷониб мубаддал гашт.
Баъдан марзбонон вориди даргирӣ шуданд ва тирпарронӣ оғоз шуд. Баъди чанд вакт техникам ҳарбй ба кор даромад. Тарафҳо дар мавриди истифода аз миномёт ва гранатомётҳо муттаҳам шуданд.
Деҳаи ҳамсоя зери оташ қарор гирифт. Баъзе хонаҳо дар Хоҷаи Аъло ба кӯҳи сангу тахтаҳои сӯхта табдил ёфтаанд.
КДАМ Қирғизистон версияи худро дар бораи ҳодиса пеш гузошт. Ба гуфтаи ин вазорат, сабаби муноқиша бастани қитъаи шоҳроҳи Бодканд - Исфара будааст.
Ҷонибҳо ҳамчунин дар мавриди истифодаи ҳавопаймоҳои бесарнишини ҳарбӣ низ иттиҳоми мутақобила карданд.
СПАД ба вазъият дахолат кард. Дабири кулли созмон Станислав Зас бо намояндагони ҳар ду ҷониб телефонӣ суҳбат карда, аз онҳо хост, тирпарониро ҳарчи зудтар қатъ ва низоъро тавассути музокироти дуҷониба ҳал кунанд.
Тоҷикистон иддао кард, ки дар ҷараёни даргирӣ 10 нафар аз низомиён ва сокинони маҳаллӣ маҷруҳ ва 2 нафар кушта шудаанд.
Лентаи хабарҳо
0