https://sputnik.tj/20220130/bonki-milli-bonki-nizomsozi-tojikistonro-elon-1045328438.html
Бонки миллӣ се бонки низомсози Тоҷикистонро эълон кард
Бонки миллӣ се бонки низомсози Тоҷикистонро эълон кард
Sputnik Тоҷикистон
Се бонки бузурги Тоҷикистон, “Амонатбонк”, “Ориёнбонк” ва “Бонки Эсхата” ба рӯйхати ташкилотҳои қарзии низомсоз ворид гардиданд
2022-01-30T11:40+0500
2022-01-30T11:40+0500
2022-02-18T20:15+0500
дар тоҷикистон
бонк
бонки миллӣ
амонатбонк
эсхата
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/103032/41/1030324174_0:0:1560:878_1920x0_80_0_0_6f2d7b4feaef21856035a4a154c81996.jpg
ДУШАНБЕ, 30 янв — Sputnik. Бо қарори раёсати Бонки миллии Тоҷикистон рӯйхати ташкилотҳои қарзии низомсоз ва ташкилотҳои қарзии эҳтимолӣ барои соли 2022 тасдиқ гардид, иттилоъ додааст дафтари матбуотии Бонки миллӣ.Тибқи рӯйхат мазкур, Бонки давлатии амонатгузории Тоҷикистон “Амонатбонк”, “Ориёнбонк” ва бонки "Эсхата” ба рӯйхати ташкилотҳои қарзии низомсоз ворид гардидаанд.Масъулони Бонки миллӣ қайд намудаанд, ки рӯйхати ташкилотҳои қарзии низомсоз ва ташкилотҳои қарзии эҳтимолӣ мутобиқи “Қоидаҳои муайян намудани ташкилотҳои қарзии низомсоз” тасдиқ карда мешаванд.Ҳамчунин тибқи қарори раёсати Бонки миллии Тоҷикистон, ташкилоти амонатии қарзии хурд “Имон Интернешнл” низ ба рӯйхати ташкилотҳои қарзии эҳтимолӣ барои соли 2022 ворид гардид.Бояд қайд кард, ки рӯйхати мазкур соле як маротиба таҳия гардида, дар сомонаи Бонки миллии Тоҷикистон ва маҷаллаи “Бонкдорӣ. Тараққиёт. Ҷаҳонишавӣ”-и ин бонк нашр мегардад.
https://sputnik.tj/20211126/hajm-maosh-kalontarin-tojikiston-1043770534.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/103032/41/1030324174_0:0:1560:1170_1920x0_80_0_0_cac0592974af4b7dcf5ac84d0c0f3d2b.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, бонк, низомсоз, бонки миллӣ, амонатбонк, ориёнбонк, бонки эсхата
тоҷикистон, бонк, низомсоз, бонки миллӣ, амонатбонк, ориёнбонк, бонки эсхата
Бонки миллӣ се бонки низомсози Тоҷикистонро эълон кард
11:40 30.01.2022 (Навсозишуда: 20:15 18.02.2022) Се бонки бузурги Тоҷикистон, “Амонатбонк”, “Ориёнбонк” ва “Эсхата” ба рӯйхати ташкилотҳои қарзии низомсоз ворид гардиданд
ДУШАНБЕ, 30 янв — Sputnik. Бо қарори раёсати Бонки миллии Тоҷикистон рӯйхати ташкилотҳои қарзии низомсоз ва ташкилотҳои қарзии эҳтимолӣ барои соли 2022 тасдиқ гардид, иттилоъ додааст дафтари матбуотии Бонки миллӣ.
Тибқи рӯйхат мазкур, Бонки давлатии амонатгузории Тоҷикистон “Амонатбонк”, “Ориёнбонк” ва бонки "Эсхата” ба рӯйхати ташкилотҳои қарзии низомсоз ворид гардидаанд.
Масъулони Бонки миллӣ қайд намудаанд, ки рӯйхати ташкилотҳои қарзии низомсоз ва ташкилотҳои қарзии эҳтимолӣ мутобиқи “Қоидаҳои муайян намудани ташкилотҳои қарзии низомсоз” тасдиқ карда мешаванд.
Ҳамчунин тибқи қарори раёсати Бонки миллии Тоҷикистон, ташкилоти амонатии қарзии хурд “Имон Интернешнл” низ ба рӯйхати ташкилотҳои қарзии эҳтимолӣ барои соли 2022 ворид гардид.
“Ба ташкилотҳои қарзии эҳтимолӣ ташкилотҳое дохил мегарданд, ки аз рӯи баҳодиҳии навбатӣ метавонанд ташкилоти қарзии низомсоз эътироф шаванд”, - иттилоъ додааст Бонки миллӣ.
Бояд қайд кард, ки рӯйхати мазкур соле як маротиба таҳия гардида, дар сомонаи Бонки миллии Тоҷикистон ва маҷаллаи “Бонкдорӣ. Тараққиёт. Ҷаҳонишавӣ”-и ин бонк нашр мегардад.