Коршинос ширкати эҳтимолии СПАД дар ҳалли низои Тоҷикистону Қирғизистонро арзёбӣ кард

© Sputnik / Семиряга / Гузариш ба медиабонкТаджикские пограничники. Фото из архива
Таджикские пограничники. Фото из архива - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 28.01.2022
Обуна шудан
Коршиносон бар ин назаранд, ки барои ҳалли мушкилоти марзии Тоҷикистону Қирғизистон миёнҷигарии кишвари сеюм лозим аст
ДУШАНБЕ, 28 янв — Sputnik. Барои ҳалли муноқиша дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон ҳакамии беруна лозим аст, хабар дод як манбаъ дар Академияи илмҳои ҳарбии Федератсияи Русия ба Sputnik Тоҷикистон.
"Мушкилоти аломатгузорӣ ва демилитаризатсияи мутақобилаи марзи Тоҷикистону Қирғизистон мубрам боқӣ мемонад. Агар музокирот таҳти назорати берунии СПАД ва сарпарастии Маскав сурат бигирад, беҳтарин аст", -афзудааст манбаъ.
Ба гуфтаи як манбаъ дар Фарҳангистони улуми низомии Русия, низоъ набояд ҳамчун "ҳалқаи заиф" дар СПАД арзёбӣ шавад.
“Ин вазъ ба якпорчагии Созмон дар ҳайати феълии он таъсире нахоҳад дошт. Ҳоло як фурсати бузург барои нишон додани он аст, ки СПАД чӣ гуна ба ҳалли масъалаҳои сиёсиву дипломатӣ қодир аст”, - таъкид кард ӯ.
Сотрудник пограничной службы КР на границе с Таджикистаном. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 28.01.2022
Оромӣ дар марз: гуфтугӯҳои Тоҷикистону Қирғизистон анҷом ёфтанд, аммо чӣ натиҷа доданд?
Ёдовар мешавем, рӯзи 27-уми январ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон ҳодисаи дигар рух дод, ки боиси даргирии низомиён шуд.
Тибқи иттилои расмии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон, он тақрибан соати 17:20 ба вақти маҳаллӣ оғоз шудааст.
Як гурӯҳи шаҳрвандони ношинос аз қаламрави Қирғизистон дар ҳудуди 50 нафар аз сокинони шӯрои деҳаи Оқсойи вилояти Бодканд мошини як шаҳрванди Тоҷикистонро дар болои пули назди рустои Хоҷаи Аъло иҷборан боздоштанд.
Мошин ба деҳаи Сомониёни ноҳияи Исфара рег мекашонд. Ҳамааш аз партоби санг оғоз шуда, баъдан муноқиша ба тирпарронии мусаллаҳона табдил ёфт.
Дар ҳамин ҳол, Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон баста шудани қисмате аз шоҳроҳи Бодканд-Исфанаро сабаби муноқиша донистааст.
Палата, больница - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 28.01.2022
Тоҷикистон расман теъдоди фавтидагону захмиёни муноқишаи марзиро эълон кард
Дар Бишкек иддао доранд, ки оташро ҷониби Тоҷикистон боз кардааст.
Душанбе низ дар навбати худ Қирғизистонро ба истифода аз силоҳи миномётӣ аз ҷумла зидди аҳолии осоишта муттаҳам кард.
Тоҷикистон ҳамчунин гуфт, ҳавопаймоҳои бесарнишини Қирғизистон ҳарими ҳавоии Тоҷикистонро вайрон кардааст.
Дар пайи муноқиша шабона ҷонибҳо сари мизи музокира нишаста, эълони оташбас карданд.
Ба иттилои расмӣ дар пайи муноқиша аз ҷониби Тоҷикистон 10 нафар захмӣ гардиданд, ки аз онҳо 6 нафар низомӣ ва 4 нафар сокинони мулкӣ мебошанд. Ҳамчунин, 2 нафари дигар фавтидаанд.

Вокуниши СПАД

Дар пасманзари ташдиди низоъ, дабири кулли СПАД Станислав Зас бо дабирони шӯроҳои амнияти Тоҷикистон Насрулло Маҳмудзода ва аз Қирғизистон Марат Имонқулови гуфтугӯи телефонӣ анҷом дод.
Созмон аз ҷонибҳо даъват кард, ки оташкушоиро дар марзи Тоҷикистону Қирғизистонро қатъ кунанд.
Генеральный секретарь Организации Договора о коллективной безопасности Станислав Зась - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 27.01.2022
Дархости СААД аз Тоҷикистону Қирғизистон: Тирпарониро фавран қатъ кунед!
"Даргириҳои дубора дар марз, ки дар натиҷа захмиён дорад, нигаронии ҷиддиро ба бор овардааст. Муқовимати мусаллаҳона дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон бояд фавран қатъ карда шавад", - шарҳ дод Зас.
Вай таъкид кард, ки низоъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон бояд танҳо дар сари мизи музокирот бо роҳи осоишта ҳал шавад.
Дабири кулл зикр кард, ки СПАД омода аст ба Тоҷикистон ва Қирғизистон дар ҳалли низоъ кумаки лозимро расонад.
Лентаи хабарҳо
0