https://sputnik.tj/20220128/tojikiston-tehdod-favtidagon-zakhmiyon-marziro-1045281122.html
Тоҷикистон расман теъдоди фавтидагону захмиёни муноқишаи марзиро эълон кард
Тоҷикистон расман теъдоди фавтидагону захмиёни муноқишаи марзиро эълон кард
Sputnik Тоҷикистон
Дар пайи муноқишаи марзии ахир ду шаҳрванди Тоҷикистон ҷон додааст 28.01.2022, Sputnik Тоҷикистон
2022-01-28T09:18+0500
2022-01-28T09:18+0500
2022-01-28T16:58+0500
дар тоҷикистон
муноқишаи марзӣ
кдам ҷт
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/01/1c/1045285431_0:308:3093:2047_1920x0_80_0_0_2f77fca7b04404d081ef02a463447f12.jpg
ДУШАНБЕ, 28 янв — Sputnik. Хадамоти марзбонии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон расман теъдоди захмиёну фавтидагонро нашр кард.Дар натиҷаи низои сарҳадӣ аз ҷониби Тоҷикистон 10 нафар захмӣ гардиданд, ки аз онҳо 6 нафар низомӣ ва 4 нафар сокинони мулкӣ мебошанд, хабар медиҳад маркази матбуотии хадамоти марзбонии КДАМ.Ҳамчунин ду нафар аз шаҳрвандони Тоҷикистон – Тӯйчиев Обидҷони 36-сола, сокини деҳаи Хоҷаи Аъло бар асари таркиши хумпораи низомиёни Қирғизистон дар ҳавлияш ва Шарипов Абдулатиф Рафиевичи 58-сола, ронандаи шуъбаи ёрии аввалияи тиббии беморхонаи шаҳри Исфара ҳангоми наҷоти шаҳрвандони мулкии ин деҳа дар ин зарбаи хумпораандози ҷониби Қирғизистон ба ҳалокат расидаанд. Дар пайи муноқишаи шаби 28-уми январи соли 2022, соати 01.00 дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Сурхи шаҳри Исфара вохӯрии гурӯҳи кории мақомоти салоҳиятдори ҷониби Тоҷикистону Қирғизистон баргузор гардид. Ҷонибҳо баъди баррасиву муҳокимаи муноқишаи мусаллаҳонаи сарҳадӣ ба чунин мувофиқа расиданд, ки оташбас эълон гардида, то соати 08:00, санаи 28 январи соли 2022 тамоми қувваю воситаҳои иловагӣ ва техникаҳои ҷангӣ аз хатти сарҳади давлатӣ ба мавқеи доимии қарордошташон баргардонида шаванд. Айни замон вазъият дар сарҳади давлатии Тоҷикистону Қирғизистон муътадил буда, сабабу омилҳои муноқишаи мусаллаҳонаи сарҳадӣ аз ҷониби комиссияи муштараки сохторҳои дахлдори ҳар ду ҷониб мавриди таҳқиқ қарор дорад.Ёдовар мешавем, рӯзи 27 январи соли 2022, тахминан соати 18:40 дар чорроҳаи Зарафшон ва маҳаллаи Сомониёни ҷамоати деҳоти Чоркӯҳи шаҳри Исфара байни сарҳадбонони Тоҷикистон ва Қирғизистон муноқишаи мусаллаҳона ба амал омад.
https://sputnik.tj/20220127/kdam-tojikiston-ghiziston-1045274455.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/01/1c/1045285431_0:0:2729:2047_1920x0_80_0_0_49d94998b91b300b0c8076e64dc690ce.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
дар тоҷикистон, муноқишаи марзӣ, кдам ҷт
дар тоҷикистон, муноқишаи марзӣ, кдам ҷт
Тоҷикистон расман теъдоди фавтидагону захмиёни муноқишаи марзиро эълон кард
09:18 28.01.2022 (Навсозишуда: 16:58 28.01.2022) Дар пайи муноқишаи марзии ахир ду шаҳрванди Тоҷикистон ҷон додааст
ДУШАНБЕ, 28 янв — Sputnik. Хадамоти марзбонии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон расман теъдоди захмиёну фавтидагонро нашр кард.
Дар натиҷаи низои сарҳадӣ аз ҷониби Тоҷикистон 10 нафар захмӣ гардиданд, ки аз онҳо 6 нафар низомӣ ва 4 нафар сокинони мулкӣ мебошанд, хабар медиҳад маркази матбуотии хадамоти марзбонии КДАМ.
Ҳамчунин ду нафар аз шаҳрвандони Тоҷикистон – Тӯйчиев Обидҷони 36-сола, сокини деҳаи Хоҷаи Аъло бар асари таркиши хумпораи низомиёни Қирғизистон дар ҳавлияш ва Шарипов Абдулатиф Рафиевичи 58-сола, ронандаи шуъбаи ёрии аввалияи тиббии беморхонаи шаҳри Исфара ҳангоми наҷоти шаҳрвандони мулкии ин деҳа дар ин зарбаи хумпораандози ҷониби Қирғизистон ба ҳалокат расидаанд.
Дар пайи муноқишаи шаби 28-уми январи соли 2022, соати 01.00 дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Сурхи шаҳри Исфара вохӯрии гурӯҳи кории мақомоти салоҳиятдори ҷониби Тоҷикистону Қирғизистон баргузор гардид.
Ҷонибҳо баъди баррасиву муҳокимаи муноқишаи мусаллаҳонаи сарҳадӣ ба чунин мувофиқа расиданд, ки оташбас эълон гардида, то соати 08:00, санаи 28 январи соли 2022 тамоми қувваю воситаҳои иловагӣ ва техникаҳои ҷангӣ аз хатти сарҳади давлатӣ ба мавқеи доимии қарордошташон баргардонида шаванд.
Айни замон вазъият дар сарҳади давлатии Тоҷикистону Қирғизистон муътадил буда, сабабу омилҳои муноқишаи мусаллаҳонаи сарҳадӣ аз ҷониби комиссияи муштараки сохторҳои дахлдори ҳар ду ҷониб мавриди таҳқиқ қарор дорад.
Ёдовар мешавем, рӯзи 27 январи соли 2022, тахминан соати 18:40 дар чорроҳаи Зарафшон ва маҳаллаи Сомониёни ҷамоати деҳоти Чоркӯҳи шаҳри Исфара байни сарҳадбонони Тоҷикистон ва Қирғизистон муноқишаи мусаллаҳона ба амал омад.