https://sputnik.tj/20220127/tirparoni-khotima-saad-tojikiston-qirghiziston-1045270391.html
Дархости СААД аз Тоҷикистону Қирғизистон: Тирпарониро фавран қатъ кунед!
Дархости СААД аз Тоҷикистону Қирғизистон: Тирпарониро фавран қатъ кунед!
Sputnik Тоҷикистон
Дабири кулли СПАД гуфт, низоъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон бояд танҳо бо роҳи осоишта ҳал шавад 27.01.2022, Sputnik Тоҷикистон
2022-01-27T21:56+0500
2022-01-27T21:56+0500
2022-01-28T11:50+0500
дар тоҷикистон
амният ва мудофиа
қирғизистон
саад
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/0a/15/1043011276_0:0:3047:1714_1920x0_80_0_0_a6f9a03f8ddeabb0c1c08d0ffad26f4e.jpg
ДУШАНБЕ, 27 янв - Sputnik. Станислав Зас, дабири кулли СПАД бо котибони шӯроҳои амнияти Тоҷикистону Қирғизистон Насрулло Маҳмудзода ва Марат Имонқулов гуфтугӯи телефонӣ анҷом дод. Зас аз ҳар ду ҷониб даъват кард, ки тирпарониро фавран қатъ кунанд.Вай таъкид кард, ки низоъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон бояд танҳо дар сари мизи музокирот ва бо роҳи осоишта ҳал шавад. Дабири кулл зикр кард, ки СПАД омодааст, ба Тоҷикистону Қирғизистон дар ҳалли низоъ ба таври лозим кумак кунад.Ёдовар мешавем, дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон миёни низомиёни нерӯҳои марзбонӣ задухӯрд ба амал омад.Ин танишро ҳодисае ба вуҷуд овард, ки 27 январ дар наздикии Исфара рух дод. Тибқи иттилои пешакӣ, шаҳрвандони Қирғизистон ҳангоми гузаштан аз рустои Сомониён ба ҷамоати Чоркӯҳ, ба сӯйи мошинҳои шаҳрвандони Тоҷикистон санг партоб кардаанд.Роҳи Исфара — Ӯш фавран баста шуд.Намояндагони мақомоти маҳаллӣ ва мақомоти интизомии Тоҷикистону Қирғизистон барои ҳалли қазия ба ҷои ҳодиса рафтаанд.Маркази матбуотии Хадамоти марзбонии Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон хабар дод, ки низомиёни тоҷик қисмати роҳи Бодканд - Исфанаро якҷониба бастаанд.Дар сарҳади Тоҷикистону Қирғизистон мунтазам муноқиша ба амал меояд. Баъзан задухӯрдҳои байни сокинони маҳаллӣ ба бархӯрдҳои бузурги низомӣ табдил меёбанд.
https://sputnik.tj/20220127/shumori-nizomiyoni-zakhmi-zadukhurdi-marzi-1045269535.html
қирғизистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/0a/15/1043011276_204:0:2933:2047_1920x0_80_0_0_802db2c6621d3b461ec99d22ad7728c0.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
дар тоҷикистон, амният ва мудофиа, қирғизистон, саад
дар тоҷикистон, амният ва мудофиа, қирғизистон, саад
Дархости СААД аз Тоҷикистону Қирғизистон: Тирпарониро фавран қатъ кунед!
21:56 27.01.2022 (Навсозишуда: 11:50 28.01.2022) Дабири кулли СПАД гуфт, низоъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон бояд танҳо бо роҳи осоишта ҳал шавад
ДУШАНБЕ, 27 янв - Sputnik. Станислав Зас, дабири кулли СПАД бо котибони шӯроҳои амнияти Тоҷикистону Қирғизистон Насрулло Маҳмудзода ва Марат Имонқулов гуфтугӯи телефонӣ анҷом дод.
Зас аз ҳар ду ҷониб даъват кард, ки тирпарониро фавран қатъ кунанд.
"Сар задани даргириҳои дубора дар марз ва захмӣ шудани одамон нигаронии ҷиддӣ ба бор овардааст. Муқовимати мусаллаҳона дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон бояд фавран қатъ карда шавад", - шарҳ дод Зас.
Вай таъкид кард, ки низоъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон бояд танҳо дар сари мизи музокирот ва бо роҳи осоишта ҳал шавад.
Дабири кулл зикр кард, ки СПАД омодааст, ба Тоҷикистону Қирғизистон дар ҳалли низоъ ба таври лозим кумак кунад.
Ёдовар мешавем, дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон миёни низомиёни нерӯҳои марзбонӣ задухӯрд ба амал омад.
Ин танишро ҳодисае ба вуҷуд овард, ки 27 январ дар наздикии Исфара рух дод. Тибқи иттилои пешакӣ, шаҳрвандони Қирғизистон ҳангоми гузаштан аз рустои Сомониён ба ҷамоати Чоркӯҳ, ба сӯйи мошинҳои шаҳрвандони Тоҷикистон санг партоб кардаанд.
Роҳи Исфара — Ӯш фавран баста шуд.
Намояндагони мақомоти маҳаллӣ ва мақомоти интизомии Тоҷикистону Қирғизистон барои ҳалли қазия ба ҷои ҳодиса рафтаанд.
Маркази матбуотии Хадамоти марзбонии Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон хабар дод, ки низомиёни тоҷик қисмати роҳи Бодканд - Исфанаро якҷониба бастаанд.
Дар сарҳади Тоҷикистону Қирғизистон мунтазам муноқиша ба амал меояд. Баъзан задухӯрдҳои байни сокинони маҳаллӣ ба бархӯрдҳои бузурги низомӣ табдил меёбанд.