https://sputnik.tj/20220128/purgui-posukh-ima-nato-darkhosthoi-amniyati-rusiya-1045293132.html
"Пургӯӣ" – посухи ИМА ва НАТО ба дархостҳои марбути амнияти Русия
"Пургӯӣ" – посухи ИМА ва НАТО ба дархостҳои марбути амнияти Русия
Sputnik Тоҷикистон
Ғарб ба таклифҳои Маскав дар бораи тадбирҳои амнияти ҷаҳонӣ ба таври ғайрисозанда ва қабеҳ посух дод
2022-01-28T15:00+0500
2022-01-28T15:00+0500
2022-01-28T15:00+0500
амният ва мудофиа
нато
аврупо
дар русия
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/01/15/1045054585_0:0:3072:1728_1920x0_80_0_0_294bd033e75223d00aad4e83dcd8d171.jpg
Вокуниши минбаъдаи низомию сиёсӣ ва низомию техникии Русия барои ИМА ва НАТО комилан пешгӯинашаванда боқӣ мемонад. Ва қурбонии бадбахт аз озмоишҳои Амрико - Украина танҳо майдони асосии ҷанги Шарқу Ғарб нахоҳад шуд.Пас аз ироаи лоиҳаи созишномаҳои Русия дар бораи кафолати амниятӣ дар 15 декабри соли 2021 ба Иёлоти Муттаҳида ва НАТО Вашингтон ва Брюссел беш аз 40 рӯзро барои посух ва мувофиқа кардани мавқеъҳо дар байни иттифоқчиён сарф карданд.Дар натиҷа онҳо 26 январ танҳо тезисҳои стандартӣ ва қулай, таҳдидҳои хомӯшона алайҳи Русия, Абхазистон, Осетияи Ҷанубӣ, Беларус ва Приднестровро такрор карданд. Ҳамзамон “шарикҳо” аз Вазорати корҳои хориҷии Русия хостаанд, ки посухҳои онҳоро нашр накунанд, ки ин аз ноустувории мавқеъҳо ва риторикаи умумии ғайриқонунӣ ба шеваи “Ялтаи нав нахоҳад буд” ё “Русҳо, таслим шав!” дарак медиҳад.Мундариҷаи аснод, тавре ки имрӯз вазири умури хориҷии Русия Сергей Лавров пешниҳод кард, ба зудӣ ба ҷомеаи васеъ маълум хоҳад шуд.Хоҳиши Иёлоти Муттаҳида ва НАТО барои коҳиш додани мушкилоти амнияти ҷаҳонӣ то "шиддат"-и Русия дар атрофи Украина умедбахш ба назар мерасад. Дар ин замина иттифоқчиёни Вашингтон буҳрони экзистенсиалии номутобиқатеро аз сар мегузаронанд, яъне онҳо дар бораи манфиатҳои миллии худ ғамхорӣ мекунанд.Маълум мешавад, ки бархе аз кишварҳои аврупоӣ манофеи энержӣ ва молӣ доранд, ки ба гуфтаи Ҷошуа С.Ҳумински, мудири Маркази истихборот ва равобити ҷаҳонии ба номи Майк Роҷерс, "онҳоро дар баробари нуфузи Маскав осебпазиртар" ва муқовимат бо Русияро душвортар мекунад.Нияти Ғарб дар бораи бо Маскав гуфтушунид кардан, дар бораи баъзе маҳдудиятҳо дар ҷиҳати истифода аз аслиҳаи стратегӣ ва шаффофияти манёврҳои ҳарбӣ дар Аврупо хурсандибахш аст, вале барои системаи амнияти ҷаҳонӣ, ин иқдомот, бешубҳа кофӣ нестанд. Изҳороти Йенс Столтенберг, дабири кулли НАТО рӯзи 26-уми январ гуфта, "Русия бояд нерӯҳои худро аз Украина, Гурҷистон ва Молдова, ки бидуни ризоияти ин кишварҳо мустақар шудаанд, берун орад", аз воқеияти геополитикӣ ва макони ҷуғрофии ин паймон комилан дур аст.Бар асоси қонунҳои байналмилалӣ, Абхазистон ва Осетияи Ҷанубӣ бахше аз Гурҷистон нестанд ва нимҷазираи Қрим аз соли 2014 бахше аз Русия аст. Нерӯҳои посдори сулҳи Русия дар Приднестров бар асоси як созишномаи бисёрҷониба ҳузур доранд, ки НАТО ҳеҷ коре ба он надорад.Ҳамзамон, 26 январ Русия барои вокуниши низомиву сиёсӣ ва низомию техникӣ ба таҳдидҳои ИМА ва НАТО дар манотиқи мухталифи ҷаҳон дараҷаи бештари озодиро дарёфт кард. Бовар дорам, ки дар моҳҳои наздик ин ҳикоя идомаи ҷолибе хоҳад дошт.Агар фардо ҷанг бошадҒарб аз ба эътибор гирифтани мавқеи Русия қатъиян худдорӣ мекунад. Вашингтони оштинопазир боз ҳам тавсеаи Паймони Атлантикаи Шимолиро дар фазои пасошӯравӣ пешбинӣ мекунад. Бо вуҷуди муқовимати бархе аз Олмон ва Фаронса, Брюссел ҳузури нирӯҳои хориҷии НАТО дар Аврупои Шарқӣ (Руминия, Лаҳистон, кишварҳои соҳили Балтика) афзоиш меёбад.Столтенберг дирӯз гуфт: “Мо барои бадтарин ҳолат омодагӣ мебинем. Мо тайёрии қувваҳои худро боло мебарем, ҳозир ҳузури худро ҷумла дар манотиқи Балтика ва бахри Сиёҳ тавсеа медиҳем. Ба он ҷо бештар киштӣ ва ҳавопаймоҳои ҳарбӣ фиристода мешаванд".Ҳукумати ШМА кӯшиш мекунад, ки Конвенсияи Монтрёро аз нав нависад ва ё бекор кунад. Конгрессменҳои ИМА даъват мекунанд, ки интиқоли танкҳои M1A2 “Abrams” ба Лаҳистон "барои ҳимоят аз Русия"-ро суръат бахшанд. Вашингтон ва Лондон Киевро бо системаҳои зиддитанкии “Javelin” ва SMAW-D таъмин мекунанд. Ҷумҳурии Чех Украинаро хумпораҳо медиҳад. Ҳамин тариқ шабаҳи ҷанг дар Аврупо ва Амрикои Шимолӣ қабои хунин ба бар мекунад.Майдони ҳалли дипломатии проблемаҳои амнияти ҷаҳонӣ мунтазам танг мешавад. Раҳбарони ИМА ва НАТО дар бораи шиддат, миқёс ва ҷуғрофиёи даргириҳои дарпешистода ҳарф зада, наметавонанд воқеияти авҷ гирифтани шиддатро на "дар атрофи Украина", балки бо "марказҳои тасмимгирӣ" дар Вашингтон ва Брюссел арзёбӣ кунанд.Ба гуфтаи Марҷори Грин, узви конгресси ҷумҳурихоҳ, амрикоиҳо эҳтимол дар ҷанги ҳастаӣ бо Федератсияи Русия ба хотири он ки Украина далелҳои созиш дар бораи Ҳантер Байден (писари раисиҷумҳури ИМА) дорад, бимиранд.Ба ҳар ҳол аз тарафи ИМА ва НАТО принсипҳои амнияти ҷаҳонӣ хароб карда мешаванд ва ин вазъ барои ҷанги ҷаҳонӣ замина ба вуҷуд меоварад. Русия ҳамчун як қудрати ҳастаии тавоно қодир аст, расидан ба ҳадафҳои геополитикии худро таъмин намуда, мушкилоти минтақаӣ (Украина)-ро муваққатан канор кашад. Олмон аллакай ғайриимкон будани нодида гирифтани манфиатҳои Русияро, ки хеле қавӣ аст, эълон кардааст.Системаи ҳамоҳангӣРусия аслан манфиатдор нест, ки бо ҳамсояҳои худ дар сайёра дар ҳолати рӯёрӯӣ қарор бигирад ё тавсеаи СПАД-ро то сарҳади Иёлоти Муттаҳида тавсеа бидиҳад. Бо вуҷуди ин демонизатсияи амрикоиҳо дар Федератсияи Русия як усули муттаҳид кардани кишварҳои НАТО, таъмини афзоиши фурӯши силоҳи Амрико ба иттифоқчиён ва ситонидани ҳаққи узвият аз Аврупо шудааст.Аз ин рӯ " Breaking Defense" ба хонандагонаш чунин мегӯяд: Набояд фаромӯш кард, ки "паланг" пас аз 20 соли набард дар Афғонистон зарбаи лагади толибон гирифтааст. Нерӯҳои НАТО низ ҳамон тавр аз Ироқ берун карда мешаванд.Қаблан иттиҳоди "дифоӣ" бе иҷозати СММ Югославия, Либия ва Сурияро бомбаборон мекард. Таҷовузи Гурҷистон дар соли 2008 ва табаддулоти мусаллаҳона дар Киев дар соли 2014 низ аз сӯи Вошингтон созмон дода шудааст. Дар ду эпизоди охир Русия танҳо ба таҳдидҳо ба амнияти миллӣ вокуниш нишон дод ва ба таври дигар амал карда наметавонист.Бархе аз соҳибназарон бар ин боваранд, ки имрӯз Русия бо саркашӣ дар шакли машқ нерӯҳояшро истиқрор мекунад. Пештар рӯзномаҳои "Вашингтон пост" навишта буд: "Маскав талабҳои номумкинро ба миён мегузорад, ки... баҳонае барои амалиёти ҳарбии эхтимолӣ дар сурати рад шудани ин талабҳо ба вуҷуд оварад".Вайрон кардани хатти сурхи Маскав дар Аврупои Шарқӣ дар соли 2022 аз ҷониби НАТО ногузир ба низои низомӣ оварда мерасонад, ки дар ҳама ҳолатҳо ба нафъи Иёлоти Муттаҳида ва НАТО хотима намеёбад.Бесабаб нест, ки 55 нафар демократ аз палатаи Намояндагон ва Сенат 26 январ аз раисиҷумҳури ИМА Ҷозеф Байден даъват карданд, ки стратегияи "истифодаи аввалия"-ро барои силоҳи ҳастаӣ эълон, аз музокирот бо Русия ва Чин пуштибонӣ ва таҳияи тарҳи навро қатъ кунад.Дар пасманзари омодагӣ ба партоби мушакии нерӯҳои дарёии Русия дар 250-километрии соҳили Бритониё Бен Уоллес, вазири дифои Бритониё бо эҳтиёт аз музокирот бо ҳамтои русаш Сергей Шойгу дар Маскав хабар дод.Ван Йи, вазири умури хориҷии Чин январ дар як суҳбати телефонӣ бо котиби давлатии ИМА Энтони Блинкен ёдовар шуд, ки барои ба эътидол овардани вазъ Киев танҳо бояд ба риояи созишномаҳои Минск баргардад.Иёлоти Муттаҳида ва муттаҳидони аврупоии он наметавонанд мушкилоти амнияти ҷаҳониро бо эпизоди украинӣ иваз кунанд ва атрофи пешниҳодҳои мушаххаси Русия "пургӯӣ" кунанд. Аз сӯи дигар Украина тӯли даҳсолаҳо як антирекламаи демократияи Амрико ва арзишҳои ғарбӣ, як "Африқо дар маркази Аврупо"-и хашину рокид боқӣ хоҳад монд.
https://sputnik.tj/20220127/hamkori-chin-barkhurd-nato-avrupo-mavzu-matrah--suhbati-medvedev-1045268664.html
https://sputnik.tj/20220125/nafrat-nafrat-anjom-bahs-rusiya-nato-chi-guna-khohad-bud--1045134478.html
https://sputnik.tj/20220126/denkeruk-ukrain-nato-parokanda-tazif-shudaast-1045160096.html
https://sputnik.tj/20220125/kaliningrad-khanjare-miyon-shonaho-nato-1045126530.html
аврупо
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Александр Хроленко
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102355/97/1023559789_227:0:893:666_100x100_80_0_0_f7d72bc13e9e7ca3f77570f3a97739ff.jpg
Александр Хроленко
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102355/97/1023559789_227:0:893:666_100x100_80_0_0_f7d72bc13e9e7ca3f77570f3a97739ff.jpg
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/01/15/1045054585_341:0:3072:2048_1920x0_80_0_0_f82daecf003f04f054f1d1693972718f.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Александр Хроленко
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102355/97/1023559789_227:0:893:666_100x100_80_0_0_f7d72bc13e9e7ca3f77570f3a97739ff.jpg
ғарб русия амният посух дархост пургӯӣ сиёсат рақобат низомӣ
ғарб русия амният посух дархост пургӯӣ сиёсат рақобат низомӣ
"Пургӯӣ" – посухи ИМА ва НАТО ба дархостҳои марбути амнияти Русия
Александр Хроленко
шореҳи низомӣ
Ғарб ба таклифҳои Маскав дар бораи тадбирҳои амнияти ҷаҳонӣ ба таври ғайрисозанда ва қабеҳ посух дод
Вокуниши минбаъдаи низомию сиёсӣ ва низомию техникии Русия барои ИМА ва НАТО комилан пешгӯинашаванда боқӣ мемонад. Ва қурбонии бадбахт аз озмоишҳои Амрико - Украина танҳо майдони асосии ҷанги Шарқу Ғарб нахоҳад шуд.
Пас аз ироаи лоиҳаи созишномаҳои Русия дар бораи кафолати амниятӣ дар 15 декабри соли 2021 ба Иёлоти Муттаҳида ва НАТО Вашингтон ва Брюссел беш аз 40 рӯзро барои посух ва мувофиқа кардани мавқеъҳо дар байни иттифоқчиён сарф карданд.
Дар натиҷа онҳо 26 январ танҳо тезисҳои стандартӣ ва қулай, таҳдидҳои хомӯшона алайҳи Русия, Абхазистон, Осетияи Ҷанубӣ, Беларус ва Приднестровро такрор карданд. Ҳамзамон “шарикҳо” аз Вазорати корҳои хориҷии Русия хостаанд, ки посухҳои онҳоро нашр накунанд, ки ин аз ноустувории мавқеъҳо ва риторикаи умумии ғайриқонунӣ ба шеваи “Ялтаи нав нахоҳад буд” ё “Русҳо, таслим шав!” дарак медиҳад.
Мундариҷаи аснод, тавре ки имрӯз вазири умури хориҷии Русия Сергей Лавров пешниҳод кард, ба зудӣ ба ҷомеаи васеъ маълум хоҳад шуд.
Хоҳиши Иёлоти Муттаҳида ва НАТО барои коҳиш додани мушкилоти амнияти ҷаҳонӣ то "шиддат"-и Русия дар атрофи Украина умедбахш ба назар мерасад. Дар ин замина иттифоқчиёни Вашингтон буҳрони экзистенсиалии номутобиқатеро аз сар мегузаронанд, яъне онҳо дар бораи манфиатҳои миллии худ ғамхорӣ мекунанд.
Маълум мешавад, ки бархе аз кишварҳои аврупоӣ манофеи энержӣ ва молӣ доранд, ки ба гуфтаи Ҷошуа С.Ҳумински, мудири Маркази истихборот ва равобити ҷаҳонии ба номи Майк Роҷерс, "онҳоро дар баробари нуфузи Маскав осебпазиртар" ва муқовимат бо Русияро душвортар мекунад.
Нияти Ғарб дар бораи бо Маскав гуфтушунид кардан, дар бораи баъзе маҳдудиятҳо дар ҷиҳати истифода аз аслиҳаи стратегӣ ва шаффофияти манёврҳои ҳарбӣ дар Аврупо хурсандибахш аст, вале барои системаи амнияти ҷаҳонӣ, ин иқдомот, бешубҳа кофӣ нестанд. Изҳороти Йенс Столтенберг, дабири кулли НАТО рӯзи 26-уми январ гуфта, "Русия бояд нерӯҳои худро аз Украина, Гурҷистон ва Молдова, ки бидуни ризоияти ин кишварҳо мустақар шудаанд, берун орад", аз воқеияти геополитикӣ ва макони ҷуғрофии ин паймон комилан дур аст.
Бар асоси қонунҳои байналмилалӣ, Абхазистон ва Осетияи Ҷанубӣ бахше аз Гурҷистон нестанд ва нимҷазираи Қрим аз соли 2014 бахше аз Русия аст. Нерӯҳои посдори сулҳи Русия дар Приднестров бар асоси як созишномаи бисёрҷониба ҳузур доранд, ки НАТО ҳеҷ коре ба он надорад.
Ҳамзамон, 26 январ Русия барои вокуниши низомиву сиёсӣ ва низомию техникӣ ба таҳдидҳои ИМА ва НАТО дар манотиқи мухталифи ҷаҳон дараҷаи бештари озодиро дарёфт кард. Бовар дорам, ки дар моҳҳои наздик ин ҳикоя идомаи ҷолибе хоҳад дошт.
Ғарб аз ба эътибор гирифтани мавқеи Русия қатъиян худдорӣ мекунад. Вашингтони оштинопазир боз ҳам тавсеаи Паймони Атлантикаи Шимолиро дар фазои пасошӯравӣ пешбинӣ мекунад. Бо вуҷуди муқовимати бархе аз Олмон ва Фаронса, Брюссел ҳузури нирӯҳои хориҷии НАТО дар Аврупои Шарқӣ (Руминия, Лаҳистон, кишварҳои соҳили Балтика) афзоиш меёбад.
Столтенберг дирӯз гуфт: “Мо барои бадтарин ҳолат омодагӣ мебинем. Мо тайёрии қувваҳои худро боло мебарем, ҳозир ҳузури худро ҷумла дар манотиқи Балтика ва бахри Сиёҳ тавсеа медиҳем. Ба он ҷо бештар киштӣ ва ҳавопаймоҳои ҳарбӣ фиристода мешаванд".
Ҳукумати ШМА кӯшиш мекунад, ки Конвенсияи Монтрёро аз нав нависад ва ё бекор кунад. Конгрессменҳои ИМА даъват мекунанд, ки интиқоли танкҳои M1A2 “Abrams” ба Лаҳистон "барои ҳимоят аз Русия"-ро суръат бахшанд. Вашингтон ва Лондон Киевро бо системаҳои зиддитанкии “Javelin” ва SMAW-D таъмин мекунанд. Ҷумҳурии Чех Украинаро хумпораҳо медиҳад. Ҳамин тариқ шабаҳи ҷанг дар Аврупо ва Амрикои Шимолӣ қабои хунин ба бар мекунад.
Майдони ҳалли дипломатии проблемаҳои амнияти ҷаҳонӣ мунтазам танг мешавад. Раҳбарони ИМА ва НАТО дар бораи шиддат, миқёс ва ҷуғрофиёи даргириҳои дарпешистода ҳарф зада, наметавонанд воқеияти авҷ гирифтани шиддатро на "дар атрофи Украина", балки бо "марказҳои тасмимгирӣ" дар Вашингтон ва Брюссел арзёбӣ кунанд.
Ба гуфтаи Марҷори Грин, узви конгресси ҷумҳурихоҳ, амрикоиҳо эҳтимол дар ҷанги ҳастаӣ бо Федератсияи Русия ба хотири он ки Украина далелҳои созиш дар бораи Ҳантер Байден (писари раисиҷумҳури ИМА) дорад, бимиранд.
Ба ҳар ҳол аз тарафи ИМА ва НАТО принсипҳои амнияти ҷаҳонӣ хароб карда мешаванд ва ин вазъ барои ҷанги ҷаҳонӣ замина ба вуҷуд меоварад. Русия ҳамчун як қудрати ҳастаии тавоно қодир аст, расидан ба ҳадафҳои геополитикии худро таъмин намуда, мушкилоти минтақаӣ (Украина)-ро муваққатан канор кашад. Олмон аллакай ғайриимкон будани нодида гирифтани манфиатҳои Русияро, ки хеле қавӣ аст, эълон кардааст.
Русия аслан манфиатдор нест, ки бо ҳамсояҳои худ дар сайёра дар ҳолати рӯёрӯӣ қарор бигирад ё тавсеаи СПАД-ро то сарҳади Иёлоти Муттаҳида тавсеа бидиҳад. Бо вуҷуди ин демонизатсияи амрикоиҳо дар Федератсияи Русия як усули муттаҳид кардани кишварҳои НАТО, таъмини афзоиши фурӯши силоҳи Амрико ба иттифоқчиён ва ситонидани ҳаққи узвият аз Аврупо шудааст.
Аз ин рӯ " Breaking Defense" ба хонандагонаш чунин мегӯяд:
"Мавзеи Русия алайҳи Аврупо он аст, ки иттифоқро аз лиҳози сиёсӣ аз ҳам ҷудо, бо кишварҳо дар алоҳидагӣ бархӯрд кунад ва ба ҳамдигар муқобил гузорад. Дар ҷое, ки намоишҳои ваҳдат лозим аст, Берлин ва Париж гуфтаҳои Маскавро об медиҳанд, ки НАТО як паланги коғазист ва ягонагӣ надорад".
Набояд фаромӯш кард, ки "паланг" пас аз 20 соли набард дар Афғонистон зарбаи лагади толибон гирифтааст. Нерӯҳои НАТО низ ҳамон тавр аз Ироқ берун карда мешаванд.
Қаблан иттиҳоди "дифоӣ" бе иҷозати СММ Югославия, Либия ва Сурияро бомбаборон мекард. Таҷовузи Гурҷистон дар соли 2008 ва табаддулоти мусаллаҳона дар Киев дар соли 2014 низ аз сӯи Вошингтон созмон дода шудааст. Дар ду эпизоди охир Русия танҳо ба таҳдидҳо ба амнияти миллӣ вокуниш нишон дод ва ба таври дигар амал карда наметавонист.
Бархе аз соҳибназарон бар ин боваранд, ки имрӯз Русия бо саркашӣ дар шакли машқ нерӯҳояшро истиқрор мекунад. Пештар рӯзномаҳои "Вашингтон пост" навишта буд: "Маскав талабҳои номумкинро ба миён мегузорад, ки... баҳонае барои амалиёти ҳарбии эхтимолӣ дар сурати рад шудани ин талабҳо ба вуҷуд оварад".
Вайрон кардани хатти сурхи Маскав дар Аврупои Шарқӣ дар соли 2022 аз ҷониби НАТО ногузир ба низои низомӣ оварда мерасонад, ки дар ҳама ҳолатҳо ба нафъи Иёлоти Муттаҳида ва НАТО хотима намеёбад.
Бесабаб нест, ки 55 нафар демократ аз палатаи Намояндагон ва Сенат 26 январ аз раисиҷумҳури ИМА Ҷозеф Байден даъват карданд, ки стратегияи "истифодаи аввалия"-ро барои силоҳи ҳастаӣ эълон, аз музокирот бо Русия ва Чин пуштибонӣ ва таҳияи тарҳи навро қатъ кунад.
Дар пасманзари омодагӣ ба партоби мушакии нерӯҳои дарёии Русия дар 250-километрии соҳили Бритониё Бен Уоллес, вазири дифои Бритониё бо эҳтиёт аз музокирот бо ҳамтои русаш Сергей Шойгу дар Маскав хабар дод.
Ван Йи, вазири умури хориҷии Чин январ дар як суҳбати телефонӣ бо котиби давлатии ИМА Энтони Блинкен ёдовар шуд, ки барои ба эътидол овардани вазъ Киев танҳо бояд ба риояи созишномаҳои Минск баргардад.
Иёлоти Муттаҳида ва муттаҳидони аврупоии он наметавонанд мушкилоти амнияти ҷаҳониро бо эпизоди украинӣ иваз кунанд ва атрофи пешниҳодҳои мушаххаси Русия "пургӯӣ" кунанд. Аз сӯи дигар Украина тӯли даҳсолаҳо як антирекламаи демократияи Амрико ва арзишҳои ғарбӣ, як "Африқо дар маркази Аврупо"-и хашину рокид боқӣ хоҳад монд.