Аз ҳамкорӣ бо Чин то бархурд бо НАТО ва Аврупо: мавзӯъҳои матраҳ дар суҳбати Медведев

© Sputnik / Екатерина Штукина / Гузариш ба медиабонкЗампред Совбеза РФ Д. Медведев принял участие в заседании попечительского совета СПбГУ
Зампред Совбеза РФ Д. Медведев принял участие в заседании попечительского совета СПбГУ - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 27.01.2022
Обуна шудан
Муовини раиси Шӯрои амнияти Русия ба суолҳои расонаҳои бузурги Русия дар бораи чандин масъалаҳои мубрами имрӯз посух дод
ДУШАНБЕ, 27 янв — Sputnik. Дмитрий Медведев, муовини раиси Шӯрои амнияти Русия дар мусоҳибо бо расонаҳо ҳамкории Русия бо Амрико намунаи мусбате донист.
Вай гуфт боздошти хакерщои REvil – ин як намунаи ҳамкории мусбати Русия бо Амрико дар бахши мубориза бо ҷиноятҳои сайберӣ аст.
Вай илова кард, ки ҳамчунин ҳамкориҳо бо дастгоҳҳои Шӯрои амнгияти ду кишвар ба роҳ монда шудааст.
"Дар ин ҳолат, мо бо мавқеъи амрикоиҳо розӣ ҳастем, воқеан бо ҷинояти сайберӣ бояд ба таври дастаҷамъона мубориза бурд, зеро он хусусияти фаромиллӣ дорад. Фарқ надорад, ки шаҳрвандони кадом кишварҳо дар он иштирок доранд. Аз ин рӯ, ин як мисоли мусбӣ”, гуфт Медведев.
Флаги Евросоюза, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 26.11.2021
Қасосгирии Аврупо аз Амрико барои "зарба аз пушт"
"Чанд мисоли дигар вуҷуд дорад, ки чунин ҳамкорӣ, аз ҷумла тавассути кормандони Шӯроҳои амниятӣ ба роҳ монда шудааст. Ва ман умедворам, ки он тавсеа хоҳад ёфт. Муҳим он аст, ки шарикони мо воқеан арзиши ин ҳамкориро дарк мекунанд. Онҳо дарк мекунанд, ки дар ин ҳолат ба ҳамдигар зарари зиёд расонидан мумкин аст”, - гуфт ӯ.

Равобит бо Чин

Ҳамзамон Дмитрий Медведев дар бораи ҳамкориҳои Русия ва Чин ёдрас шуд.
Ба гуфтаи оқои Медведев Русия ва Чин талош надоранд иттиҳоди низомӣ ташкил кунанд.
Русия ва Чин дар пайи эҷоди як иттиҳоди низомӣ нестанд, аммо сатҳи равобити ду кишвар дар баландтарин нуқтаи таърихи қарор дорад, ки ин ба тавозуни байналмилалии нерӯҳо таъсир мерасонад.
Cовместное патрулирование боевых кораблей России и Китая в Тихом океане - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 23.10.2021
Нахустин манёврҳои киштиҳои ҷангии Русия ва Чин дар уқёнуси Ором: видео
"Равобити Русия ва Чин дар тӯли таърихи ҳамкории ду кишвар дар сатҳи баландтарин қарор доранд. Мо воқеан муносибатҳои стратегӣву, хеле хуб ва муносибатҳои бунёдӣ дорем. Равобите, ки барои ҳар ду ҷониб судманданд аст. Аммо ҳар тараф дар ҷустуҷӯи иттифоқҳои низомӣ нестанд”, - илова кард муовири раиси Шӯрои амнияти Русия.

Аврупо ва “Маҷрои шимолӣ-2”

Дмитрий Медведев, дар мусоҳиба бо рӯзноманигорони рус гуфт, ки Русия ба муносибатҳои хуб ва аз лиҳози қтисодӣ судманд бо Аврупо манфиатдор аст ва бо кишварҳои Иттиҳоди Аврупо зиддиятҳои ҳалнашаванда надорад.
"Ман фикр мекунам, ки мо бешубҳа ба муносибатҳои хуб бо Аврупо манфиатдорем. Ман он вақтҳоро хуб дар ёд дорам, ки гардиши тиҷоратии мо бо Аврупо ба 500 миллиард евроро ташкил медод. Ҳало ҳамаро аз даст доданд”, — гуфт Медведев.
Анналена Бербок - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 15.07.2021
Душмани "Маҷрои Шимолӣ - 2" дар Олмон босуръат мағлуб мешавад
Ӯ кайд кард, ки Русия тайёр аст бо ҳама кишварҳо ҳамкорӣ кунад.
Дар ҳамин ҳол Дмитрий Медведев сад дарсад боварӣ дорад, ки, лӯлаи гази “Маҷрои шимолӣ-2” ба кор дароварда мешавад.
“Бо назардошти қимати феълии газ, ба ин лӯлаи газ ниёзи иқтисодӣ вуҷуд дорад, ки бояд амалӣ шавад”, гуфт ӯ.

Русия ва SWIFT

Ҳамзамон Медведев боварӣ дорад, ки қатъи дастрасии Русия ба низоми SWIFT ба ҳеҷ кишваре судманд нахоҳад буд.
Муовини раиси Шӯрои Амнияти Русия гуфт, ки дастрасии Русияро ба низоми байнибонкии SWIFT қатъ нахоҳанд кард. Вай ба ин иқдом боварӣ надорад - ин барои ҳеҷ кишваре судманд нест ва эътимод ба худи ин низомро коста хоҳад кард.
Логотип Swift  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 31.05.2021
ВУХ Русия аз таҳдиди таҳримоти зидди системаи SWIFT гуфт
Ин дар ҳолест, ки Дмитрий Медведев дар мусоҳиба бо рӯзноманигорон дар боари пешниҳоди амниятии Русия ба Амрико ва посухи Русия дар ин бора изҳори назар кард.
Вай гуфт, хуруҷ аз созишномаҳои гуногун ҳамеша як тасмими хуб нест, аммо агар Иёлоти Муттаҳида ба Русия кафолати амнияти стратегӣ надиҳад, он гоҳ гуфтушунид дар бораи дароз кардани созишномаҳо стратегӣ, масалан, дар бораи маҳдуд кардани аслиҳаи стратегӣ, хеле душвор хоҳад буд.

Украина ва НАТО

Муовини раиси Шӯрои амнияти Русия гуфт, ки Украина ҳоло то андозае бозичаи дасти НАТО ва пеш аз ҳама Иёлоти Муттаҳида шудааст, ҳамчун як абзори фишори геополитикӣ ба Русия ва ҳамчунин Чин истифода мешавад.
Международные военные учения НАТО, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 26.01.2022
Дюнкерки украинӣ: НАТО пароканда ва тазъиф шудааст
Вай гуфт, Украина метавонад ба НАТО шомил нашавад, аммо аслиҳа дар қаламрави он дар паси созишномаҳои дуҷониба бо яке аз кишварҳои ин паймон пинҳонӣ ҷойгир карда мешавад.
Ҳамзамон Дмитрий Медведев илова кард, ки пештар НАТО ба Русия ваъда дода буд, ки ба сӯи марзҳои Русия намеояд.
“Ваъдаҳои НАТО дар бораи пешрафт накардан ба марзҳои Русия иҷро нашуданд, НАТО аллакай назди хатҳои сурх хеле наздикааст”, - гуфт ӯ.
Дмитрий Медведев бовари дорад, ки ҷанг миёни НАТО ва Русия дар Украина сурат мегирад.
"Ин як нақшаи бисёр нохуб ва фалокатбор хоҳад буд. Ва ман умедворам, ки ин ҳеҷ гоҳ рӯй нахоҳад дод”, - қайд кард дмитрий Медведев.
Лентаи хабарҳо
0