https://sputnik.tj/20220128/korkhonai-aprelevka-mudiri-nav-tayin-shud-u-kist-1045284254.html
Муаррифии мудири нави корхонаи “Апрелевка”: Ӯ кист?
Муаррифии мудири нави корхонаи “Апрелевка”: Ӯ кист?
Sputnik Тоҷикистон
Ахиран дар бинои корхонаи муштракаи тавлиди тиллои Тоҷикистону Канада “Апрелевка” дар шаҳри Гулистони вилояти Суғд муарифии мудири нави ин кохона баргузор шуд
2022-01-28T10:56+0500
2022-01-28T10:56+0500
2022-02-18T20:23+0500
дар тоҷикистон
суғд
муаррифӣ
кони апрелевка
мудири нав
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/01/1c/1045284113_0:28:1281:748_1920x0_80_0_0_2af26bf200e49e60317c09007c2ea7a0.jpg
ДУШАНБЕ, 28 янв — Sputnik. Раҷаббой Аҳмадзода, раиси вилояти Суғд дар толори корхонаи муштараки Тоҷикистону Канада “Апрелевка” дар шаҳри Гулистон мудири нави ин коргоҳро ба кормандон муаррифӣ кард.Раиси вилояти Суғд зимни суҳбат бо коргарони он иттилоъ дод, ки дар мувофиқа бо Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури кишвар Маҷидӣ Бахтиёр Саидаҳмадзода мудири кулли корхонаи муштараки Тоҷикистону Канада “Апрелевка” таъйин шуд.Вай зимни муаррифии мудири нав қайд кардааст, ки Маҷидӣ Бахтиёр Саидаҳмадзода аз кадрҳои лаёқатманд ба ҳисоб рафта, ба ҳайси раиси шаҳри Гулистон дар пешрафти шаҳр саҳми худро гузоштааст.Аҳмадзода изҳори бовар кардааст, ки номбурда дар калонтарин корхонаи саноатии вилоят низ пурсамар фаъолият намуда, бо истифода аз таҷрибаи роҳбарӣ дар пешбурди кор саҳмгузорӣ хоҳад кард.Ёдовар мешавем, ки ахиран Маҷидӣ Бахтиёр Саидаҳмадзода аз вазифаи раиси шаҳри Гулистони вилояти Суғд барканор шуд.Ӯ ки як соли пеш ба ин мақом таъйин гардида буд, бо фармони Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон 26 январ барканор ва ҳамзамон вазифаи нав гирифт. Номбурда қудои Раҷаббой Аҳмадзода, раиси вилояти Суғд буда, дубора ба мақоми қаблии худ дар коргоҳи тавлидотии “Апреловка”-и шаҳри Гулистон баргаштааст.Маҷидӣ Бахтиёр Саидаҳмадзода, 18 июни соли 1968 дар ноҳияи Панҷ дар оилаи зиёӣ таваллуд шудааст.Ӯ соли 1996 Донишгоҳи политехникии Тоҷикистонро бо ихтисоси муҳандиси мошинҳо ва дастгоҳҳои саноати бофандагӣ ва ҳамчунин соли 2011 Донишгоҳи кӯҳӣ -металлургии Тоҷикистонро бо ихтисоси муҳандиси саноати кӯҳӣ хатм кардааст.Мавсуф таҳсилкардаи Академияи хидмати давлатии назди президенти Федератсияи Русия мебошад. Ӯ фаъолияти меҳнатиашро аз соли 1985 оғоз намуда, то соли 1995 ба ҳайси сардори шуъба дар ҶСК "Темурмалик" кор кардааст.Ӯ соли 1996 директори ҶДММ “Бахтиёр” буд ва то соли 1999 дар корхонаи муштараки “Апреловка” аз нозир то сармеханик фаъолият намудааст. Соли 2020 як дафъа директори генералии ин корхона таъйин шуда буд. Оқои Маҷидӣ аз 18 ноябри соли 2020 раиси шаҳри Гулистон шуд.Корхонаи муштараки "Апрелевка", воқеъ дар мавзеи Консой, тақрибан 30-километрии шимоли Хуҷанд, дар соли 1995 ифтитоҳ ёфтааст. Саҳмияи ҷониби Тоҷикистон дар ин корхона 51 ва ҷониби Канада 49 дарсад мебошад.
https://sputnik.tj/20220110/tayinoti-kadri-sughd-kamolzoda-sardor-rayosat-1044670362.html
https://sputnik.tj/20211215/ahmadzoda-zanonu-dukhtaron-sughd-grant-1044163020.html
суғд
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/01/1c/1045284113_0:0:1137:853_1920x0_80_0_0_d3e79148682deb8f1d43649a3dd9e25b.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоыикистон, апрелевка, мудири нав, муаррифӣ, суғд
тоыикистон, апрелевка, мудири нав, муаррифӣ, суғд
Муаррифии мудири нави корхонаи “Апрелевка”: Ӯ кист?
10:56 28.01.2022 (Навсозишуда: 20:23 18.02.2022) Ахиран дар бинои корхонаи муштараки тавлиди тилои Тоҷикистону Канада “Апрелевка” дар шаҳри Гулистони вилояти Суғд муарифии мудири нави ин корхона баргузор шуд
ДУШАНБЕ, 28 янв — Sputnik. Раҷаббой Аҳмадзода, раиси вилояти Суғд дар толори корхонаи муштараки Тоҷикистону Канада “Апрелевка” дар шаҳри Гулистон мудири нави ин коргоҳро ба кормандон муаррифӣ кард.
Раиси вилояти Суғд зимни суҳбат бо коргарони он иттилоъ дод, ки дар мувофиқа бо Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури кишвар Маҷидӣ Бахтиёр Саидаҳмадзода мудири кулли корхонаи муштараки Тоҷикистону Канада “Апрелевка” таъйин шуд.
Вай зимни муаррифии мудири нав қайд кардааст, ки Маҷидӣ Бахтиёр Саидаҳмадзода аз кадрҳои лаёқатманд ба ҳисоб рафта, ба ҳайси раиси шаҳри Гулистон дар пешрафти шаҳр саҳми худро гузоштааст.
Аҳмадзода изҳори бовар кардааст, ки номбурда дар калонтарин корхонаи саноатии вилоят низ пурсамар фаъолият намуда, бо истифода аз таҷрибаи роҳбарӣ дар пешбурди кор саҳмгузорӣ хоҳад кард.
Ёдовар мешавем, ки ахиран Маҷидӣ Бахтиёр Саидаҳмадзода аз вазифаи раиси шаҳри Гулистони вилояти Суғд барканор шуд.
Ӯ ки як соли пеш ба ин мақом таъйин гардида буд, бо фармони Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон 26 январ барканор ва ҳамзамон вазифаи нав гирифт.
Номбурда қудои Раҷаббой Аҳмадзода, раиси вилояти Суғд буда, дубора ба мақоми қаблии худ дар коргоҳи тавлидотии “Апреловка”-и шаҳри Гулистон баргаштааст.
Маҷидӣ Бахтиёр Саидаҳмадзода, 18 июни соли 1968 дар ноҳияи Панҷ дар оилаи зиёӣ таваллуд шудааст.
Ӯ соли 1996 Донишгоҳи политехникии Тоҷикистонро бо ихтисоси муҳандиси мошинҳо ва дастгоҳҳои саноати бофандагӣ ва ҳамчунин соли 2011 Донишгоҳи кӯҳӣ -металлургии Тоҷикистонро бо ихтисоси муҳандиси саноати кӯҳӣ хатм кардааст.
Мавсуф таҳсилкардаи Академияи хидмати давлатии назди президенти Федератсияи Русия мебошад. Ӯ фаъолияти меҳнатиашро аз соли 1985 оғоз намуда, то соли 1995 ба ҳайси сардори шуъба дар ҶСК "Темурмалик" кор кардааст.
Ӯ соли 1996 директори ҶДММ “Бахтиёр” буд ва то соли 1999 дар корхонаи муштараки “Апреловка” аз нозир то сармеханик фаъолият намудааст. Соли 2020 як дафъа директори генералии ин корхона таъйин шуда буд. Оқои Маҷидӣ аз 18 ноябри соли 2020 раиси шаҳри Гулистон шуд.
Корхонаи муштараки "Апрелевка", воқеъ дар мавзеи Консой, тақрибан 30-километрии шимоли Хуҷанд, дар соли 1995 ифтитоҳ ёфтааст. Саҳмияи ҷониби Тоҷикистон дар ин корхона 51 ва ҷониби Канада 49 дарсад мебошад.