Портфели - Sputnik Тоҷикистон, 1920
Тағйироти кадрӣ дар Тоҷикистон
Хабарҳои дигари таъйину барканориҳо дар Тоҷикистонро аз ин пайванд пайдо мекунед

Таъйиноти кадрӣ дар Суғд: Камолзода сардори раёсат шуд

© Sputnik / Михаил ВоскресенскийПустое кресло
Пустое кресло - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 10.01.2022
Обуна шудан
Ширин Амонзода, вазири меҳнат ва муҳоҷират бо судури фармони худ, сардори нави раёсати хадамоти ин вазорат дар вилояти Суғдро таъйин намудааст
ДУШАНБЕ, 10 янв – Sputnik. Бино ба фармони вазир, Камолзода Саид Олим, сардори Раёсати Хадамоти меҳнат ва муҳоҷират дар вилояти Суғд таъйин гардидааст.
Хабари сурат гирифтани ин таъйиноти кадриро аз Раёсати Хадамоти меҳнат ва муҳоҷирати Суғд ба Sputnik Тоҷикистон тасдиқ намуданд.
Диловар Муродов, сармуттахасиси ин идора гуфт, маросими муаррифи сардори нави раёсат 10 январ бо иштироки намояндагони вазорат ва ҳукумати вилояти Суғд баргузор шуд.
"Дар ҷаласа Алишер Ализода, муовини вазири меҳнат ва муҳоҷират, Тоҳир Каримзода, сардори хадамоти вазорат ва Анвар Яъқубӣ, муовини раиси вилояти Суғд иштирок намуда, Камолзода Саид Олимро расман сардори нави Раёсати Хадамоти меҳнат ва муҳоҷирати Вазорати меҳнат ва муҳоҷират дар вилояти Суғд муаррифӣ карданд", - гуфт Муродов.
Здание Таджикстандарт в Согдийской области - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 02.12.2021
Таъйиноти кадрӣ дар Суғд: раиси идораи "Тоҷикстандарт" иваз шуд, ӯ кист?
Камолзода дар ин мақом ҷойи Зайнура Шарифиро иваз намуд. Шарифӣ аз соли 2011 ба ин сӯ дар ин бахш, ки умдатан ба сабти муҳоҷирати сокинони Суғд ва ҳам муҳоҷирони хориҷӣ ба ин вилоят сарукор дорад, фаъолият намудааст.
Зайнура Шарифӣ ҳоло ба кор дар Раёсати сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ дар ҳукумати вилояти Суғд истихдом шудааст.
Камолзода то ин вақт сардори шуъбаи Хадамоти муҳоҷират ва меҳнат дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров буд.
Лентаи хабарҳо
0